«

»

Янв 02

Print this Запись

Мулоҳизаҳо аз рӯи вазъият дар ноҳияи Ҷ. Расулов

g20Умуман, масъалаи таъмини баланд бардоштани рушди устувори хоҷагиҳои минтақа шакли маҷмӯиро дорост. Як ё якчанд маротиба ба деҳқонон захираҳои молӣ ё молиявӣ додан басанда намекунад. Дар пояи муттаҳидшавиҳои гуногун бояд зерсохтори бозорро инкишоф дод, ки талаботи  истеҳсолкунандагони деҳотро бо манбаъҳои моддӣ ва молиявӣ, коркард ва фурӯши маҳсулот, тайёрии касбӣ, муҳофизати ҳуқуқ, иттилоот мунтазам ва устуворона таъмин гардонанд.

Пеш аз расонидани кӯмак бо қарз, лизинг барои худро устувор доштан, соҳибкории хешро ҳимоя карда тавонистан, афзун гардонидани маҳсулоти озуқаи маҳал, беҳтар гардонидани зерсохтор, муҳимаш-фаҳмиши шуури аҳолиро барои дарки ақидаҳои соҳибкории хусусии софдилона омӯзиши истеҳсолгунандагони маҳалро (соҳибкорн, фермерҳо, корхонаҳои хусусӣ) албатта бояд ба ҷо овард. Як худи он, ки мардум зарурати пардохти оби полезиро фаҳмад ва қабул намояд, шуури ҷамъиятиро ба самти даркорӣ пеш бояд бурд.

Воситаи беҳтарин дар ин бобат – ташкил ва дастгирии хоҷагиҳои амсила (моделӣ) ва намунавӣ, ки соҳибонашон дар дигаргунсозии бозор муттасил буда метавонанд. То кадом андоза ба муддаои табъ наздик будани ин хоҷагиҳо муҳим нест, ҳамон қадар кифоя аст, ки соҳибонашон чӣ кардан, чӣ бояд карданро мефаҳманд ва ин амалро ба ҳамин гуна хоҷагиҳо  фаҳмонида тавонанд.

Дигар самти самараноки дастгирии намуди истеҳсолоти пешбаранда: ҷойгиркунонии дархостҳои Барномаҳо ва хариди хелҳои маҳсулоти ба гардиш воридсохта барои кӯмаки башардӯстона ба дигар кишварҳо.

Дар ин маврид сохтори институсионалии рушди бозор (ҷамоатҳои маҳал, истеҳсолӣ, ба фурӯшбароранда ва дигар кооперативҳо, ассотсиатсияи  истеҳсолкунандагон ва дигар намудҳои иттифоқҳо) барои якҷоя кардани истеҳсолкунандагони хурд ва мииёна ба фаъолияти якҷоя, баромадан ба бозори хориҷ, ба ин фаъолият дохил намудани ҳукумати маҳал дастгирӣ ҳатмӣ аст
Қадами минбаъда ҷалби бозорҳои сохторҳояшон ташкилёфта (кооперативҳо, ассотсиатсияҳо) ба ҳамкории дарозмуддат дар чаҳорчӯбаи пиёдагардонии барномаи рушд, ҷорӣ намудани барномаи рушди мустақилонаи сохторҳои бозор, ки болоравии истеҳсол ва мубодила, рушди муносибати бозор, ворид намудани истеҳсолкунандагони тоҷикро ба бозори ҷаҳонӣ тамин мекунад.

Ҳангоми амалӣ гардонидани чунин шакли инкишоф аҳамияти ҳадди афзуншавии даромади хоҷагиҳои шахсӣ ва ёрирасони ҷамоатҳои таҳқиқшаванда мавҷуд нест
Ҳамин тавр, роҳбурди самараноки рушди бозор дар ҷамоатҳои тадқиқшаванда ин муносибати инфиридӣ ба ҳар як хоҷагӣ мебошад. Ҳар як соҳиб ҷойи худро дар бозор ёфта, бо ин имконияти дарозмуддати рушди худро таъмин менамояд. Агар ҳамаи хоҷагиҳо дар як вақт ба як самт ҳаракат намоянд, дар як тараф ба онҳо маҳдудият пеш меояд.

Вале муносибати фардии рушд зарурати доштани албом, маҷмӯи манбаъи далелҳоии пешниҳодҳои намунавии инкишофро инкор намекунад, ки бо онҳо шинос гардида, ҳар як хуҷаин барои худ асоси лоиҳаро интихоб намояд. Дар ҳар ҳолат ба хуҷаин кӯмаки мушовир барои истифодаи пурраи захираҳои мавҷудбуда, ки соҳиби он мумкин ҳанӯз диққат надодааст, зарур мебошад. Беш аз он, чунин машваратҳо барои баромадан ба бозори беруна, ташкили сохторҳои кооперативӣ лозиманд.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%bc%d1%83%d0%bb%d0%be%d2%b3%d0%b8%d0%b7%d0%b0%d2%b3%d0%be-%d0%b0%d0%b7-%d1%80%d3%af%d0%b8-%d0%b2%d0%b0%d0%b7%d1%8a%d0%b8%d1%8f%d1%82-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%bd%d0%be%d2%b3%d0%b8%d1%8f%d0%b8-%d2%b7/