«

»

Окт 26

Print this Запись

Дастгирии идеяҳои беҳтарини тиҷоратӣ байни ҷавонон

7Марҳилаи навбатии зерлоиҳа пас аз силсилаи омӯзишҳо оид ба баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон дар ҷодаи инноватсия дар хоҷагии қишлоқ ин ҷалби гурӯҳҳои мақсаднок ба ташкили фаъолиятҳои соҳибкори буд. Барои оснии кор аз тарафи кормандони зерлоиҳа дархост барои гирифтани гранти хурд таҳия карда шуд. Ин дархост байни ҷавонони ноҳияҳои мақсаднок тақсим карда шуд. Аз 1 то 20 сентябр ба баҳрабардорандагон барои пур кардани дархост барои гирифтани гранти хурд вақт дода шуд. Дар маҷмӯъ аз тарафи баҳрагирандагон барои гирифтани гранти хурд 20 дархост (11 нафар аз Истаравшан ва 9 нафар аз Конибодом) пешниҳод карда шуд, ки аз он 11 дархост аз тарафи духтарон пешниҳод карда шуд (55%).

Барои интихоби идеяҳои беҳтарини гранти хурд, кумитаи интихоб иборат аз 3 нафар ташкил карда шуд. Идеяҳо барои гирифтани гранти хурд дар асоси озмун, ки аз 3 марҳила иборат буд, гузаронида шуд:

  1. Пешниҳоди шакли пурраи дархост барои гирифтани гранти хурд
  2. Интихоби идеяҳои беҳтарини тиҷорӣ (ҷавобгӯи ҳамаи меъёрҳои мутобиқат)
  3. Раванди дастгири ва назорат

Пас аз даври 2-юми интихоб, аз 20 дархост танҳо 7 дархост ба даври 3-юм роҳ ёфтанд. 11 довталаб аз сабаби устувории идеяҳои худро исбот карда натавонистан, ба даври 3-юм натавонистанд роҳ ёбанд.

Аз 7 аризаи интихобшуда 42,85% онро духтарон ташкил медиҳанд. Ҳамагӣ 3 дархост аз ноҳияи Истаравшан ва 4 дархост аз ноҳияи Конибодом дастгирӣ карда шуданд.

Идеяҳои беҳтарини дастригиёфта инҳоянд:

Ном ва насаби баҳрагирандагон Самти фаъолият Суроға
1 Усмонов Сироҷиддин Парвариши маҳсулот дар гармхона бо тарзи обёрии қатравӣ ва ташкили ямаи компостӣ Истаравшан, ҷамоат Нофароҷ
2 Ҳоҷиев Фирдавс Коркарди байниқатори дарахтон бо тарзи механики (мотоблок)
3 Шодмонова Робия Дӯзандагӣ
4 Бобокалонов Музаффар Парвариши маҳсулот дар гармхона бо тарзи обёрии қатравӣ ва ташкили ямаи компостӣ Конибодом, ҷамоат Пӯлотон
5 Охунова Озода Хушк кардани меваю сабзавот бо тарзи офтоби (гелиосушка)
6 Қаюмова Мафтуна Дӯзандагӣ
7 Охунов Рауф Боғдорӣ (пайвандкуни ва буриши дарахтони мевадиҳанда)

Андозаи минималии идеяи дастгириёфта баробар аст ба 3920 сомонӣ (тақрибан 380 доллар CША) ва максимали бошад баробар ба 9040 сомонӣ (875 доллар CША) мебошад.

6 5

Мувофиқи механизми тақсимоти грантҳо ба баҳрагирандагони интихобшуда таҷҳизот ва маводҳои дархостшуда харидорӣ ва дастрас карда шуд. Ба ғайр аз ин аз тарафи кормандони зерлоиҳа барои насби таҷҳизотҳо кӯмакҳои амали расонида шуд. Баҳрагирандагон низ саҳми худро барои татбиқи идеяҳои тиҷории худ гузоштанд (ҳам дар шакли мавод ва асбобҳои иловагӣ ва ҳам дар шакли меҳнат). Ҳамаи 7 идеяҳои интихобшуда ва татбиқшуда инфиродӣ мебошанд, ки ба ҷавонон имкон медиҳанд, ки мустақилона кор ва фаолият кунанд.

Дастгирии идеяҳои беҳтарини ҷавонон ба беҳтар намудани вазъи иқтисодии минтақаҳо тавассути ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад, ки ин сатҳи муҳоҷиратро дар байни ҷавонон коҳиш медиҳад ва шароити зиндагии баҳрабарандагони лоиҳаро беҳтар менамояд.

4 1

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b4%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b3%d0%b8%d1%80%d0%b8%d0%b8-%d0%b8%d0%b4%d0%b5%d1%8f%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%b1%d0%b5%d2%b3%d1%82%d0%b0%d1%80%d0%b8%d0%bd%d0%b8-%d1%82%d0%b8%d2%b7%d0%be%d1%80%d0%b0%d1%82/