«

»

Июн 30

Print this Запись

Дар бораи лоиҳа

заголовок

 

Лоиҳаи васеъгардонии Миқёси сермаҳсулии об ва барпо намудани бозори Технологияи обёрии хурд дар Қирғизистон ва Тоҷикистон саҳми худро дар паст фаровардани сатҳи камбизоатӣ байни аҳолии деҳот бо роҳи баланд бардоштани даромаднокӣ ва дастгирии онҳо дар истифодаи самараноки об ба мақсади обёрӣ, ки аз захираи об вобастаанд, мегузорад.

 

САБАБИ АСОСӢ

Дастрасии боадолатонаи истифодаи об ба ҳамагон яке аз мушкилотҳои асри 21 мебошад, ки ба соҳаҳои васеъ таъсир мерасонад: тандурустӣ, маориф, бехатарии таъмини озуқа, рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ умуман. Дар муддати як аср аҳолии кураи замин се маротиба афзуд, дар ҳолате ки истифодабарии об 6 маротиба зиёд шуд. Яке аз мушкилоти калон ин мутобиқ гаштан ба буҳрони ҳаматарафа, ки бо тағйироти иқлим вазнинтар шудаст. Барои ҳамин истифодаи самарабахи об ҳангоми истеҳсоли хӯрока (70% — и истеъмоли ҷаҳонии об) зарур аст.

Обёрии ҳозиразамон ба тариқи қатравӣ ва пошидан истифодаи обро 70% кам мекунад, мутобиқан ба обёри анаъанавии ҷӯйбор нисбатан 50% камтар аст. Технологияи обёри ҳозиразамонро барои фермерҳои камбизоат дастрас гардонда онҳо на танҳо даромади худро зиёд мегардонанд («сифати ҳосил ба ҳар як қатраи об бештару баландтар»), балки саҳми худро дар беҳгардонии захираи об мегузоранд. Ин ҳолати бебохт ба ҳамагон мешавад. Дар гузашта якчанд технологияи навин барои обёрии хурд рушд ва паҳн гашта буд, лекин аз аксаран муваффақият маҳдуд буд. Қабул нашудани технология аз ҷониби камбизоатон (зиёдатӣ, бесамар) ва роҳи паҳн намудани ин технология, махсусан ёрии моддӣ, ба таназзул расонд. Ҳамин лоиҳа дар асоси технологияе  сохта мешавад, ки онро сармояи кам доштагон ҳам тибқи таҷрибаи озмуда бо муносибати даромадоварандаи занҷира бо бахши маҳалии шахсӣ бо низоми тадбиқи таъмин ва бо муносибати кордонӣ пайваста ба худ рухсат дода метавонанд. Лоиҳа ба шартҳои барпо намудани бозор равона шудааст ва ҳамин тавр силсилаи таъмини дастрас бо нархи барои фермерҳои хурдро (ТХО) дастгирӣ мекунад ва ин дар навбати худ истифодаи нисбатан самаранок ва сермаҳсули обро мавриди шинондан имконият медиҳад.

Пешбурди технологияи хурди обёриро бо доруҳои патент надоштаи соҳаи дорусозӣ муқоиса кардан мумкин: онҳо арзонтар, патент надоранд, аз онҳо осон нусха бардоштан мумкин. Дар бозор иқтидори муҳим ва истифоданашуда барои ин технология дар бисёри мамолик вуҷуд дорад. Сарфи назар аз ин, фермерҳои хурд бояд аз хатар эҳтиёт шаванд ва интизори боварӣ ба худ шаванд, ки технология нав амал мекунад ва онҳо натиҷаро аз ҳамсояҳо ё майдончаҳои намоишӣ мушоҳида кунанд. Инчунин бахши хусусӣ ҳанӯз барои гузоштани сармояи худ ба интехнологияи нав дар марҳалаи бармаҳали рафти бунёди бозор шубҳа дорад, ҳангоме ки сармоягузории маркетинг ва ёрии фаннӣ гаронбаҳост, даромад бошад, ҳанӯз назаррас нест. Муносибати гуногун нисбат ба бозор аз ҷониби IDE дар вазъияти ҷудогонаи ҷуғрофӣ , зироатӣ ва иҷтимоии истифода ва барпо намудани ташаббуси иҷрокунандагони силсилаи таъминот бомуваффақият санҷида шуданд. Хазинаҳои ҷамъиятӣ танҳо барои баланд бардоштани огоҳии технология истифода бурда мешаванд, ки барои гузаронидани тренингҳои фанӣ, таъмини занҷираи маҳалӣ ва бо нархи арзон  таъмин намудан имконият  фароҳам меоварад.

