«

»

Янв 18

Print this Запись

Омӯзиш дар мавзуи: «Идоракунии истифодаи оби обёришаванда»

Дар доираи ин чорабинӣ 5 омузиш гузаронида шуд, ки дар онҳо 89 нафар гуруҳҳои мақсаднок, аз ҷумла 19 нафар занон иштирок намуданд.

Мақсади гузаронидани омузиш: шинос намудани иштирокчиён бо усулҳои асосии идоракунии захираҳои об.

Барномаи таълимӣ барои 1 рӯз пешбинӣ шудааст. Қадами аввалин муайян кардани интизориҳои гуруҳҳои мақсаднок аз омӯзиш буд. Ҳангоми ҷамъбаст намудани интизориҳои иштирокчиён маълум гардид, ки онҳо асосан ба чунин масалаҳо ба монанди инҳо ниёз доранд:

  • Идоракунии мақсадноки оби обёришаванда кадом масъалаҳои дар бар мегирад;
  • Сабабҳои асосии ифлосшавии об;
  • Кам кардани таъсири манфии обёрӣ ба муҳити атроф;
  • Назорати дурусти истифодаи самараноки об;
  • Вазифаҳои асосии гурӯҳҳои истифодабарандагони об кадомҳоянд;
  • Аъзоёни гурӯҳҳои истифодабарандагони об кадом ҳуқуқҳоро дороянд;
  • Омилҳои сар задани низоъ;
  • Роҳҳои ҳалли низоъ ва ғайра.

1

Омузиши мазкур ба 2 қисм тақсим карда шуда буд. Дар қисми якум барои иштирокчиён маълумот дар бобати идоракунии мақсадноки оби обёришаванда, ки он масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:

  1. Муайян кардани ҳаҷми об барои маҳал;
  2. Тартиб додани нақшаи истифодаи об;
  3. Тақсимоти об дар асоси нақша ба истифодабарандагон аз рӯи адолат ва меъёрҳои зарурӣ;
  4. Назорати истифодаи самараноки об;
  5. То ҳадди имкон кам кардани таъсири манфии обёрӣ ба муҳити атроф.

Саволҳое, ки аз тарафи иштирокчиён дода шуд дар2_25

шакли суҳбат фаҳмонда дода шуданд.

Ғайр аз ин барои мустаҳкам намудани маълумотҳои пешниҳодшуда ба иштирокчиён мазмуни маводҳои тақсимоти фаҳмонида дода шуд.

Дар рафти омузишҳо корҳои амали гузаронида шуданд, ки ба худи иштирокчиён имкон медоданд, ки камбудиҳои худ ва хатогиҳоеро, ки ҳангоми идоракунии обёрӣ содир мекунанд, муайян кунанд.

 

3Қисми дуюми омузиш дар самти гуруҳҳои истифобарандагони об (ГИО) меравад, аз ҷумла: чӣ тавр аъзои ГИО шудан мумкин, ӯҳдадориҳои мироб, принсипҳои умумии фаъолияти гурӯҳи истифодабарандагони об, ҳуқуқҳо ва ӯҳдадриҳои аъзоёни гурӯҳи истифодабарандагони об ва ғайра меравад.

Дар рафти омузиш сухан дар бобати мақомоти идоракунии гурӯҳи истифодабарандагони об, низоми объёрии зироатҳои кишоварзӣ, пардохти ҳаққи хизматрасонии истифодаи об ва низоъҳо гуфта шуд. Аз тарафи тренер ба иштирокчиён маълумот дар бораи санитария ва гигиена низ дода шуд. Дар ин самт иштирокчиён оиди солимии одамон ва паст кардани хавфи бемориҳои ба воситаи об мегузаштага маълумоти пурра гирифтанд.

4

 

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%be%d0%bc%d3%af%d0%b7%d0%b8%d1%88-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%bc%d0%b0%d0%b2%d0%b7%d1%83%d0%b8-%d0%b8%d0%b4%d0%be%d1%80%d0%b0%d0%ba%d1%83%d0%bd%d0%b8%d0%b8-%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%b8%d1%84%d0%be/