«

»

Янв 04

Print this Запись

Як бор дидан беҳ…

02-2

КДП в Ганчинском районе

Семинар на КДП Шахристана

Раздача инициативной группе рассады

Барои мустаҳкам гардонидани машғулиятҳои назариявии таҷрибаи пешқадам бо деҳнишинон ТҶБХ «Ҷовид»  2 майдони назоратӣ-машваратӣ дар ноҳияҳои Ғончӣ ва Шаҳристон  барпо намуд. Маҳз дар ҳамин  қитъаҳои замин  таҷрибаи пешқадами парвариши зироатҳо таблиғот бурда мешуд, тарзи нави рӯёнидани зироатҳои анъанавӣ ва ғайрианъанавӣ санҷида мешуданд. Фермерҳо худашон навъҳои навро кишт мекарданд ва зироатҳои ба ин ноҳияҳо нисбатан ояндадорро маълум месохтанд.

Мутахассисони варзидаи «Ҷовид» дар ин ҷо ба таври умум 11 рӯзи саҳроӣ гузарониданд, ки дар онҳо 300 фермерҳо иштирок доштанд, аз ҷумлаи онҳо – 39 зан. Агрономҳо ба деҳотиён нишон медоданд, агар тамоми қойдаҳои парвариши гандум, картошка, помидор, бодиринг, лаблабуи ошӣ, сабзӣ, шалғам, қаламфури ширин, боқлоҷон, марҷумак, офтобпараст, ҷуворимакка, тарбузу харбуза, каду, лӯбиё ва соя риоя карда шавад, ба кадом муваффақиятҳо ноҳил шудан мумкин.

Намунаи аёнӣ ба он оварда расонд, ки соли 2007 фермерҳо ба гурӯҳҳои ташаббускор муттаҳид шуданд ва аз «Ҷовид» барои хариди тухмӣ барои ин зироатҳои кишоварзӣ таманнои ёрӣ намуданд.

Ба ғайр аз майдонҳои намоишӣ- назоратӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Ғончӣ фермаҳои  навин барои тарғиби таҷрибаи пешқадам  ва усулҳои самарабахши парвариши зироатҳо бо назардошти хусусияти маҳал, иқлим ва хок барпо карда шуданд. Чунин фермаҳо дар заминаи  хоҷагии «Шукруллоев» -и ноҳияи Ғончӣ ва  «Каттабек» -и Шахристон ташкил карда шуданд

Ин хоҷагиҳо барои он интихоб шуда буданд, ки дар ин мавзеъ маданияти баланди зироаткорӣ ва заминаи муносиби моддӣ — техникӣ мавҷуд буд, ки барои санҷиши тарзи нави парвариши зироатҳо имконият  фароҳам овард. Ба ғайр аз ин, майдонҳои гузаронидани таҷрибаҳо бо ноҳияҳои ҳамсоя  аз рӯи шароити иқлиму хок монанд буданд, бо муносиб будан барои намоиш ва хизматрасонии иттилоотии одамони ҳавасманд ва ташкилотҳо фарқ надоштанд.

Илова бар ин, хоҷагиҳои дар боло зикрёфта зери фермаҳои навигарӣ воридсохта замин ҷудо намуданд, онҳо бар замин ин тамоми корҳои агротехникиро таъмин менамуданд. «Ҷовид» бошад, усулҳои даркориро барои тренингҳо тартиб медод ва деҳнишинонро бо адабиётҳо ва воситаҳои аёнӣ таъмин менамуд.

Хоҳиши сокинони ноҳияҳои лоиҳавӣ  баҳри беҳгардонии зисти худ ба он оварда расонид, ки аз октябри соли 2006 то моҳи ноябр  «Ҷовид» аз деҳотиён 20 дархост оид ба барпо намудани чунин хоҷагиҳо гирифт.

Пас аз озмуни интихобӣ ва назорати хоҷагиҳо дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Ғончӣ 3 хоҷагии намоишӣ, 6 фермаи  навгонӣ  ва гурӯҳҳои ташаббускор барпо карда шуданд. Ҷидду ҷаҳди онҳо  бо тухмиҳо ва кӯчатҳои зироатҳои кишоварзии «Ҷовид» таҳвил карда тақвият дода шуд.

Ғайр аз ин, 8 гурӯҳи ташаббускор дар ноҳияҳои Ғончӣ ва Шаҳристон, ки 87  тан аз онҳо занҳо буданд, ташкил карда шуд.   Нисфи гурӯҳ ба коркарди шир машғул шуд. Маҳсулоти онҳо ба намоишгоҳи вилоятӣ гузашт, ки дар ҷараёни  он ҳар як гурӯҳ беш аз 700 сомонӣ даромад гирифт.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d1%8f%d0%ba-%d0%b1%d0%be%d1%80-%d0%b4%d0%b8%d0%b4%d0%b0%d0%bd-%d0%b1%d0%b5%d2%b3/