«

»

Июл 15

Print this Запись

Ҳисоботи лоиҳа

Лоиҳа: №353-961 “Пастфурории шиддат пас аз ихтиллофҳо ва хатарҳои пайдоиши низоъҳо дар ҷомеа, боварӣ ба худ ва барори сулҳ тавассути ҷалби иқтисодӣиҷтимоии ҷавонони маҳал, инчунин дар қабули қарорҳо ва намудҳои фаъолияти даромадоваранда”

 Маблағгузорони лоиҳа

Иттиҳоди Аврупо 78,5%

Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии Хайриявии “Ҷовид” 21,5%

 

Иҷрокунандагони лоиҳа

Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии Хайриявии “Ҷовид”

Ташкилоти Ҷамъиятии “Ёқути Даршай”

 

 

САРСУХАН

Иттиҳоди Аврупо аз 28 узви мамолик иборат аст, ки онон қарор доданд тадриҷан дониш, захира, ва тақдири хешро пайванданд. Ҳамроҳ таи 50 соли васеъшавӣ онҳо минтақаи устувор, демократӣ ва рушти бардавомро бунёд намуда, ҳамзамон гуногунияти фарҳангӣ, арзи таҳаммул ва кафолати озодии шахсиро нигоҳ доштанд. Иттиҳоди Аврупо омода аст муваффақиятҳо ва арзишҳояшро бо мамолик ва қавмиятҳои бидуни сарҳадоти хеш бо ҳам бубинад. Аз ин лиҳоз, Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб фаъолият бурда, ҳамасола барои рушти мамлакат кӯмакҳои зиёд фароҳам менамояд.

Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии Хайриявии «Ҷовид» бо Иттиҳоди Аврупо аз соли 2005 инҷониб ҳамкорӣ дорад ва бо маблағгузории ин Иттиҳод 5 лоиҳаро амалӣ намуд.

Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии Хайриявии «Ҷовид» 6 августи 2002 сол дар Вазорати Адлияи Тоҷикистон таҳти рақами 989 ба қайд гирифта шудааст. Вобаста ба интишори қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ моҳи ноябри соли 2007 аз нав ба қайд гирифта шуд (шаҳодатнома оид ба қайд таҳти рақами 282 «А»)

Вазифаи муҳим

Мусоидат намудан дар беҳтаршавии шароити зист ва баланд бардоштани некуаҳволии аҳолии деҳоти ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин саҳми худро дар амнияти озуқавории кишвар тавассути рушди барномаҳои қарздиҳӣ ва хизматрасонии машваратӣ, инкишоф ва воридсозии технологияи нав сермаҳсул гузоштан.

Лоиҳаҳои ташкилот ба тараққиёти маҳал нигарони шуда, ба воситаи дахолат ба бахши кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи зист беш аз 40 лоиҳаи ба самти инкишофи  деҳот равона шуд ва беҳтаргардонии некуаҳволии сокинонро иҷро намуданд.

Ташкилоти ҷамъиятии “Ёқути Даршай” ҳамчун ташкилоти мустақили ғайри тиҷоратӣ соли 2010 дар адлияи вилояти МКБ зери рақами ИЧ-143 ба қайд гирифта шудааст. Муассиони ташкилот шикорчиёни маҳал мебошанд, ки ба хулосаи нигоҳдорӣ, афзунгардонӣ ва истифодаи усуворонаи захираҳои табиӣ омаданд.

Вазифаи асосии ташкилот

Мақсади асосии барпо намудани ташкилот, амалӣ гардондани лоиҳаҳо ва барномаҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи муҳити атроф, боигарии табиӣ, олами наботот ва ҳайвонот, зиёдгардонии шумораи ҳайвонҳои ваҳшӣ ва паранда, аз он ҷумла буз ва гӯсфанди кӯҳӣ, паланги барфӣ, кабки ҳилол, уқоби сафедсар, дурандешона истифода бурдани чашмаҳои табобатии минералии баландкӯҳ ва ба ҷо овардани кӯмаки башардӯстона.

ДАР БОРАИ ЛОИҲА

 Лоиҳа барои пешгирии иштироки ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ихтиллофҳо ва барои мусоидати ноилшавӣ ба сулҳ дар минтақа мақсад гузошта буд. Бо давомнокии 3 сол лоиҳа аз ҷониби Ташкилоти Ҷамъиятӣ Байналмилалӣ Хайриявии «Ҷовид» бо ҳамшарикии Ташкилоти Ҷамъиятии «Ёқути Даршай» иҷро шуд, ки аз январи соли 2015 оғоз ёфта буд.

Лоиҳа «Пастфурории шиддат пас аз ихтиллофҳо ва хатарҳои пайдоиши низоъҳо дар ҷомеа, боварӣ ба худ ва барори сулҳ тавассути ҷалби иқтисодииҷтимоии ҷавонони маҳал, инчунин дар қабули қарорҳо ва намудҳои фаъолияти даромадоваранда» номгузорӣ шудааст. Лоиҳа дар ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб амалӣ шуд.

Дар давоми 3 соли фаъолият лоиҳа корҳои зеринро ба сомон расонид:

Бо Ҳукуматҳои ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баёния оид ба ҳамкорӣ баста шуд, ҷамоатҳои мақсаднок интихоб шуданд, 2 конфронси пеш аз лоиҳавӣ ва 2 баъд аз лоиҳа гузаронида шуд, татқиқотҳои гуногун гузаронида шуданд, 10 мизи мудаввар ташкил карда барои муаллимони мактабҳои миёна 2 омӯзиш такшил карда шуд,  муаллимони аз омӯзиш гузашта, барои беш аз 1200 хонандагон 77 дасрҳои кушод гузарониданд. Барои обутоби бадан ба 17 мактабҳои 2 ноҳия  лавозимотҳои зарурии варзиш дастрас карда шуд. Дар чорчӯбаи лоиҳа озмунҳои расмҳо ва мақолаҳои беҳтарин оиди сулҳ ва пешгирии ихтиллофотҳо гузаронида шуданд, ки ғолибони он бо сипоснома ва тӯҳфаҳои арзанда қадрдонӣ гардиданд. Мақолаҳои беҳтарин дар рӯзномаи вилоятии «Бадахшон» ва умумиҷумҳуриявии «Омузгор» чоп шудаанд. Барои бардоштани ҳисси меҳанпарастии ҷавонон 14 вохӯриҳо бо ҷавонони лаёқатманд ташкил карда шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 1290 ҷавонон иштирок варзиданд.

Барои пурзӯр кардани заминаи моддию фаннии Литсейҳои касбию-техникӣ (ЛКТ)  ва бахшҳои Маркази Омӯзиши Калонсолон ((МОК) аз тарафи лоиҳа таҷҳизотҳо, китобҳо ва маводҳо дастрас ва тақсим шуд. Дар ЛКТ ва МОК барои ҷавонони камбизоат 20 курсҳои кӯтоҳмуддат ройгон ташкилу гузаронида шуд, ки дар онҳо зиёда аз 340 ҷавонон соҳиби касбҳои наву гуногун шуданд.

Дар соҳаи кишоварзӣ 4 майдончаи намоишӣ сохта ва дар ин майдончаҳо 12 рӯзҳои саҳроӣ бо иштироки 136 нафар баргузор гардид. Дар майдончаҳо зироатҳое, ки барои хоку иқлими ноҳияҳои Ишкошиму Мурғоб мутобиқ санҷида тавсия дода шуданд.

Барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар ноҳияҳои Ишкошиму Мурғоб Фонди Дастгирии Соҳибкорӣ ташкил ёфт. Барои ҷавонони ноҳияҳои Ишкошиму Мурғоб 11 омӯзишҳои мавзӯи оид ба сохтани нақшаҳои соҳибкорӣ (бизнес-нақшаҳо) ташкил карда шуданд. Ҷавонони аз омӯзиш гузашта бо нақшаҳои соҳибкории тартиб додаи худ ба Фонди Дастгирии Соҳибкорӣ муроҷиат карданд. Дар рафти азназаргузаронӣ комиссия ақидаҳои беҳтарини соҳибкориро дастригӣ намуд. Ҳамагӣ аз тарафи Фонди Дастгирии Соҳибкорӣ 84 нақшаҳои соҳибкорӣ  дар 2 ноҳия дастгирӣ ёфтанд ва ба онҳо дастгоҳҳо ва таҷҳизотҳои лозимӣ дастрас гардиданд.

