«

»

Янв 03

Print this Запись

Оғози татқиқи бахши кишоварзӣ

rasul+isfara_mСанҷиши интихобии пурсишнома аз моҳи май то июни 2005 гузаронида шудааст. 4 намуди пурсишнома истифода шуд: хоҷагиҳои шахсии ёрирасон, хоҷагии деҳқонии фермерӣ, маркетинг ва чорводорӣ; саволномаҳо барои пурсиши роҳбарони ҷамоатҳо тартиб дода шуда буданд. Ин кори мушкилу доманадор аз якчанд давраҳои пайи ҳам  иборат буд. Онҳо дар худ тартиб додани равишшиносӣ, барнома ва пурсишномаи санҷиш, ҷамъоварии воқеии иттилоот, дақиқгардонӣ ва тасҳеҳи маълумотҳои санҷиши пурсишнома, тартиб додани тасвир барои коркарди математикии маълумотҳои пурсишнома ва мутобиқи он тартиб додани барномаи таҳлили далелҳо ба мошинҳои электронии ҳисобкунӣ, иқтибос ва дохил намудани маълумотҳои санҷиш дар компютер, коркарди иттилоот дар марҳалаи хотимавии таҳлили он.

Вазифаи асосии тадқиқот ба даст овардани маълумоти пурра оид ба вазъи бахши кишоварзӣ ва омода намудани пешниҳоди роҳбурди рушди кишоварзии ба самти қитъаҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои президентӣ ва ХДФ – ии хурд нигаронидашуда дар ноҳияҳои лоиҳавӣ  бо натиҷаҳои интизорбуда ва нишондиҳандаҳои ченшаванда буд, ки амалӣ шудани онҳо ба беҳшавии вазъи кишоварзии вилоят, истифодаи нисбатан самараноки захираҳои табии баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми деҳот мусоидат хоҳад кард.

Фарогирии ҷуғрофӣ

Тадқиқот дар 3 ҷамоати ноҳияи Исфара: Сурх, Ворух, Лаккон ва 3 ҷамоати Ҷаббор Расулов: Янгиҳаёт, Узбекқишлоқ, Гулхона гузаронида шуд.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%be%d2%93%d0%be%d0%b7%d0%b8-%d1%82%d0%b0%d1%82%d2%9b%d0%b8%d2%9b%d0%b8-%d0%b1%d0%b0%d1%85%d1%88%d0%b8-%d0%ba%d0%b8%d1%88%d0%be%d0%b2%d0%b0%d1%80%d0%b7%d3%a3/