«

»

Фев 02

Print this Запись

ДОНИШ – ҚУВВАИ ПЕШБАРАНДА

Кормандони лоиҳа дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи ҶТ чорабиниро барои муайян намудани тренере, ки ба омӯзиши калонсолон бояд ҷалб мешуданд, равона сохтанд. Мушоҳидаҳои пайваста нишон доданд, ки барои омода намудани чунин тренерон барои гурӯҳҳои калонсол нисбатан муносибтар бо дониши касби и Тошбоева Зулфия мебошад.4 (1)

Пас аз муайян намудани ҳайати тренерони омӯзиши калонсолон, ба тренер супориш дода шуд, ки модули омӯзишӣ дар мавзӯи «Истифодаи метод ва усулҳои самараноки таълим дар омўзиши касбии калонсолон» ва вобаста ба ин мавзӯъ маводҳои иловагӣ омода созад.

Дар модули омодагашта муфассал оид ба фаъолият дар сессияҳо аз аввал то ба охир тасвир ёфтааст. Дар баробари модул, тренер инчунин якчанд маводҳои тақсимотиро ҳам тайёр карда манзури иштирокдорон гардонид. Тамоми маводҳо, яъне модул ва матнҳои барои тақсимот нигаронидашуда, бо забони барои иштирокчиён дастрас ва фаҳмо, бо назардошти хоҳиши шунавандагон вобаста ба мазмуну моҳияти матнҳо, барои истифодабарӣ қулай тартиб дода шудаанд.

Пас аз ҳаллу фасли якҷояи масъалаҳои ҷузъию муҳим чунин қарор қабул карда шуд, ки ТОТ – дар шаҳри Хоруғ гузаронида шавад. Мавриди зикр аст, ки ТОТ аз 5 рӯз иборат буд. Сабаби дар шаҳри Хоруғ ташкил намудани ТОТ тренинг ин қулай будани макон барои ҳама иштирокчиён мебошад (Ишкошим, Роштқалъа).

4 (2)Аз 11 то 15 декабри 2023 сол ТОТ дар маркази вилоят, яъне шаҳри Хоруғ баргузор гардид. Дар ТОТ намояндагони муассисаҳои таълимоти гуногун, аз қабили: маркази таълими калонсолони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим ва Роштқалъа, литсейи-касби техникии ноҳияи Шуғнон, Ишкошим ва Роштқалъа ширкат варзиданд. Ба таври умум дар ТОТ — и 5 рӯза 16 нафар иштирок доштанд.

Машғулиятҳо бо истифодаи усулҳои гуногуни омӯзиши фаъолгардонӣ баргузор гардид. Мавқеи асосиро давоми машғулиятҳо баҳсу мунозира, корҳои гурӯҳӣ, азми зеҳнӣ ишғол намуд. Ба ин кор дар муддати тренинг байни иштирокдорон тақсим намудани маводҳои тақсимоти мусоидат намуд. Вобаста ба он, ки аз шунавандагони тренинг имконоти хуби бегоҳӣ якҷо ҷамъ омада масъалаҳо ва супоришҳоро муҳокима намудан фароҳам оварда шуда буд, вазифаҳои гурӯҳӣ ва инфиродиро ба машғлиятҳои рӯзи оянда ҳаллу фасл менамуданд.

Дар ТОТ тренинг чунин масъалаҳо баррасӣ шуданд: ташкили фазои мусоид дар семинар, тренер кист ва вазифаҳои он аз чӣ иборат аст, кор бо иштирокчиёни «душвор», модели анъанавии таълим/ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии модел, модели интерактивии таълим, методу усулҳои самараноки таълим дар омӯзиши калонсолон ва ғайраҳо.

Ҳамаи иштирокдорони тренинг аз донишу малакаи азхуднамуда изҳори қаноатмандӣ намуданд, гувоҳи он пурсиши гузаронида байни онҳо пас аз тренинг мебошад.4 (3)

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b8%d1%88-%d2%9b%d1%83%d0%b2%d0%b2%d0%b0%d0%b8-%d0%bf%d0%b5%d1%88%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%b0%d0%bd%d0%b4%d0%b0/