«

»

Янв 01

Print this Запись

Дониш аз рӯи ҳар ҷанбаи Ислоҳоти Замин дастрас шуд.

vizib Бо мақсади хабардор кардани фермерҳо вобаста ба ҷиҳатҳои Ислоҳоти Замин лоиҳа  намудҳои гуногуни иттилоотро пешбинӣ мекунад. Яке аз чунин тарзҳои паҳн намудани маълумот  ахборот ба воситаи лавҳаҳои иттилоотӣ мебошад, ки дар маркази тамоми ҷамоатҳои таҳти лоиҳа буда сохта шудаанд. Барои нисбатан самарабахш  дастрас  намудани маълумот лоиҳа аз ҷониби намояндагони мақомоти маҳалии ҳукумат оид ба ҷойгиронии лавҳаҳои мавзӯӣ дар бинои идораи маҳаллии ҳукумат дастгирӣ ёфт.

Бояд қайд кард, ки интизории таъсир  дер давом vizib2наёфт, яъне фермерҳо бештар ба марказҳои иттилоотӣ ташриф оварданд. Обрӯи Марказҳои иттилоотӣ бо сабаби ҳамкории зич бо намояндагони мақомоти ҳукумати маҳал баланд шуд. Семинарҳо ва тренингҳо бо намояндагони зикрёфта аз рӯи мавзӯҳои гуногун, ки онро худи фермерҳо пешниҳод мекунанд, якҷоя гузаронида мешаванд.

Сарчашмаи дигари хабаррасонӣ ба фермерҳо-ин ВАУ – и ноҳия, ки ҳар моҳ аҳолиро оид ба самтҳои гуногуни гузаронидани Ислоҳоти Замини  хабар мерасонад.

Permanent link to this article: https://jovid.tj/tj/%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b8%d1%88-%d0%b0%d0%b7-%d1%80%d3%af%d0%b8-%d2%b3%d0%b0%d1%80-%d2%b7%d0%b0%d0%bd%d0%b1%d0%b0%d0%b8-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%be%d2%b3%d0%be%d1%82%d0%b8-%d0%b7%d0%b0%d0%bc%d0%b8%d0%bd/