Print this Страница

Хуш омадед

Ташкилоти Ҷамъиятӣ Байналмилалӣ Хайротии «Ҷовид»  6 августи 2002 сол дар Вазорати Адлияи Тоҷикистон таҳти рақами 989 ба қайд гирифта шудааст. Бо сабаби таъғирёбии суроғаи ҳуқуқии ташкилот 25 ноябри соли 2014 аз нав ба қайд гирифта шуд.(шаҳодатнома оид ба қайд таҳти рақами 282 «Б»)

Вазифаи муҳим

Мусоидат намудан дар беҳтаршавии шароити зист ва баланд бардоштани некуаҳволии аҳолии деҳоти ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин саҳми худро дар амнияти озуқавории кишвар тавассути рушди барномаҳои қарздиҳӣ ва хизматрасонии машваратӣ, инкишоф ва воридсозии технологияи сермаҳсул гузоштан.

Ҳадафи ташкилот

  • расонидани кӯмак дар вазъиятҳои фавқулода- ҳангоми садамаҳо, низоъҳо, офатҳои табиӣ ва оқибатҳои онҳо;
  • барқарорсозии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • расонидани мадади машваратӣ ба фермерҳо бо роҳи гузаронидани тренингҳо ва семинарҳо;
  • ҳамкорӣ дар беҳтаркунонии шароити зисти гурӯҳи аҳолии осебпазир, афзалан дар деҳот;
  • расонидани ёрии башардӯстона

ТҶБХ «Ҷовид» ташкилотест, ки махсус ба рушди деҳот  тавассути амалӣ сохтани барномаҳои гуногун нигаронида шудааст.

Аз соли 2002 ташкилот ба рушди деҳот ва пешниҳоди хизматрасонии тренингҳо, барпо намудани умури машварат махсусгардонида шудааст, таҷрибаи дигар лоиҳаҳои бо сарпарастони гуногун  амалисохтаро ҷамъ мекунад. Робитаи зич бо одамон, инчунин воридсозии навгониҳо ва собиқаи ташкилот дар қуввабахшӣ ба хизматрасонии машваратӣ ва лоиҳаҳои кишоварзӣ ТҶБХ «Ҷовид»-ро шарики муддаои табъ намудааст.

Ба рушди маҳал ҷалб шуда,  ба воситаи дахолат дар бахши кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи зист,  ТҶБХ «Ҷовид» беш аз 35 лоиҳаи ба самти инкишофи  деҳот равонашуда ва беҳтаргардонии некуаҳволии сокинонро иҷро намуд.

ТҶБХ «Ҷовид» — ташкилоти серамалиёт, ғайридавлатӣ,

ки дар он раванди доимии навкунии ҳадафҳо, усулҳои кор бо гурӯҳҳои ташаббускори аз тағйиротҳою талаботҳо бармеомада, амал мекунад

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d1%85%d1%83%d1%88-%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%b4%d0%b5%d0%b4/