Барои пурзӯр кардани фаъолияти Кумитаҳои ҷавонони ноҳияҳои мақсаднок аз тарафи лоиҳа таҷҳизотҳои гуногуни барои дафтари кор, аз қабили: компутер-ноутбук, чопкунакҳо, мизу курсӣ, ҷевон, планшет ва дигар аъшёҳои лозимӣ таъмин карда шуданд. Барои кормандони кумитаҳои ҷавонон омӯзишҳо ва сафарҳои мубодилаи таҷриба амалӣ гаштанд. Дар назди Кумитаҳои ҷавонон Ассотсиатсияҳои ҷавонон ташкил карда шуданд. Лоиҳа бо воситаҳои ахбори умум ҳамкории зич дорад ва дар рафти амалисозии лоиҳа зиёда аз 20 мақолаҳо дар нашриёти “Бадахшон”, «Зиндаги» ва «Сарыкол» аз нашр баромадаанд.

Роҳбарияти ТҶБХ «Ҷовид» ва ТҶ «Ёқути Даршай» аз номи кормандони лоиҳа ва гурӯҳҳои мақсаднок сараввал ба маблағгузори лоиҳа, яъне Иттиҳоди Аврупо, Раисони Ҳукуматҳои ноҳияҳои Ишкошиму Мурғоб ва дар симои онҳо ба ҳама сохторҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки барои амалишавии лоиҳа саҳми арзандаи худро гузоштанд, изҳори минатдорӣ менамоянд ва итминони комил доранд, ки дар пиёда намудани лоиҳаҳои нав ба нав барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон  ба кӯмаки якдигар ниёз хоҳем дошт ва амалӣ карда мешавад.

Бо арзи сипос

Раиси ТҶБХ «Ҷовид»                                                    Рамазон Нурмамадов


 

Ташкил ва гузаронидани 2 конфронси ноҳиявӣ

 Барои шиносоӣ бо мақсад, вазифаҳо ва натиҷаи ниҳоии банақшагирифтаи лоиҳа, инчунин барои шинос шудан бо Барномаи Иттиҳоди Аврупо, пиёдагардонӣ ва дастгирии молиявии он, роҳбарият ва мутахассисони Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии Хайриявии «Ҷовид» ва шарики лоиҳа Ташкилоти Ҷамъиятии «Ёқути Даршай» силсилаи вохӯрӣ дар сатҳи ҳукумати вилоят бо муовини раиси ҳукмати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаноби Исрор Исроров гузарониданд. Дар ин нишастҳо мақсад, вазифи лоиҳа, фарогирии ҷуғрофӣ, шарикони эҳтимолӣ аз ҳисоби мақомоти ҳукумати маҳал муҳокима гардиданд.

Бо нияти шиносоии амиқ бо марому вазифаҳои лоиҳа ТҶБХ «Ҷовид» дар ҳамкорӣ бо ТҶ «Ёқути Даршай» инчунин як қатор вохӯриҳои дигари зерин ташкил  намуд:

  • Бо ҷаноби Самадов З.М., Раиси ноҳияи Ишкошим, 05.02.2015 сол.
  • Бо ҷаноби Чоошбаев М.А., Раиси ноҳияи Мурғоб, 08.02.2015 сол.

Беш аз он, ба ғайр аз раиси ҳукумати ноҳияҳо вохӯрӣ бо муовинон, роҳбарони кумитаҳо ва идораҳое, ки бевосита дар доираи манфиатбинони лоиҳа қарор доранд, ба мисли Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи меҳнат ва таъминот бо шуғл, Кумитаи иқтисод ва рушд, Шӯъбаи маориф, Марказҳои Омӯзиши Калонсолон, Литсейҳои касбию техникӣ, раисони ҷамоатҳои деҳоти таҳти лоиҳа буда ва ғайра.

Натиҷаи ҳамин вохӯриҳо ташкили якҷояи 2 муаррифии лоиҳа дар сатҳи ноҳия гардид.

  • Муаррифӣ дар ноҳияи Мурғоб – 17.02.2015 (39 нафар ширкат варзиданд)
  • Муаррифӣ дар ноҳияи Ишкошим – 24.02.2015 (40 нафар иштирок доштанд).

Ҳозирин аз ҳисоби ҷавонон, сохторҳои тиҷорат, намояндагони мақомоти ҳукумати маҳал, намояндагони сохторҳои қудратӣ, фермерҳо ва воситаҳои ахбори умум буданд. Тадбиқи ҳамин лоиҳаро кулли иштирокдорон дастгирӣ намуданд. Зиёда аз ин, натиҷаи муаррифӣ нашри мақолаҳо вобаста ба фаъолияти лоиҳа дар рӯзномаи ноҳиявии «Зиндагӣ» — и Ишкошим, «Сарыкол» — и Мурғоб ва «Ҳақиқати Бадахшон» — и вилоят гардид.

Лоиҳа писанди ҳамаи иштиррокчиёни маррифӣ ва боиси дастгирии фаъолонаи онҳо шуд. Ҳозирини муаррифӣ омодагии хешро баҳри ҳамкории самарабахш баён намуданд ва сипосгузории аҳли ҷомеаро ба Вакилони Иттиҳоди Аврупо дар пастфурории сатҳи камбизоатии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон умуман ва ВМКБ аз он ҷумла тавассути лоиҳаҳои гуногун изҳор доштанд.

 

Ташкили ТОТ

Кормандони лоиҳа дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи маориф чорабиниро барои муайян намудани тренерҳое, ки ба омӯзиши калонсолон бояд ҷалб мешуданд, равона сохтанд. Мушоҳидаҳои пайваста нишон доданд, ки барои омода намудани чунин тренерон барои гурӯҳҳои калонсол нисбатан муносибтар бо дониши касбии арзандаю собиқадори ин минтақа мебошад.

Пас аз ҳайати тренерони омӯзиши калонсолонро муайян намуда, ба тренер Айдаров Вафо супориш дода шуд, ки модули омӯзишӣ дар мавзӯи «Низоъ ва роҳҳои ҳалли он байни ҷавонон ва хонандагон», вобаста ба мавзӯъ маводҳои иловагӣ омода созад.

Дар модули омодагашта муфассал оид ба фаъолият дар сессияҳо аз аввал то ба охир тасвир ёфтааст. Дар баробари модул, тренер инчунин беш аз 8 номгӯи маводҳои тақсимотиро ҳам тайёр карда манзури иштирокдорон гардонид. Тамоми маводҳо, яъне модул ва матнҳои барои тақсимот нигаронидашуда, бо забони барои иштирокчиён дастрас ва фаҳмо, бо назардошти хоҳиши шунавандагон вобаста ба мазмуну моҳияти матнҳо, барои истифодабарӣ қулай тартиб дода шуданд.

Пас аз ҳаллу фасли якҷояи масъалаҳои ҷузъию муҳим ба чунин қарор омада шуд, ки ТОТ – дар ҳарду ноҳияи мақсаднок: ноҳияи Ишкошим ва ҳамчунин Мурғоб гузаронида шавад. Мавриди зикр аст, ки ҳар як ТОТ аз 4 рӯз иборат буд. Ду рӯзи аввал сессияҳо дар зермавзӯъҳои «Пайдошавии низоъ ва ояндабинии рафтори одамон ҳангоми ихтиллофот», рӯзҳои 3-4 бошад, дар хусуси «Сабабҳои сар задании нозоъ ва роҳҳои паст фуровардани ҷанҷол» гузаронида шуданд.

Аз 8 то 11 июли 2016 сол ТОТ дар ноҳияи Ишкашим, дар деҳаи Вичкути ҷамоати Птуп баргузор гардид. Дар ин ТОТ намояндагони 13 муассисаҳои таълимоти умумӣ, шӯъбаи маориф, кумитаи амнияти миллӣ ва шӯъбаи кор бо ноболиғон ширкат варзиданд. Ба таври умум дар ТОТ — и 4 рӯза 19 нафар иштирок доштанд.

