Сохтмони гармхонаҳо дар Муассисаи давлатии “Мактаб интернат барои кудакони ятим ва бепарастори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд” ва Муассисаи давлатии «Мактаб интернати махсус барои кудакони кар ва шунавоинашон сусти ба номи Тухтабой Ғаффоров» танҳо барои парвариши сабзавоту кабутиҳо нест. Ин лоиҳаест, ки метавонад ҳам ба худи дастпарварон ва ҳам ба тамоми муассиса фоидаи калон оварад.
Дар доираи лоиҳа: «Таҳсилоти фарогир ва амиқ барои кӯдакон ва ҷавонони осебпазир», ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ карда мешавад, дар ду мактаб-интернати мақсаднок гармхонаҳо аз поликарбонат сохта шуданд. Андозаи ҳар як гармхона: бар – 3м, дарозӣ – 10м, баландӣ – 2,1м. Бояд қайд кард, ки гармхонаҳо бо поликарбонати 4 мм ғафсӣ дошта пӯшида шудаанд. Гармхонаҳои мазкур дорои бардошти то 250 кг барф дар 1 м.кв. мебошад ва растаниро аз нурҳои ултрабунафш муҳофизат мекунанд. Муҳофизати ултрабунафш имкон медиҳад, ки растаниро аз нурҳои бевоситаи офтоб муҳофизат кунад ва ҳавои дохили гармхонаро назорат кунед.
Манфиати гармхонаҳо барои дастпарварон инҳоянд:
Терапияи меҳнатӣ ва рушди маҳорат:
- Кор дар гармхона ба кӯдакон имкон медиҳад, ки малакаҳои амалии марбут ба кишоварзиро пайдо кунанд: кучатшинонӣ, нигоҳубини растаниҳо, обдодан, ҷамъоварии ҳосил.
- Ин як шакли терапияи меҳнатӣ мебошад, ки ба рушди малакаҳои моторикӣ, ҳамоҳангсозӣ ва масъулиятшиносӣ оварда мерасонад.
- Ин барои бачаҳо махсусан муҳим аст, зеро ба онҳо имкон медиҳад, ки баъди мактаб-интернат ба ҳаёт мутобиқ шаванд ва малакаҳои муфид ба даст оваранд.
- Истеҳсоли кучатҳои барвақти ва фуруши онҳо барои дастпарварон роҳ ва малакаҳои соҳибкориро меомузонад.
Раванди таълим:
- Гармхона як қисми барномаи таълимӣ мегардад, ки дар он кӯдакон биологияи растанӣ, асосҳои агрономия ва экологияро меомӯзанд.
- Раванди кор дар гармхонаҳо назарияро бо амалия пайваст намуда, омузишро шавковар мегардонад.
Мутобиқшавии равонӣ ва иҷтимоӣ:
- Кор бо растаниҳо ба руҳи равонӣ таъсири оромбахш мерасонад ва барои дур кардани стресс ва шиддат кӯмак мекунад.
- Якҷоя кор кардан дар гармхона ба рушди малакаҳои муошират ва ташаккули ҳисси кори дастаҷамона мусоидат мекунад.
- Гармхонаҳо ба ҷое табдил меёбанд, ки кӯдакон худро зарур ва муфид ҳис кунанд.
Ғизои солим:
- Ҳосили ба дастомадаи сабзавоту кабудӣ дастпарваронро бо маҳсулоти тару тоза ва ғизои солим таъмин мекунад.

Гармхона дар Муассисаи давлатии “Мактаб интернат барои кудакони ятим ва бепарастори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд”
Пеш аз огози сохтмони гармхонахо мутахассисони ТҶБХ «Ҷовид» барои муайян кардани ҷой ва навъи гармхонаҳо корҳои зиёдро анҷом доданд. Ҳангоми интихоби ҷой — равшанӣ, самти офтоб дар фасли зимистон, структураи замин, намнокии хок ва ғайраро ба назар гирифта шудааст. Барои сарфаи оби полезӣ дар гармхонахо системаҳои обьёрии қатравӣ насб карда шудааст. Ин система имкон медиҳад, ки нами дар зери решаи растаниҳо баробар тақсим карда шавад. Корҳо оид ба бунёди 2 гармхона моҳи феврали соли 2025 оғоз гардида, моҳи апрели соли 2025 анҷом ёфта, бо санади қабул ба истифодаи мактаб интернатҳо супорида шуданд. Дар гармхонахо сабзавоту кабутиҳо парвариш карда мешаванд, ки ҳосили онҳо хуроки дастпарварони мактаб-интернатҳоро беҳтар ва гуногун мекунад.