«

»

Янв 01

Print this Запись

Натиҷаҳои аввали гурӯҳҳои ташаббускор.

separatorДар ҳоли ҳозир корҳои гурӯҳҳои ташаббускор, ки дастгирӣ ёфта буданд, хуб пеш рафта истодааст. Ҳамон фермерҳое, ки ба парвариши зироатҳои кишоварзӣ машғул шуданд, аз сабзиши онҳо қаноатманданд. Аз рӯи мушоҳидаи агрономҳо, тухмӣ хуб неш зад ва аллакай маълум аст, ки ҳосилнокии зироатҳо нисбат аз онҳое, ки шарикони ТҶБХ «Ҷовид» нестанд, баландтар хоҳад шуд. Онҳое, ки ба коркарди шир машғуланд, аллакай ҳозир қаймоқи бо дастгоҳҳои қаймоқгир (сепараторҳо) ба даст омадаро дар бозорҳои маҳал бо муваффақият фурӯхта истодаанд.

Дар ин рӯзҳо ҳамдеҳаҳое муроҷиат намудан сар карданд, ки ба ҳайати гурӯҳи ташаббускор дохил намешаванд, шири онҳоро коркард кунанд. Ба сифати пардохт қаймоқро мемонанд, ки онро ҳамавқт метавон  ба молҳои талаботи ҳаррӯза мубодила намуд.

Дар рафти назорати лоиҳа маълум шуд, ки беш аз пеш деҳотиён  мехоҳанд фаъолияти худро бо ёрии ТҶБХ «Ҷовид» кушоянд, чунки ташкилот мекӯшад ҳамаҷониба ба фермерҳо кӯмак расонад. Ҳоло ташкилот таҳлили арзиши маҳсулотҳои талаботи ҳаррӯзаро дар бозорҳои  шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан,  ноҳияҳои Мастчоҳ ва  Зафаробод мегузаронад ва маълумоти ба дастомадаро байни фермерҳо паҳн мекунад.

Permanent link to this article: https://jovid.tj/tj/%d0%bd%d0%b0%d1%82%d0%b8%d2%b7%d0%b0%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%b0%d0%b2%d0%b2%d0%b0%d0%bb%d0%b8-%d0%b3%d1%83%d1%80%d3%af%d2%b3%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d1%82%d0%b0%d1%88%d0%b0%d0%b1%d0%b1%d1%83%d1%81%d0%ba/