Аз 21 то 24 июли 2015 сол ТОТ дар ҷамоати Мурғоби ноҳияи Мурғоб баргузор гашт. Дар он 6 омӯзгор, намояндагони шӯъбаи маориф ва корманд оид ба кор бо ноболиғон ҳузур доштанд. Ҷамъ дар тренинги омӯзиши тренерон 8 нафар иштирок варзиданд.

Машғулиятҳо бо истифодаи усулҳои гуногуни омӯзиши фаъолгардонӣ баргзор гардиданд. Мавқеи асосиро давоми машғулиятҳо баҳсу мунозира, корҳои гурӯҳӣ, азми зеҳнӣ ишғол намуд. Ба ин амал дар рӯзи аввали машғулият байни иштирокдорон тақсим намудани китобчаи «Усулҳои фаъоли омӯхтан» («Интерактивный метод обучения») мусоидат намуд. Вобаста ба он, ки аз шунавандагони тренинг имконоти хуби бегоҳӣ якҷо ҷамъ омада масъалаҳо ва супоришҳоро муҳокима намудан фароҳам оварда шуда буд (онҳо дар меҳмонхонаи осоишгоҳ ҷо ба ҷо шуда буданд), вазифаҳои гурӯҳӣ ва инфиродиро ба машғлиятҳои рӯзи оянда ҳаллу фасл менамуданд.

Ҳамаи иштирокдорони тренинг аз донишу малакаи азхуднамуда изҳори қаноатмандӣ намуданд, гувоҳи он пурсиши гузаронида байни онҳо пас аз тренинг мебошад.

 

Ташкили дарсҳои кушоди тарбиявӣ

дар муассисаҳои таълимии сатҳи маҳал

 Омӯзгорони аз ТОТ гузашта дар асоси гуфтушуниди пешакӣ бо хонандагони муассисаҳои маълумоти миёнаи умумии таҳти лоиҳа қарордошта дар мавзӯъҳои «Низоъ ва оқибатҳои он», «Чораҳои асосии пешгирӣ ва услҳои гуногуни пастфурории ихтиллофот» дарсҳои кушоди тарбиявӣ гузарониданд. Бори дигар қайд намуданием, ки чунин дарсҳои тарбиявиро бо толибилмони синфҳои боло (8-11) маҳз омӯзгорони аз ТОТ гузашта бар дӯши худ гирифтанд.

Дарсҳои тарбиявӣ дар соатҳои тарбиявии муайяншудаи ҷадвали дарсҳо, ки дар ҳамаи синфҳо ҳафтае 1 соат муқаррар шудааст, рост оварда шуд. Мақсаду мазмуни онҳо ҳам як буд. Азбаски моҳиятан ва ҳаҷман дар як соати дарсӣ (45 дақиқа) тамоми маводро ғунҷондан номумкин шуд, роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва кормандони лоиҳа онро дар 2 соати тарбиявӣ ба нақша гирифтанд, яъне бо ҳар як синф 2 соат дарси тарбиявӣ дар ҳамин мавзӯъҳо баргузор гашт. Мувофиқи нақшаи лоиҳа бояд 300 хонанда аз чунин дарсҳои кушоди тарбиявӣ мегузаштанд. Муҳимияти мавзӯъ, манфиатнокӣ, имконот ва хоҳишмандии шӯъбаи маориф, маъмурияти муассисаҳои таълимию омӯзгоронро ба назар гирифта, дар давоми фаъолияти лоиҳа 77 дарсҳои кушоди тарбиявӣ бо фарогирии 1240 хонанда, аз онҳо 605 нафар (48,5) духтарон, ташкил карда шуд. Ногуфта намонад, ки ба ҳамаи мактаббачагони аз чунин чорабинӣ гузашта маводҳои иловагӣ дастрас карда шуд.

 

Харид ва тақсими лавозимоти варзиш ба муассисаҳои мактабии интихобшудаи ноҳияҳои таҳти лоиҳа қарордошта

Мувофиқи пешниҳоди нақшаи лоиҳа, пас аз интихоби муассисаҳои таълимӣ ва гузаронидани ТОТ барои омӯзгорон, ҳамин муассисаҳо бояд бо лавозимоти зарурии варзиш барои гузаронидани дарсҳои амалии тарбияи ҷисмонӣ  таъмин шаванд. Мутахассисон якҷоя бо кормандони ТҶБХ «Ҷовид», ТҶ «Ёқути Даршай» рӯйхати лавозимоти зарурии варзишро дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои зикрёфта муайян намуданд.

Моҳи сентябри 2015 сол мутахассисон бурдарасонӣ ва тақсимоти лавозимоти варзишро мутаносиби эҳтиёҷоти муассисаҳо сар карданд. Мавриди зикр аст, ки тамоми маводҳои варзиш дар асоси созишномаи ба имзо расида ва санади доду гирифти маводҳо ба муассисаҳои зикрёфта супорида шуданд.

Лавозимоти варзиш байни 17 муассисаи маориф тақсим карда шуд. Онҳоро ба ғайр аз дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ инчнин дар мусобиқаҳои гуногуни варзиш, ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Рӯзи Истиқлолият, Рӯзи ваҳдат, Рӯзи конститутсияи ҶТ, ҷашни Наврӯз; ҳамчунин Рӯзи ҷавонон, Рӯзи байналмилалии зидди СПИД ва ғайра истифода мебаранд.  Давоми лоиҳа дар сатҳи ноҳия 8 мусобиқаи оммавии варзиш гузаронида шуд.  Барои ҷавонон мусобиқаҳо аз рӯи намуди футбол, муштзанӣ, тенниси рӯи миз, гӯштини тарзи озод, шоҳмот ва шашка ташкил карда шуданд. Дар ин мусобиқаҳо, мутобиқи далелҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, беш аз 600 ҷавон, аз онҳо 110 духтар ширкат варзиданд. Беш аз ин, пас аз анҷоми машғулиятҳо дар майдончаҳои варзиш мусобиқаҳо байни наврасони ҳар як кӯча асосан аз рӯи намуди футбол ва волейбол баргузор мегардад, ки низоми хуби паст фуровардани шиддати зиддият байни ҷавонон, муттаҳидӣ, беҳтаршавии саломатӣ ва паст фуромадани хатари ҷалби онҳо ба ҳар гуна гурӯҳбозиҳои қатъиятпазир мегардад.

 

Озмуни расму мақолаҳои беҳтарин

 Дар доираи лоиҳа байни мактаббачагони ноҳияҳои лоиҳавӣ озмуни расму мақолаҳои беҳтарин эълон карда шуд.

Давра ба давра натиҷаҳои озмуни ҳарду ноҳия ҷамъбаст шуданд. Аввал дар ноҳияи Мурғоб 14 июни 2016 сол дар бинои Маркази эҷодии наврасон ва кӯдакон озмуни сатҳи ноҳиявӣ баргузор гардид.

Корҳои эҷодиро доварони босалоҳият аз ҳисоби мутахассисони мақомоти ҳукумати маҳал, муҳарири рӯзномаи «Сарыкол», Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Маркази эҷодии наврасон ва кӯдакон, намояндагони ТҶБХ «Ҷовид» ва ТҶ «Ёқути Даршай», инчунин омӯзгорони расму нақшакашӣ ва таъриху адабиёти МТМУ баҳогузорӣ карданд.  Ҳар як аъзои довар метавонист фақат ба 3 кори маъқулёфта (барои ҷойҳои 1,2,3) ниҳонӣ овоз диҳад. Бояд қайд намуд, ки барои риояи шаффофият ному насаби иштирокчиёни озмун дар кори эҷодиашон (расмҳо) пӯшонида шуда буданд.

