«

»

Фев 02

Print this Запись

Маводҳои таблиғоти – кафили ҷалби зиёди ҷавонон

Бо мақсади ҷалби зиёди ҷавонон ба курсҳои кутоҳмуддат кормандони лоиҳа нақшаи паҳн кардани маводҳои таблиғотиро таҳия намуданд. Пеш аз он, ки маводҳои таблиғоти паҳн карда шаванд кормандони лоиҳа эҳтиёҷоти ҷавононро оиди дастраси ба иттиллот санҷиданд ва аз натиҷаи ба дастомада маводҳои таблиғоти ва нақшаи паҳни онро таҳия намуданд. Аз натиҷаи санҷиш чунин бар меояд, ки ҷавонони ноҳияҳои мақсаднок иттилоотро асосан аз ҷойҳои ҷамъияти, воситаҳои ахбори умум (телевизон), шабакаҳои ичтимои ва ғайраҳо дастрас менамоянд. Дар асоси гуфтаҳои болои кормандони лоиҳа чунин маводҳои таблиғотиро тайёр, чоп ва паҳн намуданд:

  • эълони оғози курсҳои кутоҳмуддат дар вохуриҳо ва маҷлисҳо бо намояндагони гуногуни қишри ҷомеа (дар сатҳи вилоят, ноҳия, деҳа) гузаронида шуд;
  • эълонҳо оиди кушодашавии курсҳои кутоҳмудати ройгон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ (бозор, маркази ноҳия, истгоҳҳо ва ғайра) часпонида шуд;
  • лавҳаи иттилооти дар маркази ноҳияи Ишкошим бо нишон додани маълумоти зарури оиди курсҳои кутоҳмуддат насб карда шуд;
  • 21 лавҳаҳои иттилооти дар идораҳо ва муассисаҳо (ҷамоатҳо, муассисаҳои таълими, марказҳои таълими калонсолон) тайёр ва насб карда шуд;
  • СМС паёмакҳо оиди кушода шудани курсҳои кутоҳмуддат тайёр ва барои 24000 ҷавонон паҳн карда шуд;
  • видеоролики таблиғоти (1,33 дақиқа) тайёр ва дар телевизони «Бадахшон» пахш карда шуд.

 

Ин маракаҳо имкон дод, ки бе мушкили ҷавононро ба курсҳои кутоҳмуддат ҷалб намоем

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%bc%d0%b0%d0%b2%d0%be%d0%b4%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d1%82%d0%b0%d0%b1%d0%bb%d0%b8%d2%93%d0%be%d1%82%d0%b8-%d0%ba%d0%b0%d1%84%d0%b8%d0%bb%d0%b8-%d2%b7%d0%b0%d0%bb%d0%b1%d0%b8-%d0%b7%d0%b8%d1%91/