«

»

Янв 03

Print this Запись

Гузаронидани таҷрибаи андӯхта

03-1Бо нияти такмили самаранокии кор мушовирони марказҳои иттилоотии мушовирон (МИМ)  ТҶБХ «Ҷовид» бо онҳо мунтазам таҳсилҳои такмили ихтисос  мегузаронад.

Ин чорабиниҳо аз қабили ТОТ дар самтҳои гуногун, мубодилаи таҷриба байни марказҳо дар Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди онро дар бар мегиранд. Яке аз чунин чорабиниҳо мубодилаи таҷриба байни МИМ ва  марказҳои манбаъвию машваратӣ (МММ) мебошад. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳа хизматчиёни МММ  таҷрибаи кори хизматчиёни МИМ – ро, ки дар ноҳияҳои Ғончӣ ва  Шаҳристон  барпо шудаанд, омӯхтанд; бо фаъолияти гурӯҳҳои ташаббускор, хоҷагиҳои намоишӣ, ва майдонҳои намоишию назоратӣ шинос шуданд.03-3

Дар асоси ин вохӯриҳо маводҳои мухтасари машваратӣ дар самтҳои гуногун тартиб дода шуданд, масалан:

  • ҳисобу китоби муҳосибӣ
  • парвариши зироатҳои кишоварзӣ
  • хӯрокдиҳӣ ва нигоҳубини ҳайвонот
  • механикакунонии истеҳсолоти кишоварзӣ

Аз рӯи ҳамаи ин масъалаҳо маводи иттилоотӣ ва воситаҳои айёнӣ омода карда шуданд, ки бо онҳо  ҳоли ҳозир мушовирони мо кор мекунанд.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b3%d1%83%d0%b7%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%bd%d0%b8%d0%b4%d0%b0%d0%bd%d0%b8-%d1%82%d0%b0%d2%b7%d1%80%d0%b8%d0%b1%d0%b0%d0%b8-%d0%b0%d0%bd%d0%b4%d3%af%d1%85%d1%82%d0%b0/