Ин мулоҳиза зери худ асоси устувор дорад ва з-ин сабаб ТҶБХ «Ҷовид» ҳангми иҷрои лоиҳа кӯшиш ба харҷ дод фермерҳоро ниҳоят дараҷа бо иттилоот ва адабиёти зарурӣ таъмин кунад.
Барои иттилоотро нисбатан васеътар дастрастар гардондан ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори умум ба танзим дароварда шуд, ҳамзамон нашри китобу китобчаҳо ба роҳ монда шуд; инчунин вохӯриҳои бевосита бо фермерҳо дар тренингу конфронсҳо ба вуқӯъ омаданд.
Аз рӯи далелҳои шӯъбаи назорати ТҶБХ «Ҷовид» ба таври умум ба тариқи мавҷҳои радиою телевизор 14 барномаи мавзӯӣ ва 16 мақолаҳо дар рӯзномҳо ба чоп расиданд. Ин маводҳои роҳҳои имконпазири ҳалли мушкилотҳои асосии фермерҳо, оид ба таҷрибаи пешқадами тарзи парвариши зироатҳои кишоварзӣ, дар бораи таҷрибаи пешрфтаи хориҷӣ дар соҳаи кишоварзӣ, фаъолияти ТҶБХ «Ҷовид» ва марказҳои иттилоотӣ-машваратӣ буданд. 4695 китобча ва 960 варақаи талили маҳсулоти кишоварзӣ ба интишор расид.