«

»

Янв 03

Print this Запись

Гармхонаи озмоишӣ

greenhouse2Дар маркази шаҳри Чкалов бо кӯмаки молиявии Иттиҳоди Аврупо гармхонаи озмоишӣ сохта шуд. Майдони умумии  ҳудуди он 0,16 ҳиссаро дар бар мегирад, аз онҳо ба гармхонаи озмоишӣ 0,04 га қитъа ҷудо карда шудаст. Дар шароити рӯпӯш полэтилен бо гармии офтоб рустаниҳои гуногуни шифобахш ва ороишӣ парвариш карда мешаванд. Ба ғайр аз ин, дар гармхона зиёда аз 20 навъи рустаниҳои хонагӣ мавҷуд аст. Ҳамин далелро боя тъкид кард, ки тамоми маҳсулот  аз ҷиҳати экологӣ тоза аст, чунки ҳангоми рӯёнидан ягон хел дорувории химиядор истифода бурда намешавад.

 

Мақсади бунёди гармхона – ин барқарорсозӣ, озмоиш ва паҳн гардонидани тарзи сарфакоронаи кишти рустанӣ. Гармхона бо воситаҳои иловагии гармикунӣ таҷҳизонида шудааст. Ин амал ба растаниҳо дар мавсими зимистон устуворӣ мебахшад. Гармидиҳӣ ба воситани чандин навъҳои сӯзишворӣ (газ, ангиштсанг, солярка, ҳезум) ба ҷо оварда мешавад. Дар майдони боқимонда рустаниҳои ороишӣ, ба мисли санавбар ва арчаи Элдарӣ парвариш меёбанд. Барои самаранок истифода бурдани захираҳои замин кишти мувофиқ ба роҳ монда шудааст, аз ҷумлаи бодиринг, турб, ҷуворимакка, райҳон,  ва гулҳои гуногун.greenhouse

Хизматрасонии иловагӣ ба воя расонидани ниҳолҳо мебошад.

Дар майдони 1 ҳисса аз ҷониби мутахассисон тухмиҳои камёб ва аз байн рафтаистодаи навъҳои зардолу кишт карда шуданд.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b3%d0%b0%d1%80%d0%bc%d1%85%d0%be%d0%bd%d0%b0%d0%b8-%d0%be%d0%b7%d0%bc%d0%be%d0%b8%d1%88%d3%a3/