«

»

Мар 22

Print this Запись

ДАЪВАТ БА ОЗМУН

Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии Хайриявии «Ҷовид» (минбаъд ТҶБХ «Ҷовид») дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти Ҷамъиятии «Ёқути Даршай» бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар доираи лоиҳаи «Пастфурории шиддат пас аз ихтиллофҳо ва хатари пайдошавии низоъҳо дар ҷомеа, боварӣ ба худ ва барори сулҳ тавассути ҷалби иқтисодӣ – ичтимоии ҷавонони маҳал, инчунин дар қабули қарорҳо ва намудҳои фаъолияти даромадоваранда» тамоми шахсони ҳавасмандро ба пешниҳоди дархост доир ба таҳвили таҷҳизот ва маводҳои ташкили соҳибкории хурд дар ноҳияи Ишкошим ва Мурғоби ВМКБ –и Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунад.

ОЗМУН БА ОХИР РАСИД

Ҳамаи ҳавасмандон пешниҳодҳои худро метавонанд дар лифофаи (конверт) сарпӯшида бо нишон додани “Озмун барои таҳвили таҷҳизот ва маводҳои ташкили соҳибкории хурд дар ВМКБ ҶТ” ба суроғаи вилояти Суғд, шаҳри Бӯстон 19, дафтари кори ТҶБХ “Ҷовид” фиристонанд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ хоҳишмандон метавонанд ба дафтари кори ТҶБХ «Ҷовид», ки суроға дар боло оварда шудааст, муроҷиат намоянд.

Муфассалтар оиди озмун метавонед дар ин хуччат шинос шавед.

шахси мутасаддӣ дар шаҳри Бӯстон – Хусейн Тошматов

Телефон: (+99292) 770-12-42

е-mail:  husein.toshmatov@jovid.tj

ё

шахси мутасаддӣ дар ноҳияи Ишкошим – Мунавар Алидодов

Телефон: (+99293) 538-91-83

е-mail: tung_72@mail.ru

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%be%d0%b7%d0%bc%d1%83%d0%bd/