Дар доираи лоиҳаи «Таҳсилоти фарогир ва пешрафта барои кӯдакон ва ҷавонони осебпазир», ки аз ҷониби ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешавад, дар мактаб-интернати кӯдакони ятим ва бепарастори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маҳфили “Дуредгарӣ” ташкил карда шуд.
Ҳадаф:
Омӯзонидани шогирдон ба корҳои амалии дуредгарӣ, бедор кардани шавқ ба ҳунармандӣ ва инкишофи зеҳну зебопарастии онҳо.
Вазифаҳо:
Шинос кардани хонандагон бо асбобҳои дуредгарӣ (арра, болға, мех, парма ва ғ.).
Омӯзонидани қоидаҳои истифодаи дурусти асбобҳо.
Омӯзонидани сохтани ашёҳои оддӣ аз чӯб (раф, курси, қуттӣ, бозича ва ғ.).
Рушди эҳсоси масъулият, сабурӣ ва меҳнатдӯстӣ.
Пешбурди зебоиандозӣ ва завқи эстетикӣ.
Муддат ва тарзи гузаронидан:
Маҳфил ҳафтае 2-3 маротиба баргузор мегардад. Дар ҷараёни он шогирдон аз назария то амал мегузаранд: аввал бо қоидаҳои амният ва усулҳои кор шинос мешаванд, сипас ба корҳои амалӣ мегузаранд.
Натиҷаи интизоршаванда:
Дастовардҳои амалӣ (ашёҳои сохташуда аз чӯб)
Намоиш ё гӯшаи ҳунарӣ дар интернат;
Омодагӣ ба интихоби касби дуредгар ё сохтмончӣ дар оянда!
