«

»

Сен 29

Print this Запись

ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ

Душанбе, 25 июли соли 2022

 Дар соли равон бо маблағгузории «Вазорати Федеролии Олмон — Рушди иқтисод ва Ҳамкорӣ (BMZ)» барои мутобиқ кардани истеҳсоли маҳсулоти озуқавории маҳаллӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим (аз ҷумла тавассути истифодаи навъҳои тухмии ба хушксолӣ тобовар ва диверсификатсияи зироатҳои парваришшуда ва пешбурди усулҳои инноватсионии боғдорӣ) ва роҳҳои алтернативи ба зиндагӣ мусоидат менамояд. Номи лоиҳа «Таъсири манфии болоравии нархи маводи озуқаро кам карда, беҳтар гардонандани амнияти озуқаворӣ» мебошад. Ин лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноҳияҳои Ишкошим, Сангвор ва Лахш) амалӣ мешавад. Дар чорчӯбаи он барои иҷрои лоиҳа дар ноҳияи Ишкошим Welthungerhilfe бо ҳамшарикии Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии Хайриявии «Ҷовид», ҳамчун иҷрокунанда интихоб шуданд. Лоиҳа бо давомнокии 10 моҳ аз моҳи июли соли 2022 шурӯъ шудааст.

Мақсади асосии лоиҳа: «беҳтар ва  дастрас кардани хуроки серғизо дар хонаводаҳо: тавассути таъмини захираҳо дар якҷоягӣ бо баланд бардоштани иқтидори хоҷагиҳо, тавассути кӯмак ба онҳо».

Дар чорчӯбаи лоиҳа чунин фаъолиятҳо амалӣ мегарданд:

  1. Таъмини маводи ғизоӣ ба гурӯҳҳои осебпазир.
  2. Машғулиятҳо оид ба усулҳои такмилёфтаи хоҷагии қишлоқ ва боғдорӣ.
  3. Таъмини маводҳо хоҷагии қишлоқ барои кишту кор дар заминҳои наздиҳавлиги.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва бештар ба Рамазон Нурмамадов, Роҳбари ТҶБХ «Ҷовид» муроҷиат намоед: телефон барои тамос:

+992 92 774 16 61

e-mail: ramazon.nurmamadov@jovid.tj

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b2%d0%b0%d1%80%d0%b0%d2%9b%d0%b0%d0%b8-%d0%b8%d1%82%d1%82%d0%b8%d0%bb%d0%be%d0%be%d1%82%d3%a3-6/