Чанде пеш дар шаҳри Бӯстон ва ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров барои хонандагони синфҳои болоии ду мактаб-интернат тренинги якрӯза бахшида ба ҳавасмандкунӣ ва худшиносӣ баргузор гардид. Иштирокчиён барои ноил шудан ба ҳадафҳои шахсӣ ва касбӣ донишҳои нав ба даст оварданд ва ба қобилиятҳои худ эътимод пайдо карданд.
Омӯзиш дар доираи лоиҳаи «Омӯзиши фарогир ва пешрафта барои кӯдакон ва ҷавонони осебпазир», ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешавад, ташкил карда шудааст. Барномаи омузиш аз лексияҳо, машқҳои амалй, мубоҳисаҳои гуруҳӣ ва маслиҳатҳои индивидуалӣ иборат буданд.
Омузишҳо аз чунин нуқтаҳои асосии иборат буданд:
- муқаррар кардани ҳадафҳо: иштирокчиён таҳия кардани ҳадафҳои худро омӯхтанд ва онҳоро ба марҳилаҳои ноилшаванда тақсим карданд.
- рушди эътимод: тренер ба иштирокчиён усулҳои самараноки бартараф кардани тарсу шубҳаҳо ва таҳкими эътимод ба худро омузонд.
- Идоракунии вақт: иштирокчиён усулҳои банақшагирии вақт ва усулҳои ташкили вақтро омӯхтанд, ки ба онҳо дар оянда бештар самара медиҳад.
- ҷустуҷӯи ҳавасмандкунӣ: тренер дар бораи сарчашмаҳои гуногуни ҳавасмандкунӣ ва роҳҳои дар сатҳи баланд нигоҳ доштани он сӯҳбат намуд.
- рушди малакаҳои худшиносӣ: иштирокчиён тарзи баланд кардани потенсиали худро ва амалӣ намудани истеъдодҳои худро омӯхтанд.
Фикру мулоҳизаҳои иштирокчиён:
- «Тренинг ҳаёти маро дигар кард! Ман фаҳмидам, ки чӣ мехоҳам ва ман медонам, ки чӣ тавр ба он ноил шавам».
- «Ман бештар дилпур шудам ва ба душвориҳои нав тайёр шудам».
Иштирокчиёни тренинг қайд намуданд, ки донишу малакаҳои азхудкардаашон аллакай дар ҳаёти онҳо натиҷаҳо бахшидааст. Онҳо бештар ба мақсад нигарон шуданд ва ба худ боварии комил пайдо карданд.
Ташкилкунандагони омузиш ният доранд, ки чунин чорабиниҳоро мунтазам гузаронанд, то ба бештари хонандагони мактаб-интернатҳо кумак расонанд, то ин ки имкониятҳои худро дарк намуда, ба муваффақият ноил шаванд.