«

Дек 25

Print this Запись

ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ

 ш.Бустон, 11 ноябри 2024 сол

 Лоиҳа бо дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария бо ҳадафи дастгирии раванди гузариши бемалоли гурӯҳҳои ҷавонони осебпазир ба ҷамъият тавассути ҷалби онҳо ба фаъолиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Лоиҳаи мазкур 12 моҳро дар бар мегирад ва аз моҳи октябри соли 2024 оғоз шудааст. Лоиҳа аз ҷониби Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии Хайрияии «Ҷовид» амалӣ карда мешавад ва «Таҳсилоти фарогир ва амиқ барои кӯдакон ва ҷавонони осебпазир» ном дорад. Лоиҳа дар чунин шаҳру ноҳияи мақсаднок кор хоҳад кард:

  • шаҳри Бустон – Муассисаи давлатии “Мактаб интернат барои кудакони ятим ва бепарастори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд”
  • ноҳияи Б.Гафуров – “Мактаб интернати махсус барои кудакони кар ва шунавоинашон сусти ба номи Тухтабой Ғаффоров”

Интизори меравад, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи мазкур ҳадди ақал натиҷаҳои зерин ба даст оварда шаванд:

  1. На кам аз 195 нафар ҷавонони парваришгоҳҳо дар машғулиятҳои ба нақша гирифташуда барои баланд бардоштани дониши худ, азхуд намудани малакаю маҳорати техникӣ ширкат меварзанд;
  2. Зиёда аз 150 нафар ҷавонони парваришгоҳҳо машваратҳои равонӣ мегиранд;
  3. Дар ярмаркаҳои ҷойҳои холи тақрибан 100 нафар (тарбиятгирандагони синфҳои боло ва тамомкунандагони ҳар ду мактаб-интернат) иштирок мекунанд. Дар ярмарка ҷавонон имкон доранд, ки маълумоти пурраро аз худи корфармо оиди ҷойҳои холии ояндадор шиносои пайдо кунанд;
  4. На кам аз 28 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои дар лагери тобистонаи 6 рӯза ба истироҳат фаро гирифта мешаванд;
  1. Мавзӯҳои курсҳои кӯтоҳмуддат интихоб карда мешаванд (ҳар кадом на кам аз 10 рӯз давом мекунад). 60 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ба курсҳои кўтоҳмуддати касбӣ дохил мешаванд ва онро хатм мекунанд;
  2. Комиссияи босалоҳият барои интихоби биснес идеяҳои беҳтарин, ки аз тарафи тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо пешниҳод мешаванд таъсис дода мешавад;
  3. Комиссияи босалоҳият 6 биснес идеяи беҳтаринро интихоб менамояд ва идеяҳои интихобшуда аз тарафи лоиҳа маблағгузорӣ карда мешаванд;
  4. Барои ҳайати омӯзгорони мактаб-интернатҳо омузишҳои «Роҳнамоии касб» ва «Истифодаи усулҳои интерактивии муосири таълим барои кӯдакони имконияташон маҳдуд» ташкил ва гузаронида мешавад;
  5. Дар 2 мактаб-интернат гармхонаҳо сохта/таҷдид карда мешавад;
  6. Бо кумаки лоиҳа майдончаҳои варзишӣ сохта/таҷдид карда мешавад;
  7. Мақолаҳо, постҳо дар саҳифаҳои ичтимои, видеороликҳо, барномаҳои телевизионӣ оид ба чорабиниҳои гузаронидашуда ва натиҷаҳои бадастомада омода/нашр/пахш карда мешаванд ва нусхаҳои онҳо ба маблағгузор фиристонида мешавад;
  8. Дар охири лоиҳа мизи мудаввар бо иштироки на камтар аз 40 нафар намояндагони ҷамоатҳои маҳаллӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муаллимони мактаб-интернатҳо, вазоратҳо, шарикони иҷрокунанда ва ташкилоти маблағгузор баргузор мегардид. Дар рафти мизи мудаввар дастовардҳо, камбудиҳо ва муваффақиятҳо баён карда мешаванд. Натиҷаҳо имконият медиҳанд, ки фаъолиятҳои лоиҳа дар дигар минтакаҳои мамлакат муҳокима ва амалӣ карда шаванд.

Барои маълумоти иловагӣ лутфан ба Рамазон Нурмамадов, роҳбари лоиҳа:

телефон: (+992 92) 774 16 61, ramazon.nurmamadov@jovid.tj муроҷат намоед.

 

Лоиҳа аз ҷониби Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии Хайрияии «Ҷовид» амалӣ карда мешавад. Лоиҳа аз тарафи Ҳукумати Швейтсария дастгири шудааст.

Тоҷикистон, ш. Бустон, кучаи 30 сологии Истиқлолият 19.

E-mail: icpo.jovid@gmail.com

Web: http://www.jovid.tj

Тоҷикистон, ш. Душанбе, кучаи Толстой 3.

 

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b2%d0%b0%d1%80%d0%b0%d2%9b%d0%b0%d0%b8-%d0%b8%d1%82%d1%82%d0%b8%d0%bb%d0%be%d0%be%d1%82%d3%a3-7/