Чунин муносибати барпо намудани бозор устуворона давом додани лоиҳаро имконпазир мегардонад, саҳмгузории давомдорро дар доираи иҷрои лоиҳа на танҳо вобаста ба истифодаи самараноки обёрӣ, балки чизҳои муҳими ҳаёт, аз қабили амнияти озуқаворӣ ва ба даст овардани даромад кафолат медиҳад. Дар Қирғизистон ва Тоҷикистон (обёрӣ) об захираи муҳим ба шумор меравад. Истифодаи он на танҳо барои истифодаи кишоварзӣ аҳамият дорад ва новобаста ба сатҳи зисти аҳолии деҳот алоқаманд аст, инчунин мавзӯи шиддат ва нооромии робита бо маҷмӯи вобастагӣ ба ҳам  байни давлатҳои Осиёи Миёна мебшад.

НАТИҶАҲОИ ЛОИҲА

Кор бо қисматҳои (1) Силсилаи таъминот, (2) Тавоноии фаннӣ, (3), Пешрафт ва (4) Дастрасӣ ба молия мақсади дастовардҳо дар соли 2016 ҳам дар Қирғизистон ва ҳам Тоҷикистон мебошад.

Ин чаҳор натиҷа мақсади дастовардҳо дар соли 2016 барои Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошанд:

  • Натиҷаи 1: Силсилаи молиявии устувори таъминот сохта шуд (ЗАНҶИРАИ ТАЪМИНОТ)
  • Натиҷаи 2: Тавонои фаннии ҳавасмандони занҷира барпо шуд (ТАВОНОИИ ФАННӢ)
  • Натиҷаи 3: Технологияи Хурди Обёрии қатраги самаранок пеш меравад (ПЕШРАВӢ)
  • Натиҷаи 4: Маблағ барои сармоягузорӣ ва хариди ТХО ба таври нақд мавҷуд аст (ДАСТРАСӢ ба МОЛИЯ)

МУНОСИБАТҲО

Паҳн гардондани Технологияи хурди обёрии қатраги барои фермерҳои хурд бо муносибати низоми бозор. Ҷузъи муҳим ташкили занҷираи устувори молиявии таъмин дар Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошад, ки ба имконияти баланд гардидани  фурӯши Технологияи хурди обёрии қатраги барои фермерҳои хурд пас аз дастгирии SDC/GWI мусоидат мекунад.

Аҳамияти муҳими дигар ин барпо намудани технология ва муносибати дастрас барои нусхабардорӣ дар миқёси калон тавассути Хелветас/ HELVETAS –и Интеркооперашейни Шветсария – ҳамкории IDE мебошад.

 

ПЕШОМАДҲО

  • Ҳукумат ва институтҳои хурди молия нияти тақвият бахшидан ба пешбурди низоми оберии қатрагӣ дар минтақа мебошанд. Масалан, барномаи ҳукумат оид ба рушди заминҳои нав дар майдони Сомғор бо истифода аз обёри қатрагӣ мебошад. Дар доираи ҳамин барнома ҳукумати минтақаи Суғд зерсохтор омода карда истодааст ва тайёрии ин заминҳоро ба фермерҳои ҳавасманд ва соҳибкорон тибқи чунин меъёр пешниход мекунад: боғҳоро бо истифодаи низоми обёри қатрагӣ бунёд кунанд.
  • Бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарзӣ нақшаи васеъ гардондани самти қарздиҳиро доранд ва қарзро барои шинондани дастгоҳҳои низоми обёри қатрагӣ пешниҳод намоянд, инчунин чорабиниҳои пешбурди низоми обёри қатрагиро гузаронидаанд (масалан, лавҳаҳои обёри қатрагӣ дар кӯчаҳо, тақвимҳо ва варақаҳо)
  • Марҳалаи охирини ислоҳоти замин дар Тоҷикистон ба охир расид. Фермерҳо метавонанд замини худро мустақилона идора кунанд. Ин ба онҳо имконияти истифода технологияи навинро дар замини худ фароҳам меоварад, аз он ҷумла низоми обери қатрагиро низ.

МУШКИЛИҲО / ДАРСҲОИ ГИРИФТАШУДА

Дарсҳои гирифташуда:

  • баҳои умумии низоми обёрии қатрагӣ аз ҷониби фермерҳо мусбат аст ва ҳавасмандии калон миёни фермерҳои зиёд мавҷуд аст;
  • гардиш аз фурӯш нисбат ба соли 2013 (10500 сомонӣ) панҷ маротиба (58 873 сомонӣ) дар соли 2014 афзуд;
  • ҳавасмандии зиёди ҳукумати минтақаи Суғд доир ба дастгирии рушди бозори обёрии қатрагӣ ва пешбурди он дар минтақа мавҷуд аст;
  • инчунин институтҳои молиявӣ дар кушодани қарзҳои хос барои шинондани дастгоҳҳои низоми обёрии қатрагӣ ҳавасманданд.

Мушкилот:

  • нархҳои гарони низоми обёрии қатрагӣ;
  • набудани талаботи бозор, танҳо 2-3 таъминкунанда мавҷуд асту халос;
  • набудани мутахассисони фаннӣ, ҳамагӣ 2-3 мутахассис аст;
  • мушкилот аз истифодаи қубурҳои номувофиқи низоми обёрии қатрагӣ.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%b1%d0%be%d1%80%d0%b0%d0%b8-%d0%bb%d0%be%d0%b8%d2%b3%d0%b0/