«

»

Авг 24

Print this Запись

ИНТИХОБИ КАНАЛҲО

Мақсад аз барқарор ва азнавсозии 16 канал дар ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон ин зиёд намудани об дар каналҳо ва обёрии заминҳои нав, ки ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ барои мусоидат намудан ба баландшавии ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ ва даромади иловагӣ равона карда шудааст.2. Tupkhona channel

Бо ин мақсад кормандони лоиҳа бо якҷоягии Ҳукумати ноҳияи Ишкошим 15 адад каналҳои мавҷудабударо барои таъмир ва сохтмони 1 канали нав интихоб намуданд. Каналҳои интихобшуда ба критерияҳои зеринҷавобгӯ мебошанд:

  1. Каналҳое, ки аз онҳо нисбатан мардуми зиёди ноҳия истифода мебаранд;
  2. Каналҳое, ки фарсудашудаанд ва талафоти зиёди об ба назар мерасад;
  3. Каналҳое, ки аз онҳо заминҳои зиёди кишоварзӣ обери мешаванд;
  4. Каналҳое, ки баъди таъмир ва азнавсози ба муҳити атроф зарар намерасонанд.

2. Dashthun canal, ZumudgДар натиҷаи таҳлилҳо ва азназаргузарониҳои якҷоя 15 канал барои таъмиру азнавсози ва 1 канали нав барои сохтмон интихоб гардид. Аз тарафи мутахассисони лоиҳа барои ҳар канали интихобшуда шиноснома ва сметаи хароҷот тартиб дода шуд. Ногуфта намонад, ки дар маракаи таъмир ва азнавсозии каналҳо саҳми аҳоли низ назаррас мебошад. Аҳолии ноҳия барои корҳои сохтмони ҳамчун ёрдамчиёни устоҳо ҷалб карда мешаванд. Ҳукумати ноҳия бошад барои истифодаи масолеҳи сохтмонии маҳаллӣ, аз қабили санг, рег, хок, шағал ва ғайраҳо кӯмаки худро мерасонад.

Мо умедворем, ки дастаҷамъона ба мақсадҳои дар пешгузошта ноил мегардем!!!

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b8%d0%bd%d1%82%d0%b8%d1%85%d0%be%d0%b1%d0%b8-%d0%ba%d0%b0%d0%bd%d0%b0%d0%bb%d2%b3%d0%be/