Мушкилоти сӯзиши равонӣ дар байни омӯзгорон дар тамоми ҷаҳон актуалӣ аст ва Тоҷикистон низ аз ин дар канор нест, бахусус омӯзгороне, ки дар муассисаҳои махсус (интернатҳо) кор мекунанд. Ҳолатҳои фишори шадиди равонӣ боиси бадшавии босуръати саломатии омӯзгорон мегарданд, аз ин рӯ, онҳо ба дастгирии равонӣ ва омӯзиши усулҳои рафъи шиддати равонӣ ниёз доранд.
Дар доираи лоиҳаи «Таҳсилоти фарогир ва амиқ барои кӯдакон ва ҷавонони осебпазир», ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ шудааст, бо мақсади беҳтар намудани ҳолати равонии омӯзгорон барои ҳайати омӯзгорони Муассисаи давлатии “Мактаб интернат барои кудакони ятим ва бепарастори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд” дар шаҳри Бустон ва “Мактаб интернати махсус барои кудакони кар ва шунавоинашон сусти ба номи Тухтабой Ғаффоров” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омузишҳо дар мавзӯи «Пешгирии сӯзиши равонии омӯзгорон» баргузор гардид. Барои гузаронидани омузишҳо тренерони баландихтисос ва таҷрибаи чандинсоладошта даъват карда шуданд.
Омузишҳо санаи 3-4-уми январи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баргузор гардид. Дар омузишҳо 50 омузгорон ширкат варзиданд.
Мақсади омузиш – ин шиносоии омӯзгорон бо мафҳуми «сузиши касбӣ», таҳлили сарчашмаҳои таҷрибаҳои манфии омӯзгорон, рафъи фишор (стресс), муайян кардани мавҷудият ё набудани ин синдром дар худи онҳо, азхуд кардани усулҳои пешгирии сузиши равонӣ, азхуд кардани усулҳои кӯмак ба худ ва ҳамкасбони худ дар ҳолатҳои фишори (стресс) касбӣ мебошад.
Дар рафти омузиш иштирокчиён омӯхтанд:
- эътироф кардани аломатҳои сӯзиши равонӣ: муайян кардани аломатҳои хастагии равонӣ дар марҳилаҳои аввалро омӯхтанд.
- инкишоф додани малакаҳои худтанзимкунӣ: маҳорати усулҳои идоракунии стресс, эҳсосот ва барқарорсозии захираҳо.
- Ҷустуҷӯи захираҳо: дарёфти манбаъҳои энергия ва ҳавасмандӣ, ки ба шумо дар мубориза бо хастагӣ кӯмак мекунанд.
- таҳияи стратегияҳо барои пешгирии такрори хастагӣ ва сузиши равонӣ дар оянда.
- барқарор карда тавонистани мувозинати кор ва зиндагӣ.

Сарфи назар аз он, ки ин чунин омузиш барои иштирокчиён бори аввал гузаронида мешавад, иштирокчиён дар рафти омузиш дар бораи сабабҳои сӯзишҳои касбӣ ва фишор (стресс) дар ҷои кор ба таври равшан гуфта тавонистанд. Иштирокчиён омилҳоеро эътироф ва муайян карданд, ки ба онҳо дар мубориза бо фишор (стресс) метавонад кӯмак расонад. Ба иштирокчиён дар бораи марҳилаҳои сӯзиши равонии касбӣ, аломатҳои сӯзиш маълумот дода шуда, машқҳои мубориза бо фишор (стресс) дар ҷои кор нишон дода шуданд.
Омӯзишҳои мазкур ба паст шудани сатҳи сӯзиши равонӣ дар байни омӯзгорон, ташаккул додани муносибати мусбӣ ба худ, нисбат ба зиндагӣ, баланд бардоштани ҳавасмандӣ ба фаъолияти касбӣ мусоидат кард. Омузиш инчунин ба иштирокчиён оиди дар марҳилаи аввал ҳис кардани аломатҳои сӯзиши равонӣ, омӯхтани усулҳои мубориза бо фишор (стресс) ва барқарор кардани ҳолати равонӣ кӯмак расонд.