«

»

Янв 03

Print this Запись

Фермер ба фермер рафиқ ва дӯст

02-2Пас аз он ки марказҳои машваратӣ ба тавоноии пурраи худ машғул шуданд, мавриди барпо намудани майдонҳои назоратию машваратӣ (МНМ) омад, баъдан барномаи махсуси мубодилаи таҷриба байни фермерҳо баррасӣ шуд.

Дар ин қитаъҳо фермерҳо метавонанд дар амал малакаҳои дониши назариявии мушовиронро санҷанд.

Дар ноҳияҳои лоҳиявӣ 2 МНМ , 4 гурӯҳи ташаббускор ва 2 хоҷагиҳои намоишӣ ташкил карда шуданд. Онҳоро беш аз 150 фермер ҳангоми гузаронидани рӯзҳои саҳроӣ ба дидан  омаданд.

02-1Дар майдонҳои МНМ ва хоҷагиҳои намоишӣ беш аз 10 зироатҳои гуногуни кишоварзӣ (гандум, картошка, помидор, лаблабу, сабзӣ, марҷумак, полезӣ ва лубиёгиҳо)  омӯхта ва таҷрибаи он паҳн карда мешавад. Аз он ҷумла, тарзи парвариши лӯбиёгиҳо ҳамчун зироати имконпазири ивазкунанда омӯхта  ва тадбиқ карда мешавад. Ин зироат фермерҳоро хело ҳавасманд кардааст. Дар заминаи МНМ ва гурӯҳҳои ташаббускор тренингҳо гузаронида мешаванд. Фермерҳо дар инҷо бо тарзи парвариши зироатҳои кишоварзӣ ба таври возеҳ шинос мешаванд.

Аз рӯи натиҷаи МНМ ва хоҷагиҳои намоишӣ дастурҳои ба онҳо хос , маводҳои иттилоотӣ, ки диққати фермерҳоро ҷалб намудаанд, тартиб дода шуда,  паҳн карда мешаванд.

Permanent link to this article: https://jovid.tj/tj/%d1%84%d0%b5%d1%80%d0%bc%d0%b5%d1%80-%d0%b1%d0%b0-%d1%84%d0%b5%d1%80%d0%bc%d0%b5%d1%80-%d1%80%d0%b0%d1%84%d0%b8%d2%9b-%d0%b2%d0%b0-%d0%b4%d3%af%d1%81%d1%82/