«

»

Ноя 26

Print this Запись

ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ

Душанбе, 19 ноябри соли 2019

Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи минтақавии «Мусоидат ба Савдо дар Осиёи Марказӣ»-ро бо сарпарастии Вазорати Корҳои Хориҷии Финляндия ва мутобиқи сиёсати Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) оид ба мусоидат дар рушди иқтисодиёти «сабз» аз ҳисоби пешбурди савдо ва баландбардории рақобатпазирии миллӣ ва инкишофи устувор, кӯмак расонидан ба гурӯҳҳои камбизоат ва осебпазир дар гирифтани фоида аз савдо амалӣ месозад. Вобаста ба ин, лоиҳаи «Мусоидат ба Савдо» минтақаҳои мақсаднокро дар рафти гузариш ба маҳсулоти баландсифат дастгирӣ мекунад, ки ба истеҳсолкунандагон дар баромадан ба бозори дохилӣ ва беруна (ҳаҷми хурди истеҳсол) сабукӣ меоваранд. Дар чорчӯбаи ин лоиҳа барои иҷрои зерлоиҳаи «Рушди занҷираҳо барои мош ва асал дар Тоҷикистон» Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии Хайриявии «Ҷовид»-ро ҳамчун иҷрокунанда ҷалб намуд. Зерлоиҳа бо давомнокии 13 моҳ аз моҳи ноябри соли 2019 оғоз шуд ва дар ноҳияҳои зерин:

дар самти мош – ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Шаҳритуз

дар самти асал – ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахш

фаолият хоҳад бурд.

Дар чорчӯбаи зерлоиҳа чунин фаъолиятҳо амалӣ карда мешаванд:

  1. Тадқиқоти бозорҳои хориҷӣ ва ватанӣ бо мақсади ҷустуҷӯи харидорони имконпазири мош ва асал. Харидорони эҳтимолии мош ва асал муайян карда мешаванд, робитаи мустақим байни истеҳсолкунандагон ва харидорон оид ба фурӯши мош ва асал боз ҳам зичтар мешавад. Рӯйхати харидорони эҳтимолӣ бо суроға ва рақами тамос бо онҳо омода карда шуда, ба истеҳсолкунандагони мош ва асал пешниҳод карда мешавад.
  2. Рӯйхати таҷҳизотҳо/асбобҳое, ки барои истеҳсол, коркард, банду басти асал ва мош лозиманд, бо дарназардошти ҳамаи нишондодҳои техникӣ ва нархгузорӣ, муайян карда мешаванд ва ба лоиҳаи «Мусоидат ба савдо» барои баррасии минбаъда ва эҳтимоли дастгирӣ пешниҳод мешаванд.
  1. На кам аз 2 гурӯҳ барои коркарди мош ва асал сохта шуда, иқтидори онҳо омӯхта мешавад.
  2. На кам аз 2 нақшаи соҳибкорӣ (бизнес-план) барои ҳар як маҳсулот (мош ва асал), бо назардошти нақшаи рушди бозор тартиб дода мешавад. Инчунин, барои сохтани тамғаи (бренди) маҳсулоти мебароварда кӯмак расонда мешавад.
  3. На кам аз 160 истеҳсолкунандагони мош ва занбӯриасалпарварон донишу малакаи худро дар истеҳсоли мош ва асал бо воситаи тренингҳо, маслиҳатҳо, рӯзҳои саҳроӣ, рӯзҳои дари кушод ва ғайра такмил медиҳанд.
  4. Ҳосилнокии хоҷагиҳои истеҳсолкунандаи мош, ки дар зерлоиҳа фаро гирифта мешавад, дар муқоиса бо маълумотҳои соли 2018, на камтар аз 15% афзоиш меёбад (т/га).
  5. Маҳсулнокии оилаи занбӯроне, ки дар зерлоиҳа фаро гирифта мешаванд, дар муқоиса бо маълумотҳои соли 2018, на камтар аз 15% афзоиш меёбад (барои 1 оилаи занбӯр).
  6. Дар хоҷагиҳое, ки бо зерлоиҳа ҳамкорӣ мекунанд, ҳосили умумии мош, дар муқоиса бо маълумотҳои соли 2018, на камтар аз 15% афзоиш меёбад (тонна).
  7. Ҳаҷми асали истеҳсолшудаи (бо тонна) занбӯрпарвароне, ки бо зерлоиҳа ҳамкорӣ мекунанд, дар муқоиса бо маълумотҳои соли 2018, на камтар аз 15% афзоиш меёбад.
  8. Ҳаҷми фурӯши асал ва мош дар хоҷагиҳое, ки бо зерлоиҳа ҳамкорӣ мекунанд, бо муқоиса ба маълумотҳои 2018, на кам аз 10% афзоиш меёбад.
  9. На кам аз 4 шартнома барои фурӯши мош ва асал бо харидорон баста шуд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва бештар ба Рамазон Нурмамадов, Менеҷери зерлоиҳа муроҷиат намоед: телефон: (+992 3451) 5 02 67, ramazon.nurmamadov@jovid.tj

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b2%d0%b0%d1%80%d0%b0%d2%9b%d0%b0%d0%b8-%d0%b8%d1%82%d1%82%d0%b8%d0%bb%d0%be%d0%be%d1%82%d3%a3/