«

»

Янв 03

Print this Запись

Чи тавр буд (Рафти барпо намудани МИМ)

04-1Пас аз маълум шудани макони ҷойгирии МИМ фавран интихоби мутахассисони донишу таҷрибаи худро ба фермерҳо дода метавонистагӣ сар шуд. Аз хоҳишмандони ба ин кор машғул шудан дархостҳои зиёд гирифта шуд.  Вале дар рафти озмуни интихоб беҳтаринҳо қабул шуданд.

Ошкор шуд, ки бахше аз онҳо гарчанд дар соҳаи худ мутахассисони варзида буданд, аммо пештар семинарҳо нагузаронидаанд. Барои ҳамин пеш аз саршавии кор онҳо аз тренингҳои махсус оид ба кор бо ҷамъият гузаштанд.03-2

Замоне ҳайати маркази машваратӣ барои иҷрои супориши муҳим тайёр шуданд, ба хизматчиёни «Ҷовид» зарурати гузаронидани татқиқот доир ба ошкор кардани маҳз кадом машваратҳо ба фермерҳо даркор пеш омад. Яъне ташаббус на аз боло ба поён, балки баръакс мерафт, тамоми кор ба хоҳиши фермерҳо ва гурӯҳи лоиҳавӣ  асос мегузошт.

Ҳамин тавр, он чиз ба даст омад, ки ба ин марказҳо фермерҳои хурд ва соҳибони  «замини президентӣ» ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ фаъолона меомаданд. Онҳо зиндадилона ва тавре хизматчиёни шӯъбаи назорат қайд мекунанд, бе ягон нобоварӣ аз машваратчиён таҷрибаи пешқадам оид ба парвариши зироатҳои кишоварзии ҳатто ба ин минтақа ғайрианъанавиро қабул мекарданд. Шавқи соҳибони хоҷагиҳои деҳқонӣ ба менеҷмент дар соҳаи кишоварзӣ бараъло ҳис карда мешуд. Дар хусуси усулҳои самарабахши фурӯши маҳсулоти рӯёнида мепурсиданд, инчунин коркарди онҳоро омӯхтанд.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d1%87%d0%b8-%d1%82%d0%b0%d0%b2%d1%80-%d0%b1%d1%83%d0%b4-%d1%80%d0%b0%d1%84%d1%82%d0%b8-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%bf%d0%be-%d0%bd%d0%b0%d0%bc%d1%83%d0%b4%d0%b0%d0%bd%d0%b8-%d0%bc%d0%b8%d0%bc/