ГАРМХОНАИ ЗАМОНАВӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯИ ВАНҶ
Дар доираи сафари кории Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маркази ноҳияи Ванҷ гармхонаи замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумахонзода Ҷамшед Ҷурахон, раиси ноҳияи Ванҷ Давлатзода Наҷмиддин ва муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Баҳромҷон Раҷаб иштирок намуданд.
Маросими ифтитоҳ дар фазои идона ва бо иштироки васеи сокинон баргузор гардид.
Иншооти мазкур аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии байналмиллалии хайриявии «Ҷовид» ва бо маблағгузории барномаи озукавории ҷаҳонӣ бо арзиши лоиҳавии 300 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Масоҳати умумии гармхона 480 м² буда, дар он маҳсулотҳои кишоварзӣ парвариш карда шуда, имконияти дар ҳама фасли сол таъмин намудани аҳолии ноҳияро бо маҳсулоти тару тозаро дорад.
Маълумот аз саҳифаи иҷтимоии Facebook-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ гирифта шудааст.