Пас аз овоздиҳӣ аз 47 расмҳое, ки ба давраи дуюм роҳ ёфта буданд, ғолибони озмун аз ҷониби доварон инҳо дониста шуданд:

  1. Сатыбалдыев Максат – хонандаи синфи 9 аз мактаби таҳсилотит миёнаи умумии рақами 1
  2. Бердибаева кызы Назигул – толибаи синфи 11 аз МТМУ рақами 6
  3. Гочонберди уулу Адилет, толибилми синфи 10 аз МТМУ № 9

Баъдан, 16 июни 2016 сол дар ноҳияи Мурғоб дар ҳамин бинои номбаршуда озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯи «Низоъ чист ва он ба мо чӣ хел таъсир мерасонад?» ҷамъбаст гардид. Кори эҷодии ин гурӯҳ низ аз ҷониби ҳамин ҳакамони дар боло номбаршуда ба таври шаффоф дар сатҳи баланди  мантиқӣ баҳогузорӣ шуд.

Тавре дар озмуни расми беҳтарин муқаррар гардида буд, дар озмуни мақолаҳои беҳтарин ҳам ҳар як аъзои доварон фақат ба 3 кори эҷодӣ ҳақи овоздиҳӣ дошт. Пас аз ҳаллу фасл ва ба овоз гзоштан аз 21 мақолаи давраи дуюм ғолиб инҳо шинохта шуданд:

  1. Нурулло Шанбезода, аз МТМУ рақами 14
  2. Айнура Тактосынкызы, аз МТМУ рақами 1
  3. Айдона Назарова, аз МТМУ рақами 1

Раиси ҳакамон, Мамадюнусов Мусат, мудири шӯъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ғолибони озмунро аз номи сарпарастони лоиҳа, татбиқкунандагони он (яъне ТҶБХ «Ҷовид» ва ТҶ «Ёқути Даршай»), инчунин шахсан раиси ноҳияи Мурғоб шодбош гуфта, онҳоро бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр карданд.

Ба ҳамин монанд маросим дар ноҳияи Ишкошим баргузор гардид.  20 июли 2016 сол озмуни расми беҳтарин дар доираи лоиҳа дар мавзӯи “Баракати сулҳ ва оқибатҳои ногувори низоъ”  баргузор гардид. Ҳакамон дар ҳайати намояндаи мақомоти маҳали ҳукмати давлатӣ, директори Маркази эҷодии наврасон ва кӯдакон, муҳарири рӯзномаи «Зиндагӣ», мудири Кумитаи ҷавонон ва варзиш; намояндагони ТҶБХ «Ҷовид», ТҶ «Ёқути Даршай»; бо ҷалби омӯзгорони бетарафи фанни расму нақшакашӣ аз МТМУ-ро ташкил медоданд. Аз 52 расми ба Маркази эҷродии наврасон кӯдакон дохилшуда ҳакамон пас аз дида баромадан ва баҳогзорӣ 3 кори эҷодиро аз қабили:

  1. Азизи Поянда, аз МТМУ рақами 8
  2. Ошурова Барно, аз МТМУ рақами 15
  3. Мирзоев Эҳсон, аз МТМУ рақами № 32

сазовори интихоб донистанд.

Музаффарёфтагон бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз номи лоиҳа ва Мақомоти давлатии ҳукумати маҳал мукофотонида шуданд.

Ба ҳамин шабоҳат дошта, 22 июли  2016 сол дар ноҳияи Ишкошим озмуни мақолаи беҳтарин барпо шуд, ки мавзӯи он ҳам аз мазмуни лоиҳа бармеомад.  Ҳакамон дар ҳайати директори МЭНК, муҳарири рӯзномаи «Зиндаги», мудири Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, намояндагони ТҶБХ «Ҷовид», ТҶ «Ёқути Даршай», бо даъват омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқ, забон ва адабиёт аз МТМУ корҳои эҷодии хонандагонро, ки ба давраи навбатӣ гузаштаанд, аз назар гузаронида ба онҳо баҳои муносиб гузоштанд ва 3 кори эҷодӣ инҳо интихоб шуданд:

  1. Фирдавси Кодиршох, аз МТМУ рақами 10
  2. Афшонаи Файзуллобек, аз МТМУ рақами 15
  3. Парвозов Шаҳбон, аз МТМУ рақами 28

Ғолибон аз ҷониби маблағгузори лоиҳа ва иҷрокунандагони он ва шахсан аз номи Раиси ноҳия бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои арзандаи хотиравӣ мушарраф гардонида шуданд.

Аз корҳои эҷодии номбаршуда ҳакамон мақолаи Афшона Файзуллобековаро беҳтар донистанд ва барои нашр дар рӯзномаи вилоятии «Бадахшон» ва «Омӯзгор»-и ҷумҳурӣ тавсия доданд. Мақолаи тавсияшда дар нашрияҳои нобаршуда ба чоп расид.

 

 

Ташкили вохӯрии ҷавонони боистеъдод бо мактаббачагони МТМУ

 Барои ташкили ин чорабинӣ дар оғоз омодабошии васеъи зина ба зина гузаронида шуд, масалан гирифтани рухсати гузаронидани вохӯриҳо аз мақомоти ҳукумати маҳал, мувофиқаткунонии нақшаҳо бо шӯъбаи маориф, тартиб додани мундариҷаву мазмуни вохӯрӣ, ёфтану ҷалби ҷавонони қобилиятнок ва ғ.

Моҳи сентябри соли 2016 мутобиқи нақшаи тасдиқгардида аввалин нишаст-вохӯриҳо бо мактаббачагони синфҳои боло (8-11) дар ноҳияҳои Ишкошиму Мурғоб ташкил карда шуданд. Кормандони лоиҳа кӯшиш ба харҷ доданд, ки ҷавонони аз ҳама беш лаёқатмандро ҷалб намоянд, ки онҳо донишу таҷрибаи ҳаёти худро ба  насли наврас расонда тавонанд.

Байни ҷавонони боистеъдоди даъватшуда аз касбҳои гуногун фаро хонда шуда буданд, ба мисли тоҷирон, омӯзгорон, рассомон, навозандагон, сарҳадбонон, кормандони ҳукумат, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва ғайра.

Ҳамагӣ 14 вохӯрӣ — ҷаласа дар 14 МТМУ баргузор гардид. Дар онҳо 1294 хонана, аз он ҷумла 642 духтар иштирок доштанд. Беш аз он, худи омӯзгорон ҳам хоҳиши дар чунин ҷалаасаҳо ширкат варзидан иҳзҳор намуданд. 252 омӯзгор аз ду ноҳияи лоиҳавӣ дар ин чорабиниҳо ҳузур доштанд, 159 нафари онҳоро муалимаҳои ҷавон ташкил доданд.

 

 Намоишҳои театрикунонида

 Бо мақсади беҳтаршавии доираи назари ҷавонон ба низоъ ва оқибатҳои он  дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо  ҷавонон ва варзиш, аъзоёни Ассотсиатсияи ҷавонон дар ноҳияҳои таҳти лоиҳа намоишҳои театрӣ ташкил намуда гузаронидаанд. Ин чорабиниҳо ба Рӯзи Конститсияи ҶТ мутобиқ карда шуданд (ноябри 2016 сол). Бо ташаббуси Ассотсиатсияи ҷавонон ва созиш бо ТҶБХ «Ҷовид» — у ТҶ «Ёқути Даршай» барои ҳарчи бештар фаро гирифтани шумораи ҷавонон, дастрасии онҳо барои иштирок, беҳтару фаҳмотар дарки мазмуну моҳияти намоиш, қарор дода шуд, ки онҳо дар ҳар як ҷамоати лоиҳавӣ гузароинида шавад, яъне 7 намоиши саҳнавӣ баргузор гардид.

Бояд таъкид намуд, ки усул, матн, тарзи пешниҳоди иттилоот аз худи ҷавонон бармеомад.  Дар рафти вохӯриҳо, ҷаласаҳои гуногунсатҳ бо ҷавонон онҳо иброз медоштанд, ки шарти асосии беҳтар дарк намудани ҳар як иттилоот ин сода будани он, озодҳискунӣ ва фазои роҳатбахш мебошад. Вобаста ба ин, аъзоёни Ассотсиатсияи ҷавонон қарор доданд маълумотҳоро бештар ба таври ҳаҷвӣ, танқиди шӯхиомез пешкаш намоянд (дар шакли саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва суруду баромадҳои ҳазломез).

