«

»

Янв 03

Print this Запись

Беҳгардонии саломатии сокинони деҳот — фаъолияти ниҳоии лоиҳа

celevaj_grupaМарҳалаи итмоми лоиҳа — омӯхтани аҳолии деҳот дар истифода бурдани рустаниҳои доругӣ барои беҳтаргардонии саломатӣ ва пешгирии касалиҳо буд.

Бо нияти иттилооти нисбатан васеи аҳолӣ тақвимҳо бо тасвири рустаниҳои давоӣ бо тавсифи мухтасари онҳо бароварда шуданд. Дар рӯзномаҳои маҳал ва вилоят мақолаҳо оид ба фаъолияти ТҶБХ «Ҷовид»  аз рӯи растаниҳои шифобахш ба нашр расиданд. Китобчаҳо ба фермерҳо вобаста ба  парвариш, ҷамъоварӣ, хушккунӣ ва нигаҳдории рустаниҳои доругӣ омода гашта ба чоп расиданд. Кормандони ТҶБХ «Ҷовид» treningдар анҷумани 2 Ҷумҳурии табибон ва гиёҳшиносон, духтурони касалиҳои дарунӣ (терапевт) ки дар ш. Исфара моҳи феврали соли 2007 баргузор шуд, иштирок намуданд. Аз рӯи баромадҳо дар анҷуман бо дастгирии молиявии лоиҳа китоби калонҳаҷми «Фитотерапия ва тиби мардумӣ» нашр шуд. Барои ба дараҷаи баландтар бардоштани хонандагони деҳот вобаста ба парвариш ва истеъмоли гиёҳҳои шифобахш ТҶБХ «Ҷовид»  дар ноҳияҳои таҳти лоиҳа қарор дошта дарсҳои таълимӣ ташкил кард.

Табибони дар семинарҳои «Ҷовид» иштирок дошта аз рӯи дармони наботот пешниҳод намуданд, ки истифодаи рустаниҳои шифобахшро тарғибот баранд ва нусхаҳо, дастурҳоро (рецепты) ба муштариён таъин кунанд. Дафтарҳои махсус тартиб дода шуданд, ки дар онҳо қайдҳои мизоҷони  рустаниҳои шифобахш таъин шуда бурда мешуданд. Чунин қайдҳо ва дастурҳо беш аз 2000 навишта шуданд.

Фаъолияти ниҳоии лоиҳаро ҷамъбаст намуда, бо боварӣ гуфта метавон, ки вазифаҳои наздамон гузошта ба даст омаданд, чунончи:

Натиҷаи 1:

Барқарорсозӣ ва парвариши навъҳои сермаҳсули ашёи қаннодӣ, набототи навъи камёб ва аз байн раванда барои паҳнкунии минбаъдаи онҳо.

Натиҷаи 2:

Барқарорсозӣ ва  рушди тарзи коркарди ашёи хом, робита бо истеъмолкунандагони маҳсулот, барпо намудани муҳити мусоиди лоиҳа.

Натиҷаи 3:

Ҷалби истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ба раванди парвариш ва ҷамъоварии ашёи доругӣ, қаннодӣ ва атриётӣ, барқарорсозии шинондани рустаниҳои камёб ва аз байнрафтаистода, тақсимоти ниҳолҳо, пайвандкунии дарахтони мевадор ва ороишии камшуморро омӯзонидани аҳолӣ.

Натиҷаи 4:

Ҷалби  истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар шакли кооперативии ҷамъоварӣ ва фурӯши маҳсулот.

Натиҷаи 5:

Аҳолии деҳот аз тренингҳо гузашта, истифодаи рустаниҳои шифобахш барои саломатӣ, таркиби ғизо, тавоноии тандурустӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳоро омӯхт.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b1%d0%b5%d2%b3%d0%b3%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b8%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d0%bb%d0%be%d0%bc%d0%b0%d1%82%d0%b8%d0%b8-%d1%81%d0%be%d0%ba%d0%b8%d0%bd%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d0%b4%d0%b5%d2%b3%d0%be/