«

»

Окт 25

Print this Запись

Интихоб ва дастгирии ақидаҳои беҳтарини соҳибкорӣ

Соҳибкорӣ ҷузъи ногузири рушди ҷомеа, некуаҳволии мардум шинохта шудааст. Мамолики пешрафта беш аз 80 дар сади даромади буҷа ва рушди минбаъдаи худро маҳз аз ҳисоби соҳибкории хурду миёна ба даст меоваранд.

Соҳибкори муваффақи ҷопонӣ Кудзума Татеиси Выбор идеисоҳибкорро ба занбури асал шабоҳат додааст. Занбури асал шира (нектар) – и гулҳоро ба нияти гардолудкунии растаниҳо ба ҷо намеоварад, балки барои истеҳсоли асал. Лекин аз гардолудшавии гулҳо ҳосилнокии растаниҳо 15-20% зиёд мешавад. Соҳибкор ҳам кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки даромади шахсиаш зиёд шавад. Аз ин ҳисоб андозсупорӣ ҳам меафзояд, яъне ба манфиати ҷамият низ хизматаш мерасад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаст соҳибкории хурду миёнаро махсусан дар ноҳияҳои дурдасти баландкӯҳ аз пештар ҳам бештар ривоҷу равнақ диҳад. Ин нияти ҳукумат бо дастгирии Welthungerhilfe (мо маъмулан Агро Аксияи Олмон мегӯем) ва фаъолияти ТҶБХ дар ноҳияҳои Ишкошиму Мурғоб созгор аст. Умуман, тамоми фаъолияти ташкилот бо ҳамкории роҳбарияти ҳукумат дар маҳал, ҷамоатҳо ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монда шудааст. Дар тренингҳои соҳибкорӣ намояндагони нозироти андози ин ду ноҳия даъват карда мешаванд ва онҳо фикру мулоҳизаҳои худро оид ба пешбурди соҳибкорӣ дар маҳал баён мекунанд.

Соҳибкорӣ аз андеша ё худ ақида оғоз меёбад. Ақида одаминзодро ба пеш ҳаракат медиҳад ва аз якчанд қадам иборат аст, асосии онҳо инҳоянд:

  • Мушоҳида, ки дигарон ба чи кор машғуланд
  • Таҳлили норасоии бозор
  • Ворид сохтани навовариҳо дар соҳаи мавҷудбуда
  • Истифодаи технологияи нав
  • Ҷалби мутахассисони баландихтисос барои муваффақияти фаъолият

Дар ғояи соҳибкорӣ тарафҳои зерин дида баромада мешаванд:

  • Кадом маҳсулот ё хизматрасониро мефурӯшед?
  • Ба ки мефурӯшед?
  • Чи тавр мефурӯшед?
  • Кадом талаботҳои мизоҷонро қонеъ мегардонед?

Соҳибкори ақидапешниҳоднамуда имкониятҳои худро (маълумот, боварӣ, захираҳои моддӣ, малакаҳои шахсӣ) баҳогузорӣ намуда фаъолияти хешро оғоз мекунад.Выбор идеи 2

Бо мақсади интихоби ақидаҳои беҳтарини соҳибкорӣ ТҶБХ “Ҷовид” дар ноҳияҳои Ишкошиму Мурғоб Кумитаи баҳодиҳии аризаи дархости гранти хурдро таъсис дод, ки аъзоёни босалоҳият аз ҳисоби муовини аввали раиси ноҳия, мудири бахши иқтисод, мудири бахши ҷавонон ва варзиш, сардори Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнат, мудири Литсеи касбию техникӣ, раиси Ассотсиатсияи соҳибкорон, раиси ТҶБХ “Ҷовид” шомили он мебошанд ва ба ақидаҳои беҳтарини соҳибкорӣ баҳои воқеӣ медиҳанд.

Кумитаи мазкур дар ҳар як ҷаласаи худ тамоми аризаҳи дархости грантҳои хурдро як ба як баррасӣ намуда, ба ҳар яки он аз рӯи меъёрҳои қабулнамуда баҳои холисона медиҳад. Пас аз гирифтани холи бештар тамоми шароитҳои грантмегирифта аз мониторинг мегузарад. Дархостҳои ҷавобгӯ ба эҳтиёҷот, шароиту имконоти ноҳия аз ҷониби лоиҳа дастгирӣ меёбанд.

Дар ҳарду ноҳияи таҳти лоиҳа қарордошта (Ишкошиму Мурғоб) … аризаи дархости гранти хурд дида баромада шуда, аз онҳо …. – ро Кумитаи грантии хурд ҷонибдорӣ намуданд ва грантгирифтагон соҳиби таҷҳизотҳои муосир шуда, ба фаъолият пардохтанд.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b8%d0%bd%d1%82%d0%b8%d1%85%d0%be%d0%b1-%d0%b2%d0%b0-%d0%b4%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b3%d0%b8%d1%80%d0%b8%d0%b8-%d0%b0%d2%9b%d0%b8%d0%b4%d0%b0%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%b1%d0%b5%d2%b3%d1%82%d0%b0%d1%80/