«

»

Сен 01

Print this Запись

Тренинг дар мавзӯи обёрии қатравӣ

1Дар моҳи августи соли 2020 дар ҷамоати Пулотони ноҳияи Конибодом ва ҷамоати Нофароҷи Истаравшан 4 тренинг дар мавзӯи: «Истифодаи обёрии қатравӣ барои боғҳои интенсивӣ ва гармхонаҳо» ташкил карда шуд, ки дар он 56 нафар, аз ҷумла 28 зан (50%) иштирок карданд. Мутахассисони ташкилот се намуди маводҳои тақсимотиро таҳия карданд. Ҳамаи маводҳо бо назардошти хоҳишҳои онҳо оид ба мундариҷа ва истифодаи онҳо бо забони содда ва дастрас навишта шуданд.

Дар давоми 4 тренинг, зиёда аз 165 мавод тақсим карда шуд. Маводҳои тақсимотӣ қисми ҷудонашавандаи омӯзишанд ва барои самаранокии он хеле муҳиманд. Маводҳои тақсимоти ба иштирокчиён кӯмак мекунад, ки нуқтаҳои асосии омӯзишро пас аз хатми он ба ёд оранд.

Тренинг бо истифодаи усулҳои интерактивии таълим гузаронида шуд. Принсипҳои зерин истифода мешуданд: аз содда ба мураккаб, аз равиши умумӣ то мисолҳои мушаххаси амалӣ. Омӯзиш ба ду қисм: назариявӣ ва амалӣ тақсим карда шуд.

Қисми амалии тренинг ба иштирокчиён дар гирифтани таҷриба ва баланд бардоштани малакаи онҳо дар соҳаи обёрии қатравӣ кӯмак мекунад.

Пеш аз оғози тренинг як барномаи махсус таҳия карда шуд. Тамоми тренингҳо мутобиқи барномаи таҳия ва ҷадвал гузаронида шуданд.DSCN1583

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%be%d0%b8%d0%b4%d0%b8-%d0%be%d0%b1%d1%91%d1%80%d0%b8%d0%b8-%d2%9b%d0%b0%d1%82%d1%80%d0%b0%d0%b2%d3%a3/