«

»

Янв 03

Print this Запись

Дастгирии фермерҳои кӯҳистон

pomir_ pomir_2 pomir_3Бо нияти рушди фермерии кӯҳистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ТҶБХ «Ҷовид»  дар ҳудуди деҳаи Даршаи ноҳияи Ишкошим соли 2005-2006 дар баландии 2725 м аз сатҳи баҳр боғи озмоишии дарахтони мевадор бунёд гузошт.

Боғ аз 15 хелҳои зироатҳои мевадор (донакдор -6 хел, чормағзӣ-2  хел, инчунин ангур ва тамашк), ки 35 навъи гуногун аз вилояти Суғд овардаро дар бар мегирад. Боғ дар замини санглохи регдор барпо шудааст, бодлесии шамол ниҳоят баланд буда, боришоти солона ҳамагӣ 50-60 мм аст

Дар чунин шароит ТҶБХ «Ҷовид» дар натиҷаи озмоиш нахустин шуда имконияти парвариши махсусан ангурро ба тарзи рӯпӯш исбот намуд (2 навъи ангури пешпазак ва 2 миёнапазак санҷида шуданд). Аз 15 хели дарахтони мевадор 10 то ба ҳосилдиҳӣ сар карданд. Баҳодиҳии чоншигирии (дегустация) меваҳо нишон дод, ки онҳо таъми баландсифат доранд.

Дар заминаи боғи озмоишии мевадори барпонамуда ба фермерҳо ва шавқмандони ба боғдорӣ рағбат дошта имконияти хизматрасонии машварати аз рӯи чунин мавзӯҳо мавҷуд аст:

— агротехникаи парвариш, зиёдкунии зироатҳои мевадор;

— тарзи консервакунии меваҳо;

— низоми ҳифзи коркарди замин

Инчунин фермерҳо — боғпарварон имконияти гирифтани қаламчаҳои камёбро барои дар қитъаҳои наздиҳавлигии худ зиёд кардан доранд.

P.S.  Дар деҳаи Вичкути ҳамин ноҳия дар баландии бештар аз 3250 м аз сатҳи баҳр ҳамчунин корҳои озмоишии парвариши зироатҳои мевадор пеш рафта истодаанд. Натиҷаҳои ин санҷиш метавонанд баъзе шакку шубҳаҳоро  оид ба имконияи гирифтани ҳосил аз зироатҳои мевадори навъҳои ғайрианъанавӣ дар чунин баландиҳо рафъ созанд.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b4%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b3%d0%b8%d1%80%d0%b8%d0%b8-%d1%84%d0%b5%d1%80%d0%bc%d0%b5%d1%80%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%ba%d3%af%d2%b3%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd/