«

»

Янв 03

Print this Запись

Тухмиҳои хушсифат – гарави серҳосилӣ

g28Зарурати исботи он, ки тухмӣ  ва навъҳои  зироатҳои кишоварзӣ барои гирифтани ҳосили хуб нақши арзанда мегузоранд, нест, аммо ТҶБХ «Ҷовид» дар рафти пурсиш байни фермерҳои ноҳияҳои Ғончӣ ва Шаҳристон ошкор сохт ки онҳо ба маводҳои баландсифати кишт дастрасӣ надоранд. Барои ҳамин ба фермерҳо кӯмак даркор шуд.

Соҳаи тухмипарварӣ дар Тоҷикистон давраи на он қадар хубро аз сар мегузаронад.  Кишти ғалладонагиҳо дар минтақа аз ҳисоби навъҳои дар рӯйхати  давлатии тухӣ умуман мавҷуднабуда гузаронида мешавад.g22

То 40% кишт аз тухмии омехтаи хӯрока ва  ему алаф ба ҷо оварда мешавад, чунки барои хариди тухмии хушсифат хоҷагиҳо маблағи зарурӣ надоранд.

Ба таври умум гӯем, низоми тухмипарварӣ дар вилояти Суғд фаъолият намекунад, низоми дурусти пурарзиши парвариш ва паҳн намуданитухмиҳои баргузида ва тухмиҳои тазаккури  (репродукция) аввал нест.  Ин ба вазъи иқтисодӣ ва тағйири пешбинии рушди истеҳсоли кишоварзӣ вобстагӣ дорад.

Инро ба назар гирифта, ТҶБХ «Ҷовид» тухмиҳои зиёдкардаро барои хоҷагиҳои фермеррию деҳқонӣ пешниҳод намуд. Аз соли 2006 сар карда, ноҳияҳои Шаҳристон ва Ғончӣ майдони навҷӯии намунаҳои нави тухмӣ шуданд.

Моҳҳои сентябр-октябри ҳамин сол ташкилот 32 100 кг тухмии гандуми навъи «Топлитс» ва «Краснодар», 400 кг  тухмии ҷави навъи «Лучак», моҳи ноябр бошад, 33 443 кг картошкаи навъи «Пикассо» харид. Бояд қайд намуд, ки тавсифи тухмиҳоро ТҶБХ «Ҷовид» дар муддати  2 сол дар майдонҳои намоишию назоратии худ соҳиб шуд. Натиҷа аз интизорӣ ҳам беҳтар баромад.

Тамоми маводи кӯчат байни 29 хоҷагии деҳқонӣ тақсим карда шуд. Фермерҳо аз ҳисоби онҳо ба таври умум 153, 45 га заминро кишт карданд.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d1%82%d1%83%d1%85%d0%bc%d0%b8%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d1%85%d1%83%d1%88%d1%81%d0%b8%d1%84%d0%b0%d1%82-%d0%b3%d0%b0%d1%80%d0%b0%d0%b2%d0%b8-%d1%81%d0%b5%d1%80%d2%b3%d0%be%d1%81%d0%b8%d0%bb%d3%a3/