«

»

Янв 03

Print this Запись

Дарҳои МИМ барои ҳамаи хоҳишмандон боз

05-1 Яке аз вазифаҳои муҳими ҳамин лоиҳа барпо намудан ва дастгирии марказҳои машваратии деҳот буд. Ҳамин гуна марказҳо дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи 1039 дар ноҳияҳои Ғончӣ ва Шаҳристон  аллакай сохта шуда буданд, ки заминаи тавонои машварат барои деҳотиён шуданд ва дар ин сол боз 6 марказҳои машваратӣ дар ноҳияҳои Зафаробод ва Мастчоҳ кушода шуданд. Дар ин марказҳои иттилоотӣ мутахассисон дар соҳаи растанипарварӣ, чорводорӣ, иқтисодиёт ва ҳуқуқ фаъолият доранд, ки ҳамеша омодаи кӯмак ба фермерҳо ва хоҳишмандон дар ҳалли мушкилоти онҳо астанд.05-2

То имрӯз ба оҳо барои мададрасонӣ беш аз 500 фермерҳо муроҷиат намудаанд, худи хизматчиёни марказҳои иттилоотӣ бошанд, зиёда аз 700 машварат аз рӯи самтҳои гуногун гузарониданд.

Сокинони  деҳот асосан аз рӯи масъалаҳои зерин муроҷиат мекунанд:

  • барпо намудан ва фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ;
  • аз рӯи ҷанбаҳои гуногуни растанипарварӣ (агротехника, ҳифзи растанӣ, тарзи нави парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва ғ.);
  • чорводорӣ;
  • андозбандии хоҷагии деҳқонӣ, ҳисобу китоби муҳосибӣ;
  • тухмиҳои хушсифат ва нуриҳои минералӣ;
  • омӯзиши истеҳсол ва бозор (маркетинг)

Пурсишҳои пешакии фермерҳо нишон доданд, ки қариб 80% аз маълумотҳои гирифтаашон дар маркази иттилоотӣ қаноатманданд. Дар баробари ин, онҳо қайд мекунанд, ки ин ба манфиати хоҷагии онҳо шуд, гарчанд дар аввал на ҳама ба таҷрибаи пешқадам боварӣ доштанд, ба тарзи кӯҳна корро давом медоданд. Акнун кор ранги дигар гирифт.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b4%d0%b0%d1%80%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%bc%d0%b8%d0%bc-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b8-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%b0%d0%b8-%d1%85%d0%be%d2%b3%d0%b8%d1%88%d0%bc%d0%b0%d0%bd%d0%b4%d0%be%d0%bd-%d0%b1%d0%be/