«

»

Дек 18

Print this Запись

ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ

Душанбе, 8 сентябри соли 2021

Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи минтақавии «Мусоидат ба Савдо дар Осиёи Марказӣ»-ро бо сарпарастии Вазорати Корҳои Хориҷии Финляндия ва мутобиқи сиёсати Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) оид ба мусоидат дар рушди иқтисодиёти «сабз» аз ҳисоби пешбурди савдо ва баландбардории рақобатпазирии миллӣ ва инкишофи устувор, кӯмак расонидан ба гурӯҳҳои камбизоат ва осебпазир дар гирифтани фоида аз савдо амалӣ месозад. Вобаста ба ин, лоиҳаи «Мусоидат ба Савдо» минтақаҳои мақсаднокро дар рафти гузариш ба маҳсулоти баландсифат дастгирӣ мекунад, ки ба истеҳсолкунандагон дар баромадан ба бозори дохилӣ ва беруна (ҳаҷми хурди истеҳсол) сабукӣ меоваранд. Дар чорчӯбаи ин лоиҳа барои иҷрои зер-лоиҳаи «Гузаронидани тренингҳо ва додани маслиҳатҳо ба деҳқонон ва соҳибкорони хурду миёна» Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии Хайриявии «Ҷовид»-ро ҳамчун иҷрокунанда ҷалб намуд. Зерлоиҳа бо давомнокии 5 моҳ аз моҳи сентябри соли 2021 оғоз шуд ва дар ноҳияҳои зерин:

дар самти мош – ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Шаҳритус

дар самти асал – ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахш

дар самти зардолу – ноҳияи Исфара

дар самти чормағзи заминӣ – ноҳияи Мастчоҳ

фаолият хоҳад бурд.

Дар чорчӯбаи зерлоиҳа чунин фаъолиятҳо амалӣ карда мешаванд:

  1. Ҳадди ақал 100 деҳқонон ва занбӯрпарварон (50%-и онҳо занҳо) дониш ва малакаҳои худро оид ба истеҳсоли маҳсулоти мақсаднок (мош, арахис, зардолу ва асал) дар тренингҳо такмил доданд.
  2. Кормандони 13 корхонаҳои хурду миёна ва ҳадди аққал 30 фермер / занбӯрпарвар дониши худро оид ба истифодаи маълумотҳои онлайнӣ барои пешбурди маҳсулот тавассути захираҳои онлайн такмил доданд;
  3. Ба 13 корхонаи хурду миёна машваратҳои инфиродӣ оид ба бақайдгирӣ дар платформаҳои маркетинги онлайн пешниҳод карда шуданд;
  1. Се (3) мубодилаи таҷриба (1 дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон) бомуваффақият ташкил ва гузаронида шуданд ва иштирокчиён таҷриба андӯхта, дониши худро оид ба парвариши чормағзи замини, мош ва занбӯри асал такмил доданд;
  2. Мониторинги мунтазам ва арзёбии таъсири омӯзишҳои пешниҳодшаванда, баҳодиҳии сатҳи дониш ва қаноатмандии гурӯҳҳои мақсаднок аз машваратҳо / донишҳои гирифташуда гузаронида шудааст;
  3. Мониторинги пост оид ба истифода ва таъсири донишҳои ба фаъолияти истеҳсолии гурӯҳи мақсаднок (корхонаҳои хурду миёна, деҳқонон ва занбурпарварон), аз ҷумла таҳлили таъсири донишҳои ба нишондиҳандаҳои асосии истеҳсолот ва савдо гузаронида шуд. Потенсиал (ҳаҷми истеҳсолот, ҳосилнокӣ, ҳаҷми фурӯш / содирот (аз ҷумла аз фурӯш тавассути истифодаи бозорҳои вертуали), шумораи кормандон ва ҷойҳои нави корӣ ва ғайра) амалӣ карда мешавад. Маълумоти зарурӣ ҷамъоварӣ карда ба БРСММ пешниҳод карда мешаванд;
  4. Мақолаҳо, паёмҳо, маводи видеои, барномаҳои телевизионӣ дар бораи фаъолият ва натиҷаҳои бадастомада омода / нашр / пахш ва нусхаҳои он ба БРСММ пешниҳод шудаанд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва бештар ба Рамазон Нурмамадов, Менеҷери зерлоиҳа муроҷиат намоед: телефон: (+992 3451) 5 02 67, ramazon.nurmamadov@jovid.tj

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b2%d0%b0%d1%80%d0%b0%d2%9b%d0%b0%d0%b8-%d0%b8%d1%82%d1%82%d0%b8%d0%bb%d0%be%d0%be%d1%82%d3%a3-5/