«

»

Окт 25

Print this Запись

Мизи мудаввар

Круглый стол Круглый стол 2Дар ҳошияи лоиҳаи Welthungerhilfe (Агро Аксияи Олмон) “Рушди малакаҳои касбӣ ва баланд бардоштани имкониятҳои бо шуғл таъмин гардидани ҷавонон дар Тоҷикистон” Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии Хайриявии “Ҷовид” дар мавзӯи “Мусоидат намудан дар шуғли ҷавонон ва дастгирии соҳибкории хурду миёна” дар ду ноҳияи таҳти лоиҳа қарордоштаи ВМКБ (Ишкошим ва Мурғоб) мувофиқан 15.09.2017 ва 20.09.2017 мизи мудаввар ташкил намуд.

Дар доираи мизи мудаввар бо иштироки роҳбари умумии лоиҳаи номбурда Тешаев Қадриддин тамоми манфиатдорон, ҳавасмандон, аз фоидабинон шурӯъ намуда то намояндагони мақомоти ҳукумати давлатии маҳал ҷалб карда шуданд.

Раиси ТҶБХ “Ҷовид” Нурмамадов Рамазон ҳозиринро бо дастовардҳои фаъолияти ба ҷо оварда то ин дам мухтасар шинос намуд ва қайд кард, ки мақсади асосии ин вохӯрӣ ба роҳ мондани ҳамкории зичи намояндагони мақомоти ҳукумати давлатии маҳал ва дигар ташкилотҳои мавҷудбуда бо кормандони ТҶБХ “Ҷовид”, роҳҳои мусоидат дар таъмини ҷавонон бо касби дилхоҳ, дастгирии соҳибкории хурду миёна бо нияти паст фуровардани сатҳи бекории ҷавонон ва бо ин восита баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми маҳал мебошад.

Қадриддин Тешаев он ҷиҳатро махсусан таъкид намуд, ки афзалияти лоиҳаи мо бояд он чиз шавад, ки хатмкардагони курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ аз рӯи ихтисосҳои талаботи бозори меҳнат ва аз тренинги соҳибкорӣ гузашта дар дохили кишвари мо монда фаъолияти худро пеш баранд, ба манфиати худу ҳамин диёр шуғл варзанд.

Дигар ҳозирин низ тавсияҳои худро оид ба истифодаи дурандешонаи дониш ва малакаи бозгаштагон аз муҳоҷирати меҳнат, истифодаи оқилонаи захираҳои бои табии маҳал, омодасозии устодони маҳал (аз қабили кандакорон, ҳаккокон,  кулолгарон), рушди фарҳанги боғдорӣ, барпо намудани шароити беҳтар барои истироҳат ва варзиши ҷавонон пешниҳод намуданд. Ин тавсияҳо ва пешниҳодҳоро намояндагони амалисозандаи лоиҳа ба инобат гирифтанд.

Тамоми даъватшудагон ба мизи мудаввар аз ноҳияҳои лоиҳавӣ барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо лоиҳа, ки баҳри соҳибкасб шудан, ба даст овардани ихтисос ва малакаи коргарӣ мусоидат менамояд, эҳтиёҷоти бозори меҳнатро ба ҳисоб мегирад, ба рушди соҳибкорӣ дар маҳал, бо кор таъмин шудани ҷавонон кӯмак мерасонад ва дар ниҳояти кор ба беҳбудии зисти мардум оварда мерасонад, ақидаҳои хешро дар бобати дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти лоиҳа иброз доштанд.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%bc%d0%b8%d0%b7%d0%b8-%d0%bc%d1%83%d0%b4%d0%b0%d0%b2%d0%b2%d0%b0%d1%80/