Ҷавонони ҷамоатҳои зикршуда бо шодии комил ҳар як баромадро истиқбол мекарданд, чунки солиёни дароз касе дар чунин сохтор ин тавр намоиш нишон надода буд.

Ҳамагӣ дар 7 намоиши театрикунонида 1434 ҷавон, аз онҳо 727 (50,7%) духтарони деҳот буданд. Барои пурмазмуну шавқовартар шудани намоиш асосан ҳунармандони касбии Хонаҳои маданияти ҷамоатҳо ҷалб карда шуданд.

 

Тақвияти Литсейҳои касбию техникӣ

ва Марказҳои таълими калонсолон

Дар рафти таҳқиқи хурд эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимии интихобшуда ба таҷҳизот ва асбобу анҷом ба хотири зарурати бештар ба машғулиятҳои амалӣ муайян карда шуданд. Мувофиқи эҳтиёҷоти онҳо 8 сех (устохона), яъне дар ҳар як ноҳия 4 – тои, аз рӯи самтҳои зерин муҷаҳҳаз гардонида шуданд:  2 утоқи дӯзанда, 2 утоқи кафшери барқӣ, 2 синфи компютерӣ, 2 синфхонаи омӯзиши забонҳои хоиҷӣ.

 

Номгӯи таҷҳизот

Воҳиди

ченак

Шумора
1 Таҷҳизоти  кафшери барқӣ «Зверь» маҷмӯъ 2
2 Мошини дарздӯзии «Чайка-142» (дастӣ ва барқӣ) дона 16
3 Дастгоҳи дӯзандагии «Аверлог» (дастӣ ва барқӣ) дона 2
4 Ноутбук (Lenova и Accer) дона 16
5 Принтери МФУ дона 2
6 Болгарка дона 2
7 Миз  (паҳноӣ-0,6м, баландӣ-0,75м, дарозӣ-1,2м) дона 10
8 Курсӣ (қатъшаванда) дона 20
9 Ҷевон барои китоб дона 1
10 Ниқоб барои кафшергарҳо дона 20
11 Телевизор (HD) дона 2
12 DVD дона 2
13 Генератор бо сӯзишвории дизелӣ (9 кВт) дона 1
14 Росткунаки барқӣ (выпрямитель  5 кВт) дона 1
15 Дарзмол дона 2
16 Калкулятор дона 30
17 Электрод қуттӣ 4
18 Дастпӯшак барои кафшергар қуттӣ 20

 

Рӯйдоди муҳиму ниҳоят писанд барои донишҷӯён ва омӯзгорон ин тартиб додану нашри китобҳои таълимӣ ба забони тоҷикӣ гардид. Дар зер рӯйхати онҳо оварда шудааст.

Номгӯи китобҳо Нашр шуд Миқдори саҳифа
1 «Омӯзиши компютери шахсӣ» 80 80
2 «Асосҳои ҳисоби муҳосиб» 35 40
3 «Ошпаз ва қаннод» 35 40
4 «Нозукиҳои хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо ва оростани дастархон» 35 52
5 «Дӯзанда» 65 330
6 «Кафшергари гази барқӣ» 65 200
  Ҳамагӣ 315  

 

Такроран бояд қайд намуд, ки ҳамаи китобҳои номбаршуда ба забони тоҷикӣ тартиб дода шуданд. Ин дастоварди беназир ҳисоб меёбад, чунки то ин дам дар муассисаҳои таълими калонсолони ин минтақа монанди ин китобҳои дарсӣ мавҷуд набуданд. Ҳамин китобҳо зиёд карда шуда, дастраси ЛКТ ва МТК-и ноҳияҳои лоҳиявӣ  гардонида шуданд.

Ҷамъ 315 ҷузъи ин китобҳо бо назардошти эҳтиёҷоти омӯзгорон ва талаботи хонандагон зиёд карда шуданд. Дар оянда китобҳо барои боло бурдани сатҳи дониши хонандагони аз таълими касбӣ мегузашта дар назар аст.

 

Ташкили курсҳои кӯтоҳмудати касбии 1-3 моҳа

 Дар асоси он, ки кадом соҳаҳо муайян шуданд (муҳосиб, дӯзанда, омӯзиши забони англисӣ ва русӣ, компутер, кафшергари барқӣ) ҷавонон тавссути эълонҳои дар ҷойҳои серодам часпондашуда (бозор, ҷамоатҳо, истгоҳҳо ва ғайра) ба ин курсҳои касбӣ ҷалб карда мешуданд. Беш аз ин, эълонҳо дар аксари деҳаҳои хурду калони гирду атроф барои иттилооти ҷавонон оид ба курсҳои кӯтоҳмуддат барои хонаводаҳои камдаромад часпонида шуданд.  Дар ҳамаи ҷаласаҳои кормандони лоиҳа бо ҷавонон дар хусуси кушодашавии чунин курсҳо ба таври шифоҳӣ маълумот дода мешуд. Бо меъёри пуррашавии гурӯҳ (иборат аз 15 хонанда) курсҳо машғлияти худро оғоз мекарданд.

Тамоми курсҳои касбии ташкилшуда дар асоси барнома ва нақшаи таълимии тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми ҶТ, инчунин Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба роҳ монда мешуданд. Хатмкардагони курси касбӣ шаҳодатномаи хатми курси кӯторҳмуддати коргарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ – ро соҳиб шуданд. Бояд таъкид намуд, ки шаҳодатномаҳои додашуда (дипломҳо) мақоми байналмилалиро доранд ва онҳоро дар кулли мамолики ҲДМ (СНГ) эътироф мекунанд.

Дар давоми ҳисоботӣ бо маблағгзории Иттиҳоди Аврупо ва роҳандозии ТҶБХ «Ҷовид», ҳамкори он ТҶ «Ёқути Даршай» 20 курси кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ташкилу гузаронида шуданд, ки дар онҳо 346 ҷавони ноҳияҳои лоиҳавӣ иштирок намуда соҳиби касби дилхоҳ шуданд. Фарогирии духтарони деҳот 206 нафарро ташкил дод, ё ин ки 59,5% аз шумораи умумии хатмкардагони курсҳои кӯтоҳмуддат буд, яне аз писарон дида зиёдтар ташкил дод.

Барпо намудани Хазинаи дастгирии соҳибкорӣ

Моҳи феврали 2016 сол кормандони лоиҳа корро барои ташкил намудани Хазинаи дастгирии соҳибкорӣ шурӯъ намуданд. Пеш аз оғози кор дар ин самт таҷрибаи ташкилотҳои байналмилалӣ (UNDP, Хазинаи Оғо Хон, Агро Аксияи Олмон) – ро, ки бо хазинаҳои гуногун дар дохили ҶТ фаъолият доштаанд, амиқ омӯхт. Пас аз мубодилаи таҷриба кормандони лоиҳа дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳукумати маҳал Хазинаи дастгирии соҳибкориро барпо намуданд.

Дар ҳар як Хазина корро комиссияе пеш мебурд, ки барои фаъолияти он ва шаффофияти ақидаҳои интихобшуда масъул буд. Вобаста ба ин дар ҳайати Хазинаи дастгирии соҳибкорӣ инҳо интихоб шуданд:

Дар ноҳияи  Ишкошим

  • Мирзоев Мусо, раиси комиссия – муовини аввали раиси ноҳияи Ишкошим
  • Атобеков Нурали – мудири Шӯъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳукумати давлатӣ
  • Абибов Гулбек – сармутахасиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш
  • Бобокова Ойгул – мудири Бахши кор бо занон ва оила
  • Илчибеков Пулод – раиси Ассотсиатсияи соҳибкорон
  • Алидодов Мунавар – раиси ТҶ «Еқути Даршай»;
  • Амиршоев Толибшо – корманди ТҶБХ «Ҷовид».

