«

»

Июл 15

Print this Запись

Варақи иттилоотӣ

БАРНОМАИ ҲАМКОРИИ  БАДАСТОВАРИИ СУЛҲ

Ҷалби ҷавонон барои пешгирии ихтилофҳо ва роҳи ноҳилшавӣ ба сулҳ

 

Душанбе, 23 январи соли 2015

 

Ҳангоми маблағгузорӣ Иттиҳоди Аврупо ҳамчун Воситаи шароити мусоиди пойдорӣ, ҳамин лоиҳа барои пешгирии иштироки ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар ихтилофҳо ва барои мусоидати ноилшавӣ ба сулҳ дар минтақа мақсад гузоштааст. Лоиҳа бо давомнокии дуюним сол, ки аз ҷониби Ташкилоти Ҷамъиятӣ Байналмилалӣ Хайриявии «Ҷовид» бо ҳамдастии ТҶ «Ёқути Даршай» иҷро мешавад, моҳи январи соли 2015 сар шуд. Лоиҳа «Пастфурории шиддат пас аз ихтилофҳо ва хатарҳои пайдошавии ҷанҷолҳо дар ҷомеа тавассути ҷалби иҷтимоӣ-иқтисодии ҷавонони маҳал, инчунин қабули қарорҳо ва намудҳои фаъолияти даромадоваранда барори сулҳ ва боварӣ ба худ» номгузорӣ шудааст.

500 ҷавонро ба рафти қабули қарорҳо дар сатҳи маҳал ва намудҳои фаъолияти даромадоваранда дар ноҳияҳои Ишкошиму Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷалб намуда, лоиҳа мақсади саҳмгузорӣ дар паст фуровардани шиддат пас аз ихтилофҳо ва нақшаи кам кардани хатарҳои ҷалби минбаъдаи ҷавонони маҳалро дар низоъҳо минбаъда дорад.

Қадами нахустини лоиҳа ташкили конфронс дар сатҳи ноҳия вобаста ба ҳадафҳо ва вазифаҳои лоҳия мебошад. Иқдомҳои оянда инҳо мешаванд: ташкили тренингҳо барои муаллимони мактабҳое, ки минбаъд дарсҳои махсус барои 300 хонанда мегузаронанд; ташкили омӯзиш барои баландбардории огоҳӣ зиддӣ зуроварӣ, яъне озмуни расмҳои беҳтарин ва мақолаҳои пешгирии ҷанҷолҳо; таҷҳизонидани мактабҳо бо асбобу анҷоми варзиш ва барпо намудани дастаҳои (клубҳои) варзиш барои пешбурди тарзи ҳаёти солим ва пешгирии вазъи ихтидлофҳо.

Лоиҳа инчунин таҷҳизотҳо, айёният ва китобҳои дарсиро барои омодасозии институтҳои машғули омӯзиши техникӣ ва касбӣ пешниҳод мекунад, бо мақсади тайёр кардани коргарони соҳибихтисос. Илова, таҳсилҳои кӯтоҳмуддат барои 300 ҷавон дар ноҳияҳои интихобшуда ташкил карда мешаванд. Донишҷӯёни аз ин омӯзишҳо гузашта ва ба меъёр

мувофиқ диплом ё шаҳодатномаи хатм мегиранд, ки дар оянда барои ҷои кор ёфтан аз он истифода бурдан метавонанд.

Дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ дар ВМКБ лоиҳа баъзе ҷавонони аз омӯзиши кӯҳтомуддат ва дигар чорабиниҳо аз рӯи лоиҳа гузаштаро бо маблағи бебозгашт дастгирӣ мекунад, ки онҳо соҳибкории худро сар  кунанд. Иштироккунандагоне, ки ақидаи беҳтаринро пешниҳод намуданд аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ мешаванд. Умуман, 20 ақидаи соҳибкории беҳтарин дастгирӣ ва тахминан 60 нафар бо ҷои кор таъмин мешаванд. Ҳамин соҳибкорони ҷавон аз тренинги соҳибкорӣ мегузаранд ва дар сафарҳои омӯзишии соҳибкориҳои монанд барои бой гардонидани таҷрибаи худ иштирок меварзанд.

Қисмати дигари лоиҳа гузаронидани тренингҳо ва дастгирии техикии шӯъбаи ҷавонон ва шӯъбаи саёҳӣ дар ноҳияҳои лоиҳавӣ мешавад. Инчунин, барпо намудани ду ассотсиатсияи ҷавононро қайд намудан меарзад. Коркунони Кумитаи ҷавонон якҷоя бо донишҷӯён ва ҷавонон тренингҳои махсусро гузашта аъзои Ассотсистсияи ҷавонон мешаванд. Аъзоёни ин ассотсиатсияҳои чавонон ба таври мунтазам радиошунавонӣ ё ба воситаи оинаи нилгун тамошои пуршукӯҳи вобаста ба худи ихтилофҳо, инчунин танзими онҳоро ташкил медиҳанд. Ба ғайр аз ин, аз рӯи лоиҳа гузаронидани мизҳои гирд оиди нақши ҷавонон дар раванди қабули қарорҳо дар сатҳи маҳал ва вохӯриҳои корӣ дар хусуси нақши ҷавонон баҳри рушди иқтисодӣ-иҷтимоии маҳали деҳот дар назар ҳаст.

Лоиҳаро ТҶБХ «Ҷовид», ТҶ – и тоҷик, ки аз соли 2003 дар Тоҷикистон фаъолона кор мекунад, ба иҷро мерасонад.

Симои робита:

Барои гирифтани маълумоти илова, марҳамат, ба Мичеле Кримелла, Менеҷери барнома, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон муроҷиат намоед: Michele.crimella@eeas.eu  Tel: (992-37) 221-74-07, 227-09-74

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b2%d0%b0%d1%80%d0%b0%d2%9b%d0%b8-%d0%b8%d1%82%d1%82%d0%b8%d0%bb%d0%be%d0%be%d1%82%d3%a3/