Хониши босуръат ин маҳоратест, ки ба шумо имкон медиҳад, ки матни хондаатонро зуд хонед ва дарк кунед. Ин махсусан барои кӯдаконе, ки дар интернатҳо зиндагӣ мекунанд, муфид аст, ки дастрасӣ ба захираҳои таълимӣ метавонад маҳдуд бошад. Дар ин асос таҳти лоиҳаи «Таҳсилоти фарогир ва амиқ барои кӯдакон ва ҷавонони осебпазир», ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ карда мешавад, барои 70 нафар кӯдакони муассисаи давлатии «Мактаб-интернати кӯдакони ятими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» курсҳои хониши босуръат ташкил карда шуданд. Ин курси омӯзишӣ 24 дарсро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми онҳо 90 дақиқа аст.
Сабабҳои ташкили курсҳои хониши зуд:
- Беҳтар шудани нишондиҳандаҳои таълимӣ: хониши зуд ба кӯдакон кӯмак мекунад, ки маводро зудтар аз худ кунанд, ки ин ба баҳои онҳо таъсири мусбӣ мерасонад.
- Рушди малакаҳои маърифатӣ: дарсҳои хониши зуд диққат, хотира ва тафаккури мантиқиро афзун мегардонад.
- Баланд бардоштани ҳавасмандӣ барои хондан: вақте ки кӯдакон мебинанд, ки онҳо зуд ва осон хонда метавонанд, онҳо аз ин раванд лаззат мебаранд.
- Васеъ кардани фикрронии онҳо: хониши босуръат ба кӯдакон имкон медиҳад, ки бо миқдори зиёди иттилоот шинос шаванд, ки ба рушди зеҳнии онҳо мусоидат мекунад.
- Омодагӣ ба ҳаёти мустақилона: дар ҷаҳони имрӯза, ки иттилоот пайваста таъғир меёбад, қобилияти зуд хондан ва таҳлил кардани матн як маҳорати муҳим аст.
Дар рафти курси хониши босуръат аз якчанд усулҳои зерин истифода бурда мешаванд. Усулҳои хониши босуръат барои кӯдакони дар интернат буда мутобиқ карда шудаанд, аз ҷумла:
- Ҷадвалҳои Шульте: инҳо ҷадвалҳое мебошанд, ки рақамҳо ё ҳарфҳои тасодуфӣ ҷойгир карда шудаанд. Вазифаи кӯдак ин аст, ки ҳарчи зудтар ҳама унсурҳоро дар пайдарпайии дуруст пайдо ва нишон диҳад.
- Машқҳои васеъкунии визуалӣ: ин машқҳо ба кӯдакон кӯмак мекунанд, ки дар як нигоҳ калимаҳои бештарро бубинанд, ки суръати хониши онҳоро зиёд мекунад.
- Хондан бе сухан: ин усул ба кӯдакон таълим медиҳад, ки матнро бидуни бо дарун гуфтан ҳар як калима қабул кунанд, ки ин раванди хонишро ба таври назаррас суръат мебахшад.
- Инкишофи диққат (концентрация): ин машқҳо ба кӯдакон кӯмак мекунанд, ки диққати худро ба матн равона кунанд ва аз парешонӣ канорагирӣ кунанд.
Барои дарки маълумот дар мактаб-интернат шароитҳои зерин фароҳам оварда шудаанд:
- Фазои мусоид барои дарсомузӣ: барои 70 нафар кудакон толори хониш ташкил карда шуда, ҳамаи кудакон бо китоби махсус «Инкишофи қобилиятҳои маърифатӣ» таъмин шудаанд.
- Муносибати инфиродӣ: ҳар як кӯдак беназир аст, дар асоси ин хусусиятҳо ва суръати омӯзиши ӯ ба назар гирифта мешаванд.
- Истифодаи унсурҳои бозӣ: дар рафти омӯзиш бозиҳо ва машқҳо истифода мешаванд, то раванди таълим шавқовартар ва самараноктар гардад.
- Машғулиятҳои мунтазам: барои ноил шудан ба натиҷаҳои хуб 70 нафар кӯдакон ҳар рӯз аз соати 15:00 то 16:30 бо хондани китоб машғул ҳастанд.
Ҳавасмандкунӣ ва дастгирӣ: Дар ҷараёни таълим кӯдаконро барои муваффақиятҳояшон ситоиш мекунанд ва ҳангоми нокомӣ дастгирӣ мекунанд.