«

»

Окт 02

Print this Запись

МУҲОФИЗАТИ МУҲИТИ АТРОФ – ГАРАВИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ

Инкишофи фаъолияти инсон боиси таъғирёбии муҳити атроф гардид, ки дар ниҳояти кор устувории экосистемаҳои табииро вайрон кард. Ба шарофати алоқаҳои дар экосистемаҳо мавҷудбуда ва вобастагии ҳамдигарии қисмҳои алоҳидаи он ҳоло «эффекти бумеранг» мушоҳида мешавад, ки дар он одам тавассути зарар ба табиат ба худ ситам мекунад. Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши аҳолии ноҳияи Ишкошим оид ба ҳифзи муҳити зист дар мавзуи «Ҳифзи муҳити зист аз омилхои зарарнок» 35 омӯзишҳо ташкил ва гузаронида шуданд, ки дар онҳо 693 нафар иштирок намуданд. 187 нафар ё 27 фоизашон занон ташкил намуданд.7. IMG_1817

Дар рафти омӯзишҳо саволҳое муайян карда шуданд, ки шунавандагонро бештар ба худ ҷалб мекарданд, аз ҷумла:

  • усулҳои баланд бардоштани ҳосилхезии замин;
  • системаи истифодаи оптималии нуриҳои минералӣ ва меъёри обёрии заминҳо;
  • ошкор намудани ҳашароти зараррасон ва касалиҳои зироатҳои хоҷагии қишлоқ, инчунин тадбирҳои самарабахши агротехники ва биологии муборизаи зидди онҳо;
  • фаъолияти манфии инсон ба муҳити зист ва усулҳои кам кардани партовҳо;
  • истифодаи дурусти ҷангалзор ва чарогоҳҳо;
  • тарзи тоза нигоҳ доштани муҳити зист, махсусан дар каналҳои обёришаванда.

Дар рафти омӯзишҳо дар шакли баҳс моҳияти масъалаҳои дар боло зикршуда, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист ба шунавандагон дар шакли дастрас фаҳмонида шуданд.

Иштирокчиёни омӯзишҳо инчунин бо бехатарии экологӣ шинос шуданд. Ин тарз ва усулҳои ҳифзи муҳити зист мебошанд, ки аз таназзули олами набототу ҳайвонот, бад шудани саломатӣ ва ғайра шинос мекунад.

Вобаста ба бад шудани вазъи экологии тамоми минтақа ба шунавандагон усулҳои баланд бардоштаниҳосилнокии замин пешниҳод карда шуданд:

  • оқилона истифода бурдани пору;
  • тарзи тайёр кардани компост аз партовҳои маишӣ ва истифодаи он;
  • нақшаи дурурсти киштгардон бо назардошти васеъ кардани майдони юнучка. Бо ин мақсад ба шунавандагон маводи иттилоотӣ оид ба робитаи зироатҳои кишоварзӣ бо пешкиштҳои гуногун пешкаш карда шуд;
  • васеъ ҷори намудани усулҳои агротехникӣ ва биологии мубориза ба зидди ҳашароти зараррасон ва касалиҳои зироатҳои хоҷагии қишлоқ, инчунин аз алафҳои бегона дар якҷоягӣ бо истифодаи воситаҳои биологии муҳофизати растаниҳо тайёр намудани маҳлулҳо. Аз руи ин масъала ба шунавандагон оид ба усулҳои тайёр кардан ва истифода бурдани воситаҳои биологии муҳофизати растаниҳо бар зидди касали ва зараррасонҳо (хокистари чуб, чанги тамоку ва ғайра) маводҳои тақсимоти дода шуд.

7. IMG_1813Азбаски дар минтақа омилҳои табиие, ки ба муҳити атроф таъсири манфӣ мерасонанд (шамоли сахт, сел ва ғайра) вуҷуд дорад ба шунавандагон барои кам кардан ва ё пешгири кардан аз ин омилҳо тадбирҳо пешниҳод карда шуд. Дар рафти омӯзишҳо мавзӯъҳои зерин низ баррасӣ шуданд:

  • унсурҳои асосии агротехнологияи парвариши зироатҳои кишоварзӣ дар минтақа барраси шуд;
  • истифодаи оқилонаи оби обёришаванда;
  • масъалаҳои муҳофизати биологӣ ва агротехникии зироатҳои хоҷагии қишлоқ аз ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳо.

Маводҳои пешниҳодшуда дар оянда барои беҳтар кардани вазъи муҳити зист ва экологияи минтақа мусоидат мекунанд.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%bc%d1%83%d2%b3%d0%be%d1%84%d0%b8%d0%b7%d0%b0%d1%82%d0%b8-%d0%bc%d1%83%d2%b3%d0%b8%d1%82%d0%b8-%d0%b0%d1%82%d1%80%d0%be%d1%84-%d0%b3%d0%b0%d1%80%d0%b0%d0%b2%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d0%bb%d0%be/