«

»

Янв 03

Print this Запись

Машварати мутахассис, кордон — бойгарии фермер

ganji_shahristДониш – ин чизе аст, ки ба он маблағгузорӣ зарур, чунки дар оянда сармояи гузошта якубаҳазор натиҷа медиҳад, алалхусус дар кишоварзии Тоҷикистон, ки ҳоло вазъияти на чандон  хуб дорад. Барои ҳамин ТҶБХ «Ҷовид» ба пуштибонии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Агро Аксияи Олмон шарафёб шуда, қарор дод Марказҳои машваратии кишоварзиро дастгирӣ намояд. Лоиҳаи нави «Дастгирии Марказҳои Машваратии Деҳот дар Шимоли Тоҷикистон» — ро амалӣ намудан сар кард, ки давоми мантиқии лоиҳаи ТJK-1039-04  —  «Дастгирии ислоҳоти замин дар Шимоли Тоҷикистон дар сатҳи маҳал тавассути хизматрасонии дастгириёбанда» мебошад.

Мақсади асосии ҳамин лоҳия беҳгардонии сатҳи зисти аҳолии деҳот дар вилояти Суғд аз ҳисоби хубтаргардонии дониш дар истеҳсолоти кишоварзии мутобиқкунонидашуда, маркетинг ва коркард, ки ба воситаи марказҳои иттилоотии машваратии аллакай барпошуда (МИМ) –и ноҳияҳои Ғончӣ ва Шаҳристон  паҳн карда мешаванд.

Ҳадафи дигари муҳими ин лоиҳа паҳн намудани таҷрибаи андӯхтаи ташкилот ва рушди хизматрасонии машваратӣ дар  деҳот ва мубодилаи  таҷриба бо Марказҳои манбаъвии машваратии (МММ) навбунёди ноҳияҳои Зафаробод ва Мастчоҳ мебошад.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%bc%d0%b0%d1%88%d0%b2%d0%b0%d1%80%d0%b0%d1%82%d0%b8-%d0%bc%d1%83%d1%82%d0%b0%d1%85%d0%b0%d1%81%d1%81%d0%b8%d1%81-%d0%ba%d0%be%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd-%d0%b1%d0%be%d0%b9%d0%b3%d0%b0%d1%80%d0%b8/