«

»

Янв 03

Print this Запись

Қарздиҳии молӣ

zernoБо нияти дастгирии афзунгардонии истеҳсоли маҳсулотҳои асосии хӯрокворӣ  ТҶБХ «Ҷовид» барномаи насиҳадиҳии молиро ба хоҷагиҳои фермерии деҳқонӣ давом медиҳад. Ба ин мақсад тухмиҳои афзоиши ҷинсиашон боқуввати ноҳиябандишуда ва навъҳои пешомадашон калони гандум аз хоҷагии тухмипарварии ба номи Мукаррамова (ш. Исфара), тухмии кртошка бошад, аз ноҳияи баландкӯҳи Тоҷикистон – Ишкошим, маконе ки  шароити иқлими агрономии тухмипарварии ин зироатҳо мусоид аст, мехарад.

 

 

Гурӯҳҳои ташаббускор аз рӯи чунин меъёрҳоинтихоб мешаванд:trening_pfh

  • хоҳиш ва собиқаи заминдор барои парвариши зироатҳои асосии озуқа;
  • мавҷудияти замини обӣ аз фермер;
  • мавзеи мувофиқи агроиқлимӣ барои парвариши зироатҳои қарзӣ;
  • боэътимодӣ ва пухтакории иштирокчии барнома

 

Пас аз хоста гирифтани гурӯҳҳои ташаббускор барои онҳо машваратҳои инфиродӣ ва гурӯӣ, тренинг-семинарҳо, рӯзҳои саҳроӣ дар заминаи майдонҳои намоишӣ ва хоҷагиҳои пешқадам (қарзгирифтаҳо) ташкил карда мешавад, маводҳои иттилоотӣ аз рӯи тарзи парвариш, захира ва нигоҳубин намудани маводҳои тухмӣ ва зироатҳои қарзгирифта тайёр ва паҳн карда мешаванд. Ба фермерҳо инчунин шартҳои қарзи молӣ – тухмиҳои баландсифат ва нуриҳои минералӣ саҳеҳ фаҳмонида мешавад

nkgraundБа заминдорони камбизоат барои дастрас намудани қарзи молӣ нақлиёти ТҶБХ «Ҷовид» кӯмак мерасонад.  Кишти онҳоро агрономҳои ташкилот дар рафти парвариш ва шинондани ин зироатҳо назорат мебаранд, маслиҳатҳои инфиродӣ пешниҳод мекунанд ва тавсияҳои зарурӣ барои бартараф намудани камбудиҳо дар тадбиқи барнома медиҳанд.

Қарзи молии баргардонидаро тоза карда, яккачин  , коркард мекунанд , ба анборҳои ба иҷора гирифтаи ТҶБХ «Ҷовид» барои тақсимоти оянда ба сифати маводи тухмӣ ва кӯчат дар мавсими нави кишт  нигоҳ медоранд. Дар баробари ин, ҳангоми интиқол, тоза кардан ва нигоҳ доштан ба фермерҳо ёрӣ расонида мешавад. Биноҳои анбор барои нигоҳ доштани маводҳои тухмӣ ҳар сол ба иҷора гирифта мешаванд, аз ҳисоби ТҶБХ «Ҷовид» пешакӣ аз коркарди фито-беҳдоштӣ мегузаранд. Дар давоми нигоҳдории маводҳои тухмӣ дар анборҳо ҳолати нигоҳдорӣ (дамо-температура, намӣ, мубориза бо зараррасонҳои анборҳо ва ғ.) мунтазам назорат бурда мешавад.

Ба фермерҳо тарзи қобили қабули нигоҳдории тухмӣ тавсия дода мешавад.

Дар натиҷаи иштироки фермерҳо ва дигар заминдорон дар барномаи қарзи молӣ онҳо малакаи тухмипарварии сермаҳсул, таҷрибаи тарзи самараноки парвариш, захира намудан ва нигаҳдорӣ, барпо намудани хазинаи тухмии худ аз зироатҳои қарзи молӣ, афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулотҳои асосии озуқа (гандум, картошка) – ро аз худ мекунанд ва дар ниҳояти кор,  некуаҳволии онҳо беҳтар мегардад.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d2%9b%d0%b0%d1%80%d0%b7%d0%b4%d0%b8%d2%b3%d0%b8%d0%b8-%d0%bc%d0%be%d0%bb%d3%a3/