«

»

Янв 05

Print this Запись

Мактабҳои Фермерии Саҳроӣ барпо шуданд

ПФШ в джамоате Сурх, Исфаринского района

Мувофиқи супориши техникӣ дар чаҳорчӯбаи зерлоиҳа моҳи октябри соли 2006  ТҶБХ «Ҷовид»  2 Мактаби Фермерии Саҳроӣ (МФС) дар майдони умумии 1 га дар ноҳияҳои лоиҳавӣ (Исфара ва Б. Ғафуров) кушод. Ҳамин фаъолият баҳри рушди бахши кишоварзӣ равона шуда буд.

Вобаста ба ин пешакӣ вохӯриҳои шиносоӣ бо ҳукумати маҳал ва роҳбарони хоҷагиҳои фермерӣ  дар маҳалҳои ташкили  МФС  — и ноҳияҳои Исфара ва Б. Ғафуров  гузаронида шуданд. Барои ҳар як МФС  дар ҳар як ноҳия 0,5 га замин ҷудо карда шуданд.  Дар ноҳияи Б. Ғафуров қитъаи замин дар хоҷагии Р. Қосимов (деҳаи Овчи — қалача), дар

Полевой день, ПФШ Исфаринского районаноҳияи Исфара бошад, дар хоҷагии Саховат (бригадаи рақ.2) –и деҳаи Сурх  интихоб шуд.

Қитъаи замин аз рӯи шартҳои зайл ҷудо карда шуданд:

  • Хоҳиши хоҷагиҳо дар ҷудо намудани қитъаи заминҳои худ барои барпо намудани МФС
  • Умумияти шароити иқлиму хок барои ҳамин минтақа
  • Наздикии майдонҳо ба шоҳроҳи нақлиёт
  • Таъминоти заминҳо аз об
  • Дастрасии МФС ба фермерҳо ва хоҳишмандони аз он ҷо дидан кардан

ПФШ в джамоате Овчи-Калачи, Б. Гафуровского района

Ҳадафи фаъолияти санҷишӣ-намоишии ТҶБХ «Ҷовид» дар ҳудуди ноҳияҳои лоиҳавӣ – тарғиботи аёнии таҷрибаи пешқадам дар соҳаи растанипарварӣ, таҳқиқи чорабиниҳои нави агротехникӣ ҳангоми коркарди зироатҳои анъанавӣ ва ғайрианъанавӣ, ки барои баланд бардоштани сифати маҳсулот равона шудааст ва болобарии самаранокии коркарди замин; санҷиши навъҳои нав ва муайян намудани навъҳои ояндадори растаниҳо; шиносоии воқеии тамоми шахсиятҳои ҳавасманд бо нишондодҳои миқдорр ва сифати зоти набототи ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.

Дафтарҳои махсус барои ба ҳисоб гирифтани мушоҳидаҳои сабзиши растанӣ (агрофенологии)  Полевой день, ПФШ Б. Гафуровского районакишти зироатҳои кишоварзӣ тартиб дода шуданд.

Барои ҳар як зироат лавҳача бо навиштаҷоти зироати киштшуда ва навъи он тайёр карда шуданд. Барои МФС (ҷамоати Сурх ва Овчи — қалъача) бошад, лавҳаҳои калон ба тарҳи кишти зироатҳо дар онҳо шинонда шуданд.

Давоми ҳисобот дар МФС 4 рӯзи саҳроӣ ташкил карда шуд. Дар рӯзҳои саҳроӣ 100 кас иштирок доштанд, аз онҳо 5 зан (яъне 5%). Тавре таҳлили пурсиши саволномаҳо нишон дод,  аз фаъолияти МФС фермерҳои зиёд қаноатманд буданд. Онҳо пас аз омадан ба МФС дониши амалии худро дар соҳаи тарзи парвариши  зироатҳо мукаммал сохтанд. Дар оянда ин донишро дар корҳои амлӣ истифода хоҳанд бурд

Хулосаҳои агрономҳои ТҶБХ «Ҷовид». Пас аз санҷидану расман тасдиқ намудани миқдори зиёди зироатҳои кишоварзӣ дар шароити 2 МФС имконияти чунин натиҷагирӣ шуд:

Аз марҳалаи рушд гузаштани зироатҳо дар МФС – и  ноҳияҳои лоиҳавӣ, ки бо шароитҳои парвариш фарқ мекунанд, гуногун аст

  1. Дар шароити МФС Овчӣ-қалъачаи ноҳияи Б. Ғафуров зироатҳои ояндадор инҳоянд:
  • Гандум – навъҳои «Делта», «Парасту» («Ласточка»), «Княздухтар» («Княжня»)
  • Ҷав – навъи «Некӯкор» («Добрыня»)
  • Картошка – навъи «Фонтане», «Вирго», «Ариел»
  • Помидор — навъи «ПМК» — и сурх
  • Сабзӣ – навъи сурхи «Мирзоӣ»
  • Лаблабу
  • Ҷуворимакка
  • Соя — навъи «Лаура»
  • Боқлоҷон

Дар шароити МФС – и ҷамоати Сурхи ноҳияи Исфара нисбатан серҳосил ва ояндадор навъҳои зерин баромаданд:

  • Гандум – навъҳои «Делта», «Зебо» («Красота»), «Миллениум»
  • Ҷав-навъи «Некӯкор» («Добрыня»)
  • Картошка – навъи «Барор» Удача»), «Роҷа» («Раджа») ва «Коретта»
  • Помидорҳо
  • Лаблабу
  • Сабзӣ — навъи сурхи «Мирзоӣ»
  • Пиёз навъи «Дӯстӣ»
  • Ҷуворимакка
  • Биринҷ – навъи маҳалии «Аҳмад Хуҷа»
  • Карам — навъи «Шараф»
  • Соя
  • Лӯбиё-навъи «Атлас»

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%bc%d0%b0%d0%ba%d1%82%d0%b0%d0%b1%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d1%84%d0%b5%d1%80%d0%bc%d0%b5%d1%80%d0%b8%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d1%80%d0%be%d3%a3-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%bf%d0%be-%d1%88%d1%83%d0%b4%d0%b0/