«

»

Авг 24

Print this Запись

КАНАЛИ НАВ ДАР ДЕҲАИ ДАРШАЙ

Сохтмони каналҳо, ҳамчун дигар иншоотҳои гидротехникӣ, дар назди сохтмончиён ҳамеша душвориҳои зиёдеро меоварад, махсусан, агар канал дар мавзеи кӯҳсор дар баландии зиёда аз 2880 метр аз сатҳи баҳр сохтан зарур бошад. Чанд сол пеш сокинони деҳаи Даршаи ноҳияи Ишкошим дар бораи чунин иншооте, ки ба обёрӣ ва азхудкунии зиёда аз 40 га замини бекорхобида мусоидат карда метавонад, ҳатто орзу намекарданд.

Ба ҳар хол сохтмони бомуваффақияти канал аз маҷмуи тамоми корҳои тайёрӣ, аз ҷумла корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустҷӯӣ, тартиб додани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, инчунин бо сифати баланди сохтмон иборат аст.

Дар рафти сохтмони бевоситаи канал як қатор корҳоро ба ҷо овардан лозим омад, ки ба структураи замин, намии он, ба дигар тараф гирифтани оби зиёдати вобаста аст. Аз ин рӯ, ба ғайр аз сохтмон, ки аз таҳияи пурраи канал иборат аст, корҳои ёрирасон низ анҷом дода шадаанд: ҳамвор кардан, тарҳрезӣ, инчунин мустаҳкам кардани нишебиҳо ва ғайра.

Кормандони лоиҳа ва сохтмончиён дар як муддати кутоҳ зиёда аз 3900 м хатти обугурад гузаронанд. Ин ба шарофати лоиҳае, ки аз тарафи Патрип маблағгузорӣ шудааст, имконпазир гардид. Заминҳои азхудшуда дар байни 21 оилаи ҷамоати дехоти Вахон тақсим карда шуданд. Дар заминҳои нав боғу буттазорҳо буньёд карда мешаванд, ғайр аз ин, аҳолии маҳалли дар ин заминҳо зироатҳои гуногуни хоҷагии қишлоқро кишт хоҳанд кард.

Бо ёрии заминҳои нав сокинони маҳалли зироатҳои гуногун ба даст меоранд, ки ин боиси баланд шудани некуаҳволӣ, беҳтар шудани ғизо, беҳтар шудани гуногунии биологӣ ва ғайра мегардад. Илова бар ин, сокинони маҳаллӣ метавонанд ҳосили ба дастовардаро дар бозорҳои маҳаллӣ фурӯшанд, ки боиси поён шудани нархҳо мегардад. Инчунин, ба даст овардани даромади иловагӣ метавонад боиси паст шудани сатҳи муҳоҷират дар байни аҳолии ноҳияи Ишкошим мегардад. Бо васеъ шудани майдони боғу ҷангал ва зироатҳои хоҷагии қишлоқ вазъияти экологии вилоят низ беҳтар хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки баъди сохтмони канал сокинони маҳалли бо оби тозаи ошомидани таъмин гардиданд.6. канали нав6канали нав 2

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%ba%d0%b0%d0%bd%d0%b0%d0%bb%d0%b8-%d0%bd%d0%b0%d0%b2-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%b4%d0%b5%d2%b3%d0%b0%d0%b8-%d0%b4%d0%b0%d1%80%d1%88%d0%b0%d0%b9/