 

Дар ноҳияи Мурғоб

  • Сатаров Эрназар, раиси комиссия – муовини аввали раиси ноҳияи Мурғоб
  • Камчибеков Чанболот – мудири Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Мурғоб
  • Ниязбеков Акимали – мудири Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи ғайриманқули назди мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ
  • Қурбонбекова Шаҳноза – мудири Бахши кор бо занон ва оила
  • Сейбеков Бейше – раиси ҷамоати Мурғоб
  • Жордошбаев Абдиманап – раиси ҷамоати Аличур
  • Озорбеков Гочоназар – сафарбаркунандаи ТҶ«Еқути Даршай»

Тренинги «Тартиб додани нақшаи соҳибкорӣ»

 Ҳангоми барпо кардани тамоми намудҳои соҳибкории хурд дар рафти фаъолияти он зарурати тартиб додани нақша, ки яквақта ҳам нақшаи фаъолият ва ҳам раҳнамои ояндаи зиндагӣ мегардад, беандоза муҳим шуморида мешавад.

Нақшаи соҳибкорӣ яке аз аввалин ҳуҷҷатҳои  хулосакунандаи асоснокшудаи маблағузорӣ мебошад ва далелҳои феҳрасти ба нақшагирифта,  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, хусусияти бозори фурӯш, анбори ашёи хом, талабот ба захираҳои замин, барқ, қувваи корӣ ва ғайраро дар бар мегирад.  

Ҳамин тренинг асосҳои муҳимтарини банақшагирии соҳибкориро ҳамчун олоти нақшаи соҳибкории хурд  ҳаллу фасл намудан пешниҳод мекунад. Дар натиҷаи ҳамин кормандони лоиҳа якҷоя бо мутахассисонии соҳибкорӣ семинар-тренингҳо дар мавзӯи: «Тарзи тартиб додани нақшаи соҳибкорӣ» — ро гузарониданд.  Ҳайати иштирокчиён куллан ҷавонон буданд.

Мақсади асосии тренингҳо шинос намудани шунавандагон бо асосҳои нақшаи соҳибкорӣ дар шароити ВМКБ дар назар буд. Бояд гуфт, ки тренингҳо серӯза буданд ва барои гузаронидани онҳо барномаи муфассал тартиб дода шуд. Тренингҳо бо усули интерактивӣ гузаштанд. Дар баробари ин, якҷоя бо иштирокчиён мушкилоти мавҷудбудаи соҳибкорон  дар маҳал ба таври дақиқ ҳаллу фасл мешуданд. Иштирокчиён дар хотимаи тренингҳо нақшаи соҳибкории худро тартиб доданд.

Дар рафти тренинг ба шунавандагон маводҳои зиёди иловагӣ тақсим карда мешуданд, ки мафҳуми соҳибкорӣ, банақшагирӣ ва вазифаҳои асосии он, шаклҳои мухталифи нақшаро дар бар мегирифтанд.

Дар давоми фаъолияти лоиҳа 11 тренинг (ҳар як тренинг 3 рӯзӣ) бо иштироки 180 ҷавон, аз онҳо 55 духтарон буданд, гузаронида шуд.

Ташкили  фаъолиятҳои даромадоваранда

Ақидаҳои соҳибкории худро дар қатори соҳибкорони ташаккулёфта инчунин онҳое, ки дар ин раванд навтаҷриба буданд, фиристонданд. Кори комиссия ба ду давра тақсим карда шуда буд: давраи аввал, ба таври сатҳи дида баромадани риояи ҳамаи меъёрҳои мутобиқат барои пешниҳоди ақидаи соҳибкорӣ ва интихоби ақидаҳои нисбатан беҳтар; давраи дуюм, тафтиши дақиқ, масалан мониторинги довталабони давраи аввал интихобшуда бевосита дар манзили ташкили соҳибкорӣ вобаста ба уствории соҳибкорӣ, бо шуғл таъмин намудани шумораи ҳарчи бештари ҷавонон, ҷузъҳои таъсири муҳити атроф, навоварӣ ва ғайра.

Пас аз ҳаллу фасли даври дуюм рӯйхати қатъии ақидаҳои беҳтарин барои маблағгузории оянда тартиб дода шуд. Бисёрии ақидаҳои соҳибкорӣ сазовори дастгирӣ буданд, аммо буҷаи лоиҳа маҳдуд буд. Дар натиҷаи машварати тӯлонӣ барои маблағгузории минбаъда 84 ақидаи соҳибкорӣ пешниҳод гардид, ки аз онҳо 41ақида ғайри кишоварзӣ ва 43 оид ба соҳибкории соҳаи кишоварзӣ буд, онҳо ба ҳамин минтақа бештар муносиб дониста шуданд.

Аз 84 ақидаи соҳибкории дастгирӣ ёфта роҳбари 21 ё худ 25% аз онҳоро духтарҳо ташкил доданд. ҳаҷми маблағи камтарини ақидаи дастгирӣ ёфта 4608 сомонӣ (тахминан 523 евро), ҳаҷми калонтарин бошад, 47.000 сомонӣ (5340 евро) дар бар гирифт.

Грантгирифтагон ҳам саҳми худро дар амалисозии ақидаи соҳибкорӣ дар дастгирии лоиҳа гузоштанд. Саҳми камтарини манфиатбинон аз ҳаҷми умумии грант 10% –ро ташкил медиҳад. Гурӯҳҳои мақсаднок саҳми худро дар шакли бино, таъмири он, таҷҳизотҳои иловагӣ ва ғайра гузоштанд. Ақидаҳои дастгириёфта ба соҳаи хизматрасонӣ ва истеҳсолот мансубанд.

Ақидаҳои соҳибкорӣ

Воҳиди

ченак

Шумора
1 Занбурпарварӣ маҷмӯ 6
2 Комбайни хрд маҷмӯ 2
3 Хушккунаки ангат маҷмӯ 1
4 Сервиси автомобил маҷмӯ 2
5 Нонвойхона маҷмӯ 1
6 Вулканизатсия маҷмӯ 3
7 Сехи мебелсозӣ маҷмӯ 1
8 Ошхона маҷмӯ 2
9 Интернет кафе маҷмӯ 2
10 Толори суратгирӣ ва наворбардорӣ маҷмӯ 5
11 Толори таъмири телефонҳои мобилӣ маҷмӯ 1
12 Сехи дӯзандагӣ маҷмӯ 5
13 Хушккунаки меваю сабзавот дона 8
14 Соҳибкории меҳмонхона маҷмӯ 5
15 Хоҷагии гармхона маҷмӯ 18
16 Сартарошхонаи мардона маҷмӯ 3
17 Толори  ҳусн (занона) маҷмӯ 2
18 Дорухонаи бойторӣ маҷмӯ 2
Инкубатор маҷмӯ 2
20 Маркази хизматрасонии сӯзишвории дизелӣ маҷмӯ 1
21 Асбоби арра кардани ғӯлачӯбҳо (пилорамма) маҷмӯ 1
22 Истеҳсоли хишти блок маҷмӯ 3
23 Истеҳсоли тӯри чин-чинӣ (сетка рябица) маҷмӯ 2
24 Чашмаи табобатӣ маҷмӯ 2
25 Парандапарварӣ маҷмӯ 4

 

Боиси қайди махсус аст, ки ташкили чунин намудҳои фаъолияти даромадоваранда барои аҳолии ноҳияи дурдасти ин минтақаи лоиҳавӣ як чизи тамоман нав (ноу-хау) буд.

Баъзе намудҳои фоидаовари соҳибкории гурӯҳӣ ба ҷавонон имконияти дар коллектив кор кардан ва якҷоя рушд додани соҳибкориро фароҳам оварданд.

 

Ташкили сафарҳои омӯзишӣ ба Ассостсиатсияҳои соҳибкорӣ

 Мутобиқ ба нақшаҳои лоиҳа дар соли 2017 кормандони он фаъолияти худро дар ташкили сафарҳои таълимӣ барои истеҳсолкунадагон, коркардкунандагон ва сехҳои пешниҳоди хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ки дар доираи ҳамин лоиҳа барпо шуда буданд, сар карданд. Бо дархости соҳибкорони ноҳияҳои лоиҳавӣ соҳибкорон ва сохторҳои соҳибкории вилояти Суғд нисбатан муносиб дониста шуданд.

