Дар ҷаҳони имрӯза, ки суботи молиявӣ нақши калидӣ дорад, қобилияти идоракунии оқилонаи маблағҳои худ дар тамоми марҳилаҳои ҳаёти инсон ба як маҳорати муҳим табдил меёбад. Бо дарки ин зарурат дар доираи лоиҳаи «Таҳсилоти фарогир ва амиқ барои кӯдакон ва ҷавонони осебпазир», ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешавад, барои таълимгирандагон синфҳои болоии 2 мактаб-интернат тренинги якрузаи беназир оид ба саводнокии молиявӣ ташкил карда шуд. Омузишҳо дар толорҳои мактаб-интернатҳои шаҳри Бустон ва ноҳияи Б.Ғафуров гузаштанд.
![]() |
![]() |
Омузишҳо 40 нафар ҷавононро (21 нафари онҳо духтарон) барои баланд бардоштани дониши худ дар соҳаи саводнокии молиявӣ ҷалб намуд. Барномаи омӯзишӣ бо дарназардошти тамоюлҳои ҷорӣ таҳия шуда, мавзӯъҳои зеринро дар бар гирифт:
- асосҳои банақшагирии молиявӣ: иштирокчиён тарзи сохтани буҷети шахсӣ, гузоштани ҳадафҳои молиявӣ ва таҳияи қадамҳо барои ноил шудан ба онҳоро омӯхтанд.
- сармоягузорӣ: тренерон дар бораи намудҳои гуногуни сармоягузорӣ, хатарҳо ва даромаднокии онҳо сӯҳбат намуда, оид ба ташаккули хазинаи сармоягузорӣ маслиҳатҳои амалӣ доданд.
- қарздиҳӣ: иштирокчиён оид ба интихоби дурусти маҳсулоти қарзӣ, канорагирӣ аз бори қарз ва оқилона идора кардани ӯҳдадориҳои қарзии худ маълумот гирифтанд.
- амнияти молиявӣ ё болтшти молиявӣ: тренерон роҳҳои муҳофизати худро аз қаллобӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар хатарҳои молиявӣ маълумот доданд.
Дар рафти омузишҳо ба машқҳои амалӣ ва таҳлили ҳолатҳои воқеӣ диққати махсус дода шуд. Иштирокчиён имкон доштанд, ки донишҳои гирифтаашонро дар амал татбиқ намоянд, вазъи молиявии худро муҳокима кунанд ва аз тренерон тавсияҳои инфиродӣ гиранд.
Фикру мулоҳизаҳои иштирокчиёни тренинг аз самаранокии баланди он шаҳодат медиҳанд. Бисёриҳо қайд карданд, ки онҳо донишу малакаҳои арзишманд ба даст овардаанд, ки ба беҳтар шудани вазъи молиявии худ ва расидан ба ҳадафҳои худ дар оянда саҳми босазо мегузорад.
«Ман мехостам, ки муддати тӯлонӣ сармоягузорӣ карданро дарк кунам, аммо намедонистам, ки аз куҷо оғоз кунам» гуфт яке аз иштирокчиён. «Тренинг ба ман дар сохтори донишам кӯмак кард ва ба ман боварӣ бахшид, ки ман метавонам молияи худро оқилона идора кунам».
Ташкилкунандагони омузиш изҳори умедворӣ карданд, ки донишҳои гирифташуда ба иштирокчиён дар қабули қарорҳои оқилонаи молиявӣ ва таъмини ояндаи устувори онҳо дар берун аз девори мактаб-интернатҳо кӯмак хоҳад кард.
Омузишҳои гузаронидашуда як қисм силсила омузиши соҳибкорӣ буданд. Лоиҳа ба нақша гирифтааст, ки дар оянда омузишҳои: «Маркетинг ва тадқиқоти бозор» ва «Рушди тиҷорат, ҳавасмандӣ барои худтаъминкунӣ» барои кӯмак ба ҷавонон дар баланд бардоштани саводнокии молиявии онҳо ташкил намоянд.