«

»

Янв 03

Print this Запись

Ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳа

rasul+gafurovМоҳи сентябри соли 2006 дафтари кори минтақавии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид Хуҷанд барои иҷрои зерлоиҳаи «Барпо намудан ва дастгирии Мактабҳои Фермерии Саҳроӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши машваратчиён дар ноҳияҳои Исфара ва Б. Ғафуров» озмун эълон кард. ТҶБХ «Ҷовид» дар озмун иштирок варзид ва ғолиб омад. Моҳи октябри соли 2006  ТҶБХ «Ҷовид» бо Дафтари кори минтақавии ПРООН — и Хуҷанд оид ба иҷрои ҳамин лоиҳа дар ҷамоатҳои лоиҳавии Чоркӯҳ, Сурхи ноҳияи Исфара ва Овчӣ-қалъача, Қистакӯзи ноҳияи Б. Ғафуров аҳднома баст

Дар рафти  иҷро ин корҳо пешбинӣ шуданд:

  • Тартиб додан ва мувофиқ кунонидани модулҳои тренингҳо дар самти кишоварзӣ
  • Тартиб додани нақша ва тарҳи гузаронидани тренингҳо
  • Ташкили тренингҳо дар мавзӯҳои зикрёфта барои машваратчиёни деҳнишин
  • Барпо намудани Майдонҳои намоишӣ (2) ва гузаронидани машғулиятҳои мунтазам, чорабиниҳои намоишӣ барои фермерҳо
  • Дастурамали фаъолияти машваратчиёни деҳот дар зарфи давраи лоиҳа (то 30 сентябри соли 2007)

Дар чаҳорчӯбаи ин барнома моҳи ноябри соли 2006 таҳқиқоти заминавӣ ба таври пурсишномаи хонанишинони ҷамоатҳои лоиҳавӣ гузаронида шуд.  Тахминан 800 хонавода пурсида шуд, байни онҳо фермерҳои муқарарӣ, омӯзгорон, пешвоёни деҳот ва ғ. буданд. Дар ин замина  майли асосӣ ҳангоми пурсиш ва тартиб додани ҳисобот ба ҳолати хоҷагиҳои шахсии ёрирасон ва пояҳои иловагӣ нигаронида шуд. Тадқиқот аз рӯи усули ҳамин гуна санҷишҳои  дар дигар ноҳияҳо  истифодашуда амалӣ шуд.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d2%b3%d0%b0%d0%b4%d0%b0%d1%84-%d0%b2%d0%b0-%d0%b2%d0%b0%d0%b7%d0%b8%d1%84%d0%b0%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%bb%d0%be%d0%b8%d2%b3%d0%b0/