Нияти асосии ташкилкунандагони сафарҳои омӯзишӣ инҳо буданд: шиносшавӣ бо таҷрибаи пешқадам, аз худ намудани малакаҳои амалӣ дар соҳаҳои дар боло нишондодашуда, аз худ намудани тамоми нозукиҳои касб, ҳуҷҷатгузорӣ, барпо намудани робита байни минтақаҳои ҷумҳурӣ, ба роҳ мондани воситаҳои ҳамлу нақли қисмҳои эҳтиётӣ ва ашёи хом.

Давраи сафари омӯзишӣ аз 6 то 14 ноябри 2017 сол ба вуқӯъ омад. Дар рафти ин сафар 15 соҳибкорони ноҳияҳои лоиҳавӣ аз  он бархӯрдор шуданд.

Дар зарфи 7 рӯз иштирокчиёни сафари таълимӣ дониши худро дар соҳаи парвариши зироатҳои сабзавотӣ дар шароити гармхона,  дӯхтани либосҳои аврупоӣ, нозукиҳои таъмири телефонҳои мобилӣ, беҳгардонии малакаҳо дар толори ҳусн (мӯйтарошӣ, тартиби маникюр, рангуборкунӣ ва дигарҳо), коркарди акси гирифта, низоми  наворбардорӣ такмил доданд.

Кулли ширкатварзидагон аз натиҷаи сафар хушнудӣ изҳор намуданд ва тасдиқ мекунанд, ки таҷриба ва дониши андӯхтаро онҳо дар амал барои истеҳсолот ва хизматрасонӣ дар ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб истифода хоҳанд бурд. Яке аз нафарони ҳамин сафари таълимӣ Хуршеди Ҷумъабой барои фаъолият ва саъю кӯшиши баланди худ барномаи таълимии навори ташхис ва таъмири форсункаҳои дизелиро аз усто тӯҳфаи хотирмон гирифт.

 

Поягзории майдонҳои намоишӣ

Дар чаҳорчӯбаи нақшабандии лоиҳа дар давоми тамоми давраи ҳисоботӣ 4 қитъаи намоишӣ дар майдони умумии 0,36 га дар ноҳияҳои лоҳиявӣ: Ишкашим- 2 қитъаи намоишӣ (0,20 га) ва Мурғоб — 2 майдони намоишӣ назоратӣ (0,16 га) – и парвариши зироатҳои кишоварзӣ кишт карда шуд.

Ҳамин фаъолият барои беҳтаргардонии фаҳмиши фермерҳои маҳал ва ҷавонон тавассути  нишон додани коркарди навин (ноу-хау) вобаста ба парвариши зироатҳои ояндадор, ки имконияти дар як вақт парвариши зироатҳои гуногуни истеҳсоли худиро медиҳад, бояд мусоидат намояд.

Дар қитъаҳои намоишии ноҳияи Ишкошим 30 намунаҳои навъҳо, дар ноҳияи Муғроб бошад, 14 навъ шинонда шуданд. Барои баҳисобгирии гузаронидани мушоҳидаи фенологӣ журнали махсуси бақайдгирӣ кушода шуд. Дар он аз рӯзи ба кишт омода намудани майдончаи намоишӣ сар карда, то дами ҷамъоварии ҳосил тамоми раванди коркардҳои  агрономӣ ва наъшу намои зироатҳо ба пуррагӣ қайд шуданд.

Барои ҳар як зироат лавҳачаҳо бо навиштаҷоти номгӯи зироат ва навъи он омода шуда буд. Инчунин, барои қитъаи намоишӣ лавҳаҳоии махсуси реклама-иттилоотӣ омода шуда буд.

Натиҷаи мушоҳидаи фенологӣ нишон дод, ки зироатҳои дар ин минтақа парвариш мешуда назар ба дигар минтақаҳо барои кам будани рӯзҳои офтобӣ ва зиёд будани нури ултро бунафшӣ фарқ мекунанд.

Дар ноҳияи Мурғоб бошад, кулли зироатҳои дар қитъаи таҷрибавӣ парваришёфта барои ин минтақа навгонӣ (ноу хау) ҳисоб меёбанд, чунки пештар (пас аз Иттиҳоди Шӯравӣ) ягон нафару ташкилот ин зироатҳоро дар чунин баландӣ насанҷидааст.

Ҷавонони ноҳияи Мурғоб пас аз дидану фаҳмидани натиҷаи манфиатовари бадастомада, изҳори парвариши зироатҳо дар соҳаи кишоварзиро карданд.

Натиҷаи озмоиши 2 сола афзоиши шумораи парвариш то 31 қитъа аз ҷониби ҷавонони ноҳияи Мурғоб, асосан ҷамоати Аличур шуд. Онҳо чунин зироатҳои кишоварзӣ, ба мисли шалғам, турб, шалғамча, кашниҷ, шибит ва сирпиёзро парвариш кардан омӯхтанд.

Натиҷаи таҷрибаи 2 солаи лоиҳа ба он мусоидат намуд, ки китобча дар мавзӯи «Баъзе тавсияҳо оид ба парвариши зироатҳои кишоварзӣ дар шароити ноҳияҳои лоиҳавӣ»  — ро мутахассисони ТҶБХ «Ҷовид» бо маводҳои ҷолиби диққат ҷамъ оварда, ба нашр супориданд.

Ташкили Рӯзҳои саҳроӣ дар майдончаҳои намоишӣ

Бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба соҳибкории кишоварӣ дар заминаи майдончаҳои намоишӣ рӯзҳои саҳроӣ ва вохӯриҳои корӣ ташкилу гузаронида шуданд. Дар ин давра 12 рӯзҳои саҳроӣ гузаронида шуданд, ки дар онҳо 175 ҷавон, аз ҷумла 36 духтар ширкат варзида, донишу малакаи хешро баланд бардоштанд.

Мақсади аслии Рӯзҳои саҳроӣ дар амал шинос намудани ҷавонон ва фермерҳои маҳал бо усули шинондани зироатҳои анъанавӣ ва ғайирианъанавӣ, самаранок истифода бурдани нуриҳои минералӣ, тарзи обёрӣ, таҳлили иқтисодии зироатҳои киштмешуда ва ғ. иборат буд. Ба ғайр аз ин, бо нияти шинос намудан бо кишти зироатҳои қитъаҳои намоишӣ вохӯриҳои корӣ аз тарафи идораи кишоварзӣ ташкил карда шуданд. Дар онҳо асосан фермерҳо ва шахсони ҳавасманд иштирок намуданд. Иштирокварзидагон дониши худро оид ба усули интихоби маводҳои тухмӣ, шартҳои кишт, тасдиқи ҳосилнокӣ, мубориза зидди ҳашароту зараррасонҳо, тарзи обёрӣ ва ғайра мукаммал гардониданд.

Беш аз ин, иштирокдорони Рӯзҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мурғоб ҳавасмандии усули парвариши зироатҳоро дар баландии 4000 м баландтар аз сатҳи баҳр, коркарди он ва тамоми қойдаҳои агротехникӣ зоҳир намуданд.

Дар ин минтақаи ниҳоят хунук ва кам будани давраи наъшунамо чунин таҷриба беназир аст, чунки фақат дар даврони Шӯравӣ таҷриба мегузарониданд, он ҳам сатҳию номунтазам мегузашт; аҳолии таҳҷоӣ аз натиҷаҳои ин таҷрибагузарониҳо бехабару дар канор мемонданд.

Натиҷаи хуб дар натиҷаи интихоби дурусти маводи тухмии барои ин минтақа дархӯрд, тарзи коркарди замин, интихоби ҷои парвариши зироат ва ғайраҳо ба даст омад.

Натиҷаи ба даст омада ба сокинони маҳал майл ва бовариро барои парвариши баъзе зироатҳои кишоварзӣ дод. Дар оянда сокинони таҳҷоӣ парвариши зироатҳоро ба роҳ мемонанд ва аз мабалағи сарфшуда барои кишти кишоварзӣ намеҳаросанд.

