15 НАМОЯНДА, 10 ҒОЛИБ: ИФТИХОРИ МАКТАБ- ИНТЕРНАТИ БАРОИ КӮДАКОНИ НОШУНАВО ВА ШУНАВОИАШОН СУСТ БА НОМИ ТӮХТАБОЙ ҒАФФОРОВ
ИШТИРОКИ ДУРАХШОН ДАР СУРДООЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИВӢ
Санаи 2 майи соли 2025 дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» марҳилаи ҷумҳуриявии аввалин Сурдоолимпиадаи фаннӣ оғоз ёфт. Ин марака як рӯйдоди таърихӣ ва беназир дар сатҳи Осиёи Марказӣ. Ин Олимпиада барои 184 нафар хонандагони дорои маҳдудиятҳои шунавоӣ аз тамоми гӯшаву канори кишвар имконияти нав фароҳам овард, то дониши худро нишон диҳанд ва бо ҳамсолони худ қувва озмоянд. Мактаб-интернати барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон суст ба номи Тӯхтабой Ғаффоров, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бо 15 нафар шогирди фаъол ба ин марҳилаи бонуфуз роҳ ёфта, дар саҳнаи ҷумҳуриявӣ қобилияти аҷиби худро собит карданд. Дар миёни онҳо 10 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф шуданд — натиҷае, ки на танҳо барои мактаб, балки барои тамоми ҷомеа як ифтихори бузург аст. Барои иштироки 15 нафар дар ин мараки бузург саҳми лоиҳаи “Таҳсилоти фарогир ва амиқ барои кӯдакон ва ҷавонони осебпазир”, ки аз тарафи Ҳукумати Швейтсария маблағгузори шудааст басо назаррас аст.
ҒОЛИБОНИ ИФТИХОРӢ АЗ ФАНҲОИ ГУНОГУН:
Садорбек Исломов (синфи 6б) – ҷойи I, забони тоҷикӣ
Нозанин Қаюмова (синфи 5а) – ҷойи II, забони тоҷикӣ
Максуда Ахмедова (синфи 10а) – ҷойи III, забони тоҷикӣ
Нуризар Эгамова (синфи 6б) – ҷойи III, забони русӣ
Хулкар Обидова (синфи 8б) – ҷойи III, забони русӣ
Оллохёр Кодиров (синфи 10в) – ҷойи III, забони русӣ
Дилшод Исматуллоев (синфи 6а) – ҷойи III, математика
Мехрангез Шахобаддинова (синфи 10а) – ҷойи II, таърих
Самир Эгамбердиев (синфи 7) – ҷойи II, таърих
Абдушукур Муминов (синфи 9б) – ҷойи III, география
ҚИССАҲОИ ИЛҲОМБАХШИ МУВАФФАҚИЯТ:
Ин ғолибон танҳо рақамҳои рӯйхат нестанд – онҳо қиссаҳои зиндаи илҳом ва иродаанд.
САДОРБЕК ИСЛОМОВ, ки ҷойи аввалро аз фанни забони тоҷикӣ гирифт, ба шеърнависӣ шавқ дорад. Ӯ мегӯяд: «Ман мехоҳам дар бораи касоне, ки садо надоранд, шеър нависам. Садои дили мо метавонад ба дили дигарон расад.»
ДИЛШОД ИСМАТУЛЛОЕВ, ғолиби математика, орому ботамкин аст: «Ман рақамҳоро дӯст медорам. Онҳо гап намезананд, вале ҳақиқатро мегӯянд. Ин Олимпиада ба ман боварӣ бахшид, ки ман метавонам муҳандис шавам.»
ҲУЛКАР ОБИДОВА, ки аз фанни забони русӣ соҳиби ҷойи сеюм шуд, мегӯяд: «Ман намефаҳмидам, ки забон чунин зебо бошад. Омӯзгорон ба ман нишон доданд, ки ҳар калима метавонад дили касро ламс кунад.»
ПАЁМИ РАВШАНИИ МАКТАБ — ИНТЕРНАТИ БА НОМИ ТӮХТАБОЙ ҒАФФОРОВ
Ин натиҷаҳо паёме рӯшананд: дониш бо садо нест — бо меҳру ирода ва муҳити созанда рушд мекунад. Ҳар як хонандаи Мактаб-интернати барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон суст ба номи Тӯхтабой Ғаффоров собит кард, ки маҳдудияти ҷисмонӣ монеаи пешравӣ нест, агар муҳити мусоид ва дастгирии дуруст вуҷуд дошта бошад. Директори муассиса, муаллима Нигина Оглукова, изҳор дошт: «Ин ғалаба оғози як роҳи нав аст. Мо бо дастгирии Вазорати маориф ва илм ва шарикони худ, барои ҳар як шогирди худ дари имкониятҳоро боз хоҳем кард.»
Нигоҳ ба оянда
Сурдоолимпиада на танҳо як чорабинии фаннӣ, балки як навоварии иҷтимоӣ ва фарҳангии муҳим аст. Он нишон дод, ки дар ҷомеаи мо бояд барои ҳар фарди боистеъдод, новобаста ба имкониятҳои ҷисмонӣ, фазои рушд ва эътироф фароҳам гардад. Шогирдони Мактаб-интернати ба номи Тӯхтабой Ғаффоров ба ҳамаи мо ёдрас карданд:
ИСТЕЪДОД- БО САДО НЕСТ, БО ҚАЛБ ВА НЕРӮИ АҚЛ АСТ.

