«

»

Июн 21

Print this Запись

Деҳқони таҷрибадор – Деҳқони муваффақ

21062016Дар доираи иҷроиши лоиҳа аз 1 то 5 июни соли 2016 ҳангоми ташкили 5 Қитъаи — Намоишӣ дар деҳаҳои Чӯянчӣ, Басманда, Хӯҷаҳо, Калъаи Хоҷи ва Сурхоб-и 2 ҷамоати лоиҳави дар мавзӯи: «Тайёр кардани замин ва кишти картошка» омӯзишҳо гузаронида шуданд. Дар ин омӯзишҳо 76 нафар аз он ҷумла 30 нафар занҳо ё 39,5% ширкат намуданд. Ба иштирокчиёни омӯзишҳо аз ҷониби мутахассисони лоиҳа (Қодиров Э., Шукуров Д., ва Садиров О.) хусусиятҳои асосии тайёр кардани гилхок ва хокҳои қумдор, омода намудани тухми картошка ба кишт, истифодаи нитроаммафоска ва актара ҳангоми кишт, маълумот оид ба навъи картошкаи Биг Роза, ташкили фонди тухми ва ҷузъҳои дигари кишт (масофаи байни қаторҳо, чуқурии кишт, зичии шинондани лӯндаҳо ва ғайра) маълумотҳои мушаххас дода шуд. Иштирокчиёни омӯзиш ба қитъаҳои намоиши таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд ва аз рӯи мақоли «Шунидан кай бувад монанди дидан» амал карданд. Ба ғайр аз деҳқонон дар ин омӯзишҳо намояндагони мақомоти ҳукуматҳои маҳалли (ҷамоатҳо) ширкат варзиданд. Омӯзишҳо бо усули интерактиви гузаронида шуданд. Боиси қайд аст, ки омӯзишҳо бо усулҳои аз «содда ба мураккаб» ва аз «масалаҳои умуми ба конкрети» истифода бурда шуд.

Барои таъмини дастрасии масалаҳо таҷрибаҳои амалии деҳқонон низ ба кор бурда шуданд. Ҳамаи омӯзишҳо аз рӯи барномаи тартибдода шуда гузаронида шуданд.

Картошкапарварон оиди масалаҳои буридани лӯндаҳои картошка дар вақти кишт, касалиҳои тавассути хок ва лӯндаҳо гузаранда, киштгардони картошка ва ғайраҳо саволҳо пешниҳод намуданд. Мутахассисони лоиҳа ба таври васеъ ва оммафаҳм ба саволҳои додашуда посухҳои мушаххас пешниҳод намуданд. Дар қитъаҳои намоишдиҳии ташкилшуда мувофиқи лоиҳа гузаронидани омӯзишҳои дигар низ пешбини шудааст.

Permanent link to this article: https://jovid.tj/tj/%d0%b4%d0%b5%d2%b3%d2%9b%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d1%82%d0%b0%d2%b7%d1%80%d0%b8%d0%b1%d0%b0%d0%b4%d0%be%d1%80-%d0%b4%d0%b5%d2%b3%d2%9b%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d0%bc%d1%83%d0%b2%d0%b0%d1%84%d1%84%d0%b0/