«

»

Янв 03

Print this Запись

Ниҳолистони мевадор ва Майдонҳои Назоратию Намоишӣ

g29Аз рӯи лоиҳа дар ниҳолистон бояд навъҳои серҳосили рустаниҳои шифобахш, доруворӣ ва гиёҳҳо барои атриёт, инчунин навъи рустаниҳои аз байнрафтаистодаро  рӯёнида ба тақсим кардан омода созанд.

Аз рӯи натиҷаи мушоҳида қитъаи замин дар масоҳати 1 га дар деҳаи Ругунди ноҳияи Истаравшан интихоб шуд, дар ин ҷо ниҳолистони мева ташкил карда шуд.  12 навъи зироатҳои лоиҳавӣ (4 навъ барои қаннодӣ, 3 лӯбиёӣ) ва 5 навъи мевадор (маводи пайвандшавандаи себ – 2000 дона, нок – 2000 дона, шафтолу -500 дона, настаран – 150 дона қаламча, 5 навъи қиматбаҳои g32ангур – 4000 дона) кишту шинонда шуданд.

Ба ғайр аз ин, тирамоҳи соли 2006 тухмиҳои 10 навъи зироатҳои мевадор шинонда шуданд. Имрӯз ин ниҳолҳо пайванд шуданд. Ҳамагӣ бошад, 33 853 дона ниҳолҳои 10 хел ва 67 навъ пайванд шуданд.

То баҳори 2008 сол маводи шинонидашудаи истеҳсолии рустаниҳои лоҳиявӣ, аз он ҷумла навъҳои камёб ва аз байн рафтаистода беш аз 10 000 донаро ташкил доданд, ки барои таъмини  беш аз 1500 хонавода ва бунёди зиёда аз 14 га боғи мевадор ва ороишӣ басанда буд.

Дар майдони назоратию намоишӣ (МНН) – и ноҳияи Шаҳристон кишти тухмии рустаниҳои лоиҳавӣ дар охири апрел (26.04.07.) гузаронида шуд, сабзиши  g31пуавҷ дар даҳаи аввали май ба амал омад. Дар шароити дидаистода нисбатан серҳосил лаблабуи ошӣ (50 т/га), каду (48 т/га), ноки заминӣ (топинамбур) -25,5 т/га, ҷуворимакка (4 т/га) ва лӯбиё (2,1.т/га)  шуданд.

Кишти тухмии растаниҳои лоҳиявии ноҳияи Ғончӣ каме дертар гузаронида шуд- миёнаи моҳи май, нешзанӣ дар охири май ба вуқӯъ омад, ба расиши ҳосил дар давраи аввали август то миёнаи октябр мушоҳида шуд.

Ҳамчунин дар заминаи ниҳолистони ноҳияи g30Истаравшан МНН ташкил карда шуд, ки дар он 2 гурӯҳи рустаниҳои лоиҳавӣ омӯхта шуданд: шифобахш ва лӯбиёгӣ. Киши тухмии ин рустаниҳо  аз давраи 18 май то 25 июн гузаронида шуд. Нешзанӣ вобаста ба мӯҳлати кишт ва навъи зироат аз 25 май то 25 июн мушоҳида шуд, пухтарасии ҳосил аз 20 август то 20 октябр давом ёфт. Байни рустаниҳои доруворӣ нисбатан серҳосил лаблабу (30 т/га), ҷуворимакка (4,4 т/га), ноки заминӣ (22,5 т/га), каду (45 т/га), байни лӯбиёгӣҳо – лӯбиёи сурх (2,3 т/га) ва соя (2,0 т/га)  баромаданд.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%bd%d0%b8%d2%b3%d0%be%d0%bb%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d0%bc%d0%b5%d0%b2%d0%b0%d0%b4%d0%be%d1%80-%d0%b2%d0%b0-%d0%bc%d0%b0%d0%b9%d0%b4%d0%be%d0%bd%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%bd%d0%b0%d0%b7/