«

»

Апр 26

Print this Запись

Варақаи иттилоот

Душанбе, 23 ноябри соли 2015

Бо маблағгузории  Welthungerhilfe (Агроаксияи Олмон)  ин лоиҳа мақсади афзунгардонии имконияти бо кор таъмин шудани ҷавонон ё ташкили соҳибкории худ  тавассути ошноӣ бо малака ва дониши барои бозори меҳнат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  (Ишкошим ва Мурғоб) ва Ноҳияҳои Тобеияти  Ҷумҳур (Тавилдара ва Рашт) зарурро гузоштааст. Лоиҳа бо давомоти 46 моҳ, ки онро  Welthungerhilfe (Агроаксияи Олмон)  бо шарикии Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии Хайротии «Ҷовид» (минбаъд ТҶБХ «Ҷовид») ба иҷро мерасонанд, моҳи ноябри 2015 сол сар шуд ва «Рушди малакаҳо ва афзоиши имкониятҳои бо кор таъмин шудани ҷавонон дар Тоҷикистон» ном дорад. Бояд ёдовар шуд, ки Welthungerhilfe (Агроаксияи Олмон) лоиҳаро дар ноҳияҳои Тавилдара ва Рашт, ТҶБХ «Ҷовид» бошад, дар  ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоби ВМКБ амалӣ хоҳанд кард.

Беш аз 1000 ҷавонро ҷалб намуда, лоиҳа нақшаи саҳмгузорӣ дар истифодаи малакаҳои нави бо кор таъмин шудан дорад, ки ниҳоят заруранд ва то саршавии лоиҳа аз онҳо набуд.

Қадами нахуст аз рӯи лоиҳа ташкили  конфронс дар минтақа, инчунин як вохӯрӣ дар сатҳи миллӣ (Душанбе) бо ҷалби иҷрогарони муҳим дар соҳаи таъмини ҷавонон бо кор ва рушди малакаҳо мебошад. Иқдомҳои дигари лоиҳа инҳо мешаванд: гузаронидани ТОТ – тренингҳо барои омӯзгорони Муассисаҳои Маълумоти Ибтидоии Касбӣ, ки дар оянда дар таҳсилҳои кӯтоҳмуддат (то 3 моҳа) зиеда 1000 донишҷӯро меомӯзонанд; ташкили сафари байналмилалӣ барои мубодилаи таҷриба дар мамолики Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ. Дар он ҷо намояндагони омӯзгорони Муассисаҳои  Маълумоти Ибтидоии Касбӣ имконияти мубодилаи таҷриба бо омӯзгорони Омӯзишгоҳҳои Истеҳсолӣ-Техникӣ дошта метавонанд ва ҳамин низомро дар дигар кишварҳо мебинанд; аз рӯи лоиҳа мизҳои гирд ташкил карда мешаванд, ки дар онҳо мушкилотҳои асосӣ ва роҳҳои ҳалли бо кор таъмин намудани ҷавонон, паст фуровардани сатҳи муҳоҷират байни ҷавонон дида баромада мешаванд; барои дастгирии ақидаҳои нисбатан манфиатноки соҳибкорӣ лоиҳа кӯмаки молиявиро ба воситаи Хазинаи Дастгирии Соҳибкории барпомешуда дар асоси бозгашт ба назар гирифтааст.

Лоиҳа инчунин таҷҳизот, аёният ва китобҳои таълимӣ барои литсейҳои машғули таълими касбӣ — техникӣ буда пешниҳод мекунад, ки нияти онҳо тайёр намудани коргарони боихтисос мебошад. Хонандагони аз ин таҳсилҳо гузашта, соҳиби шаҳодатнома ё диплом мегарданд ва онро дар оянда ҳангоми бо кор таъмин шудан истифода мебаранд

Бо ҳамкории бахши хусусӣ дар лоиҳа баъзе ҷавонони аз таҳсилҳои кӯҳтомуддат ва дигар чорабиниҳо гузаштаро бо қарзи бефоиз дастгирӣ мекунад, то ки онҳо соҳибкории худро шурӯъ намоянд. Ақидаҳои пешниҳоднамудаи бамаънӣ дастгирии молиявӣ меёбанд. Умуман, тахминан 200 ақидаҳои инфиродӣ ва 10 гурӯҳӣ дастгирӣ хоҳанд ёфт. Ин корчаллонҳои ҷавон аз тренингҳои соҳибкорӣ мегузаранд ва дар сафарҳои омӯзишӣ барои аз худ намудани таҷрибаи соҳибкориҳои шабоҳатдошта барои бой гардонидани малакаи худ ширкат меварзанд.

Қисмати дигари лоиҳа гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ барои баланд бардоштани бохабарии аҳолии маҳал вобаста ба барнома мешавад. Пешбурди барнома маводҳои гуногуни иттилоотиро дар бар мегирад, инчунин мақолаҳо дар рӯзномаҳо ба нашр мерасанд. Ба ғайр аз ин, варақаҳои иттилоотӣ тақсим ва лавҳаҳо шинонда мешаванд. Маълумоти васеъи фаъолият фарогирии миқдори зиёди манфиатбинонро таъмин менамояд, ки дар барнома иштирок варзида метавонанд. Ҳамин тавр, сохтани номи нек (бренд) ҳам оғоз меёбад. Аз ҳисоби он фарогирии сомеони калон берун аз ҳудуди ноҳияҳои лоиҳавӣ ва ҷалби хоҳишмандон ба барнома ҳамчун сифати баланд ва маҳсули машҳур сар мешавад.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d1%80%d1%83%d1%88%d0%b4%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d0%ba%d0%b0%d2%b3%d0%be-%d0%b2%d0%b0-%d0%b0%d1%84%d0%b7%d0%be%d0%b8%d1%88%d0%b8-%d0%b8%d0%bc%d0%ba%d0%be%d0%bd%d0%b8%d1%8f%d1%82%d2%b3%d0%be/