«

»

Янв 03

Print this Запись

«Ҷовид» ислоҳоти заминро дар Шаҳристон ва Ғончӣ дастгирӣ мекунад

ganji_shahrist Барои дастгирӣ намудани ислоҳоти замин дар Шимоли Тоҷикистон ТҶБХ «Ҷовид» қарор дод шабакаи умури машваратӣ барпо намояд, ки барои ташкили тренингҳо ва машваратҳо дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Ғончии вилояти Суғд машғул шаванд. Ин ҳадафи асосии лоиҳаи 1039-04 — «Дастгирии ислоҳоти замин дар Шимоли Тоҷикистон дар сатҳи маҳал тавассути хизматрасонии худмададрасон» буд. Лоиҳа 1 июли 2005 сол сар шуда, 31 июл 2007 анҷом пазируфт ва давоми мантиқии лоиҳаи 1025-02 «Машварати кишоварзӣ ва рушди хоҷагии кишоварзӣ» шуд.

Дар ҳар як ноҳияи лоиҳавӣ 4 гурӯҳ муайян карда шуданд. Инҳо хоҷагиҳои шахсии фермерии дар натиҷаи ислоҳоти замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омада: деҳқонони замини президентӣ гирифта ва соҳибони қитъаҳои наздиҳавлигӣ; сокинони деҳоти ба соҳибкорӣ дар деҳот машғулбуда; занҳои хоҳиши мақому мартабаи иҷтимоии худро дар ҷамоат тағйир додан ва мавқеи молиявии худро дошта.

Аз рӯи нияти хизматчиёни «Ҷовид» дар рафти лоиҳа навбати аввал ба даст овардани беҳгардонии сатҳи зисти хоҷагиҳои фермерии шахсӣ, баланд бардоштани тавоноии ҳам корчалонҳои шахсӣ ва инчунин истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ буд. Дар муқоиса бо ин,  беҳтар гардонидани дониши ҳуқуқии деҳотиён, ки қисми дигаргунсозандаи ҷамоати шаҳрвандӣ мебошад.

Ҷамъбасти лоиҳа бояд 5 натиҷа шавад. Барпо намудани низоми назоратӣ ва машваратӣ аз рӯи ислоҳоти замин дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Ғончӣ. Сохтани шабакаи хизматрасонии машваратии кишоварзӣ. Барои такмили малакаҳои амалии фермерҳо барпо намудани қитъаҳои намоишӣ. Натиҷаи лоиҳа инчунин маводҳои муҳим оид ба усулҳои кишоварзӣ бояд шавад, ки ба доираи васеи деҳнишинон дастрас бошад. Дар назар инчунин буд, ки натиҷаи лоиҳа тартиб додани низоми устувори  парвариши тухмӣ, маркетинг ва ташкили фермерҳо шавад.

Лоиҳа бо пурсишномаҳо ва вохӯриҳои якҷоя бо намояндагони гурӯҳҳои ташаббускор дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Ғончӣ  сар шуд. Ба деҳотиён зарурияти фаҳмонидани мақсад ва роҳҳои беҳтаргардонии сатҳи зист пеш омад.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d2%b7%d0%be%d0%b2%d0%b8%d0%b4-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%be%d2%b3%d0%be%d1%82%d0%b8-%d0%b7%d0%b0%d0%bc%d0%b8%d0%bd%d1%80%d0%be-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d1%88%d0%b0%d2%b3%d1%80%d0%b8%d1%81%d1%82/