«

»

Фев 02

Print this Запись

Курсҳои кӯтоҳмуддат — роҳ ба сӯи ояндаи дурахшон

Бояд қайд намуд, ки барои васеътар фаро гирифтани табақаҳои осебпазири аҳолӣ кормандони лоиҳа дар якҷоягӣ бо кормандони муассисаҳои касбомузи ба хулосае омаданд, ки дар баробари ташкили курсҳои кутоҳмуддат дар биноҳои Лицейҳои касби-техники ва Марказҳои таълими калонсолони Тоҷикистон, дар ҷойҳо низ бояд курсҳои кӯтоҳмуддати сайёр ташкил карда шавад. Ин кор бояд таҳти назорати қатъии кормандони лоиҳа ва шарикон ва бо ҷалби омӯзгорони иловагӣ ба роҳ монда шудааст. Бояд гуфт, ки курсҳои сайёр асосан барои занону духтарони деҳот пешбинӣ шудаанд. Сабаби асосии дар маҳалҳо кушодани курсҳои сайёри кутоҳмуддат ин кам кардани хароҷот барои хобгоҳ ва рафту омади донишҷуён ҳангоми таҳсил мебошад. Ҳамаи курсҳои кутоҳмуддати ташкилшудаистода мувофиқи барономаҳое, ки аз тарафи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тасдиқ шудааст, гузаронда шуда истодааст. Ҳамаи муассисаҳои касбомузӣ бо барномаи таълимӣ таъмин мебошанд.

1 (1)

1 (5)Донишҷӯёне, ки курсҳои кӯтоҳмуддатро бо баҳои хуб хатм карда истодаанд ва аз имтиҳоноти давлатӣ гузаштаанд, соҳиби шаҳодатнома шуда истодаанд. Бояд гуфт, ки шаҳодатномаҳои (дипломҳои) додашуда мақоми байналмилалӣ доранд ва дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил эътироф шудаанд. Шаходатнома (диплом) имкон медиҳад, ки ин ҳуҷҷатро ба корфармо пешниҳод карда, соҳиби кор шаванд. Дар соли 2023 ҳамагӣ 60 курсҳои кўтоҳмуддат ташкил ва гузаронида шуд, ки дар онҳо 928 нафар ҷавонон аз минтақаҳои лоиҳавӣ иштирок намуданд. Фарогирии духтарони деҳот 535 нафар ё 58% аз шумораи умумии хатмкунандагони курсҳои 1 (2)кутоҳмуддатро ташкил дод. Дар доираи лоиҳа мониторинги курсҳои кутоҳмуддат ба роҳ монда шудааст. Дар вақти мониторинг ҷамъоварии маълумоти зарурӣ оид ба сифати гузаронидани курсҳои кутоҳмуддат аҳамияти хоса дода мешавад. Дар вақти дарёфти камбудӣ ё барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим дар курсҳои кутоҳмуддат тадбирҳои зарури аз тарафи кормандони лоиҳа ва шарикон андешида мешавад. Мониторинг курсҳои кутоҳмуддат ба мо имкон медиҳад, ки на фақат сифати таълимро хуб намоем, балки шавқи ҷавононро оиди курсҳои дар оянда ташкилшаванда дарёб кунем ва кооро дар ин самт равона кунем.

1 (4)

Натиҷаҳои мониторинг ба роҳбарияти лоиҳа пешниҳод карда мешавад, ки барои сари вақт ислоҳ кардани фаъолиятҳои лоиҳа кӯмак мекунад. Аз натиҷаҳои монторинг бар меояд, ки корҳои фаҳмондадиҳи ва тарғиботи низ самарабахш буданд. Чорабиниҳои мазкур ба зиёд шудани шумораи ҷавононе, ки хоҳиши азхуд кардани малакаҳои нав, касбу кори нав ва хизматрасониҳое, ки дар бозор талаботи зиёд доранд, мусоидат намуд.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%ba%d1%83%d1%80%d1%81%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%ba%d3%af%d1%82%d0%be%d2%b3%d0%bc%d1%83%d0%b4%d0%b4%d0%b0%d1%82-%d1%80%d0%be%d2%b3-%d0%b1%d0%b0-%d1%81%d3%af%d0%b8-%d0%be%d1%8f%d0%bd%d0%b4%d0%b0%d0%b8/