Тақвияти Кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

 Таъмини шароити муносиби меҳнат яке аз далелҳои муҳими самаранок истифода бурдани қобилияти меҳнатии кормандон мебошад. Корманд дар ҷои кораш нисбат ба хонавода вақти бештарро сарф мекунад. Маҳсулнокии меҳнат бевосита ба он вобаста аст, ки кормандон дар кадом шароит фаъолият доранд, то кадом дараҷа онҳо худро роҳат ҳис мекунанд. Ҳамин нуқтаро ба ҳисоб гирифта, кормандони лоҳия чорабинии тақвияти Кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣро дар ноҳияҳои лоиҳавӣ шурӯъ намуданд. Мебел ва техники ташкилии дар мувозинаи кумита буда намерасид ва ҳам фарсуда шуда буд, ба азнавсозӣ зарурат дошт.

Пеш аз тақвияти дафтари кори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияҳои лоиҳавӣ кормандони ҳамин лоиҳа баҳодиҳии эҳтиёҷоти кормандои кумитаро гузарониданд. Вобаста ба натиҷаи бадастоварда рӯйхати маводҳо ва таҷҳизотҳо барои тақвияти фаъолияти он тартиб дода шуд. Феҳрасти муайянгардида аз ҷониби раисони ҳамин ноҳияҳо тасдиқ шуд. Лоиҳа чунин маводҳо ва таҷҳизотҳоро дастраси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳи гардонд:  ноутбукҳо, МФУ, проекторҳо, планшетҳо, тахтаҳои синфӣ, ҷевонҳои китоб, мизҳо, курсиҳо, интернет модем, маҷмӯи косаву табақ ва маҷмӯи адабиётҳо бахшида ба мавзӯи «Низоъ, пастфурории он ва идоракунӣ» ва ғайра. Тамоми таҷҳизоту маводҳоро кормандони лоиҳа тавассути санади доду гирифт ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таҳвил карданд.

Ҷорӣ кунондани низоми автоматикунонида бароҳатӣ ҳангоми коркунӣ, пастфурории сарбории рӯҳиро таъмин намуд. ҳамчнин сарбории ҷисмонӣ низ кам мешавад, зеро бо тадбиқи таҷҳизоти ҳозиразамон сарфи вақти  қувва ба ҳамон як кор хело кам мешавад. Ин амал ба қобилияти меҳнатии кормандони Кумита таъсири амиқи мусбӣ хоҳад расонид, ба кам шудани коркарди иттилоот оварда мерасонад. Аз кормандон имконияту вақти бештар барои таҳлил ва қабул намудани қарори идоракунӣ пайдо шуд.

 

Ташкили  Ассотсиатсияи ҷавонон

Мақсаду мароми барпо намудани Ассотсиатсияи ҷавонон ин мусоидат намудан дар гирифтани маълумот, бо кор таъмин гаштан, рушди имкониятҳои зеҳнӣ ва ҷисмонӣ ва аз ҳама муҳим, мусоидат намудан дар паст фуровардани шиддат пас аз низоъҳо байни ҷавонон мебошад. Ба ғайр аз ин, Ассотсиатсия ба ҷавонон дар рафти қабули қарорҳо дар сатҳи маҳал кӯмак мерасонад; онҳоро ба вохӯриҳои кории худ ва ҷаласаҳои мақомоти гуногуни давлатӣ даъват мекунад. Ассотсиатсияи ҷавонон метавонад фаъолияти худро дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон ба роҳ монад. Аз таҷрибаи андӯхта истифода бурда, барои муттаҳид намудани ҷавонон мадад расонад, ки барои соҳиби ҷои кор шудан мушкилӣ ҳис мекунанд, муносибатро бо ташкилотҳои давлатӣ ва ҷомеа ба роҳ монад.

Ба ғайр аз ин, Ассосиатсия бо ҳамкории Маркази бо кор таъминкунии аҳолӣ метавонад қарорҳо ва идоракуниро дар сатҳи давлатӣ қабул кунад; ярмаркаи ҷои холӣ барои бо шуғл таъмин намудани ҷавонон, сафарҳои сайёҳӣ ва кӯмак барои дохилшавӣ ба макотиби олӣ ташкил кунад.

Ассотсиатсияи ҷавонон дар ташкили барномаҳои таълимӣ барои ҷавонон, ки фаъолияти меҳнатиро нав шурӯъ намудаанд ва барои дастгирии иттилотӣ ва марифатӣ эҳтиёҷ доранд, мусоидат намояд. Инчунин, Ассотсиатсияи ҷавонон дар баланд бардоштани нақш ва иштироки ҷавонон барои мақсади асосӣ — муттаҳид намудани кӯшиши паст фуровардани сатҳи ҷанҷолҳо, баланд бардоштани дараҷаи дониш ва ҳалли мушкилоти ҷои кор ёрӣ расонад.

Аз ҷониби лоиҳа дафтарҳои кори Ассотсиатсияи ҷавонон пурра таҷҳизонида шуданд: мизи мудаввар (барои тренингҳо), курсиҳо, тахтаи синф, ҷевонҳо барои китоб, мизҳои муқаррарӣ,  DVD, МФУ, дастгоҳи сратгирӣ, генератор, интернет модем, компьютери инфиродӣ,  мизи компьютер ва дастаи зарфҳои чой-кофенӯшӣ, бархе аз ин номгӯй аст.

 

Гузаронидани тренингҳо барои аъзоёни Кумитаи ҷавонон ва Ассотсиатсияи ҷавонон

Барои баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва аъзоёни Ассотсиатсияи ҷавонони навташкили ноҳияҳои лоиҳавӣ моҳи секнтбри соли 2016 дар мавзӯи «Низоъ ва роҳҳои ҳалли он байни ҷавонон ва хонандагон» ТОТ гузаронида шуд.

Модули тренинг бо назардошти кори минбаъдаи иштирокчиёни тренинг бо ҷомеаи ҷавонони ҷамоатҳо  тартиб дода шуда буд. Тамоми маводҳои иловагӣ бо забони дастрасу фаҳмо омода гаштаанд, ки дар онҳо тамоми хоҳиш интизории шунавандагон вобаста ба матн, усули гузаронидан, истифодаи қулаи он ба назар гирифта шуданд.

Аз  6 то 9 сентябр ТОТ дар ноҳияи Ишкошим дар деҳаи Вичкути ҷамоати Путуп доир гашт.  Дар ТОТ  3 намояндаи Кумитаи ҷавонон ва  2 аъзо навинтихобшудаи Ассотсиатсияи ҷавонон ширкат варзиданд. ҳамагӣ дар ТОТ – и 4 рӯза 5 нафар ҳузур доштанд.

Аз- 26 то 29 сентябр 2016 сол ТОТ дар ҷамоати  Мурғоби ноҳияи Мурғоаб ташкилу гузаронида шуд. Дар ТОТ  3 намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ва 2 азъои нав интихобгардидаи Ассотсиатсияи ҷавонон иштирок доштанд. Ҷамъ дар ТОТ – и 4 рӯза 5 кас ширкат доштанд.

Пас аз ҳар як тренинг, новобаста ба мавзӯъ, албатта, пурсиши иштирокчиён аз ҷониби ТҶБХ «Ҷовид» ба роҳ монда мешавад. Дар доираи 10 саволҳои мушаххас оид ба тамоми паҳлӯҳои тренинги гузашта  ҷӯё мешаванд. Аз ҷумлаи саволҳо инҳоянд: «Мавзӯъ ва матни  овардашда дархӯрди шунавандагон буд ё не,  интизории онҳо то кадом дараҷа қонеъ  гашт, кадом лаҳзаҳои тренинг бештар маъқул шуданд, кадом норасоиҳо буданд, ба фаъолияти тренер кадом баҳо мегзоранд, маводҳои иловагӣ писанд омаданд ё хайр, бахши ташкилӣ чи тавр буд, дар оянда кадом мавзӯҳоро нигарон ҳастед, бо ТҶБХ «Ҷовид» минбаъд ҳамкорӣ мекунед ё на ва ғайраҳо.

Вобаста ба ҷавобҳои иштирокчиёни тренингҳо, пас аз таҳлили ҳамаҷониба фаъолияти минбаъдаи баргузории тренингҳо ба роҳ монда мешавад.

Permanent link to this article: https://jovid.tj/tj/%d2%b3%d0%b8%d1%81%d0%be%d0%b1%d0%be%d1%82%d0%b8-%d0%bb%d0%be%d0%b8%d2%b3%d0%b0/